ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 31 2019

 

   Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар нишасти ахири матбуотӣ вобаста ба масъалаи ҷамъоварии маблағ аз сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои таъмиру рангубор, гуфт, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки нисбати масъулоне, ки аз сокинон барои ин кор маблағ талаб менамоянд, ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунанд. 

   - Ҳукумати ш.Душанбе тасмим гирифтааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ симо ва намои пойтахтро дигаргун сохта, рангубори беш аз 2 ҳазору 200 бино ва сохтмони 133 бинои баландошёнаро ба анҷом расонад. То 1.07.2019 дар пойтахт рангубори 448 адад бино ва азнавсозии 112 адад нуқтаҳои партовпартоӣ гузаронида шуда, шумораи биноҳое, ки ниёз ба таъмир доранд, наздики 4 ҳазору 700 ададро ташкил медиҳанд. Маблағи буҷҷаи шаҳрдорӣ барои таъмир ва рангубори беш аз 2000 бино намерасад ва мо ният дорем бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ин корро амалӣ намоем, -таъкид намуд М.Зувайдзода.

 

Панҷшанбе, Июл 25 2019

Бояд гуфт, ки айни замон дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ 11 нуқтаи бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк», ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Ин нуктаро Сироҷиддин Икромӣ, раиси РАёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» зимни мулоқоти хеш бо намояндагони воситаҳои ахбори омма зикр намуд.

   Бино ба иттиллои мавсуф, дар натиҷаи рейдҳои ногаҳонии муштарак дар ҳамбастагӣ бо идораҳои дахлдор гузаронидашуда, то имрӯз ба 14-нафар кормандон барои риоя накардани талаботҳои амалкунандаи корӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид. Дар сурати ба қайд гирифтани ҳолатҳои риоя накардани интизом, этикаи корӣ ва муносибати дағалона бо муштарӣ, чораҳои то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда мешавад.

 

СССР

 

Сешанбе, Июл 23 2019

   БДА ҶТ «Амонатбонк» пешниҳоди нафақахӯрон ва он шаҳрвандонеро, ки маоши хешро тавассути кортҳои миллии электронӣ дастрас мекунанд, дар мавриди роҳандозии системаи муттамарказ бо ширкати «Авесто Гурӯҳ» барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тавассути корти ягонаи миллӣ баррасӣ дорад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» рӯзи 23.07.2019 хабар дод.

   - Мо пешниҳоди бархе аз истифодабарандогони корти миллиро дар мавриди муттамарказ намудани он бо кортҳои «СИТИ корт»-и ширкати «Авесто Гурӯҳ» ва ба воситаи он истифода намудан аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро баррасӣ дорем. Дар сурати расидан ба мувофиқа бо ин ширкат, омода ҳастем ин системаро ҷорӣ намоем, то ин, ки истифодабарандагони корти миллӣ, ки аксар нафақахӯр ва кормандони соҳаҳои буҷавӣ ҳастанд, тавонанд бо ҳамин кортҳои худ вориди автобусу троллейбус гарданд. Айни замон мутахассисони бонк роҳу равиши роҳандозӣ намудани ин корро таҳқиқ доранд ва шояд мо барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба кортҳои миллӣ чипҳои махсус часпонем, - қайд намуд Сироҷиддин Икромӣ.

СССР

 

Душанбе, Июл 22 2019

 Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 10 ҳазору 52 нафар ному насаб иваз карда, мизони таваллуд дар нимсолаи 1-уми соли 2019 43 ҳазору 177 ададро ташкил намуд.

   Чуноне ки Зинатгул Сафарзода, мудири Раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон имрӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод, дар ин муддат 13 ҳазору 196 қайди ақди никоҳ, 5 ҳазору 896 ҳолати бекор намудани ақди никоҳ, 1343 ҳолати фарзандхонӣ, 268 ҳолати муқаррар намудани падарӣ, 9277 ҳолати барқарор намудани таваллуд, 12 ҳазору 57 ҳолати барқарор намудани хати вафот ба қайд гирифта шудааст.

 

Абдусаломзода Баҳодур, СССР

 

Ҷумъа, Июл 19 2019

   Дар ҷумҳурӣ 65-мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд ва кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд, амал менамоянд. Дар онҳо дар соли таҳсили 2018-2019 8371 нафар таълимгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

   Аз шумораи умумии ин мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми ҶТ буда, бино ба иттилои Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар, кӯдакони тоҷике, ки чанде пеш аз кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Ватан оварда шуда, ятим мондаанд, дар ин мактаб-интернатҳо ба воя хоҳанд расид.

   - Дастури Ҳукумати ҶТ ҳаст ва аз рӯи он тамоми вазорату кумитаҳои кишвар муваззаф гардидаанд, ки ҳаёту зиндагии минбаъдаи ин кӯдаконро зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Кӯдаконе, ки хешутабор доранд, пас аз таҳқиқ ба онҳо дода мешаванд, он кӯдаконе, ки ятими кулл мондаанд, то хатми мактаб-интернат ва таҳсили минбаъда дар коллеҷу литсей ва макотиби олии кишвар зери назорати вазорати маориф ва илми ҶТ хоҳанд буд, - иброз дошт Нуриддин Саид.

СССР

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

Имрӯз дар толори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон нишасти хабарӣ баргузор шуд. Дар нишаст Ҳакимов Қурбоншоҳ сардори Сарраёсат гуфт, ки аҳолии вилоят ба 3.305789 расидааст, ки нисбати даври давраи соли пешин 77.157 нафар зиёд шудааст. Дар вилоят ҳамчунин 27%-и аҳолӣ камбизоат буда, 750 нафар ятими кулл аст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон 

 

саҳ 5 аз 111

Китобҳо

Flag Counter