ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 02 2017

Чаро “мардумӣ” ва чаро “давлатӣ”?

Ҳанӯз саду чанд сол муқаддам, замони ташкилёбии Хазинаҳои амонатгузории Россияи подшоҳӣ, принсипи асосии фаъолияти ин ташкилотҳои молиявӣ аз хизматрасонӣ ба табақаҳои поёнии ҷамъият муваззаф гардида буд. Баъдтар, маҳз ҳамин принсип сабаб шуд, ки Ҳукумати Шӯравӣ ин ташкилотро барҳам назада, баръакс тӯли тамоми мавҷудияташ ташаккул дод. Дар даврони истиқлолият, миёни дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ танҳо дар Тоҷикистон, бо ҳидояту дастури Пешвои миллат, Асосгузори суҳу ваҳдат, Президенти ҷумҳурӣ-Эмомалӣ Раҳмон, Амонатбонк ҳамчун сохтори давлатӣ нигоҳ дошта шуда, ба сифати агенти молиявии давлат барои иҷрои нақшаву барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудааст. Яъне, ба ибораи дигар принсипи “мардумӣ ва ё дар хизмати мардумони оддӣ будан” –и Амонатбонк баъд аз пошхӯрии СССР  танҳо дар Тоҷикистон ҳифз гардидааст. Ин аст, ки имрӯз тамоми ҳамтоҳои он ба мисли Сбербонки русиву Халқбонки қирғизӣ хусусиву тиҷоратӣ ва моликияти ашхоси алоҳида шуда бошанд ҳам, Амонатбонк  чун ҳамешагӣ “давлатӣ”-ю “мардумӣ” ва хизматгузори ҳар хонадон ва сокинони арҷманди кишвар боқӣ мондааст.

Дер ояду шер ояд...

Чанд сол муқаддам тамоми расона ва воситаҳои ахбор интиқод аз он мекарданд, ки Амонатбонк бо тарзу усули пешин фаъолият дошта ҷиҳати ҷорӣ намудани хизматрасониҳои наву муосир бетаваҷҷуҳ аст. Шояд ин интиқод то ҳадде ҳақиқат дошт, зеро имкониятҳои молиявию фаннӣ ва кадрӣ он замон ҳақиқатан дар Амонатбонк маҳдуд буд. Аз дигар тараф бе таҳлилу омӯзиш ва маслиҳату тадбир ҷорӣ намудани таҷрибаю ихтирооти нав хавфу мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Аз ин хотир бо таҳаммул ва шояд бо андаке дермонӣ, аммо бо таваккалу эътимод Амонатбонк оҳиста-оҳиста ба коркард, мутобиқгардонӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами соҳаи бонкдории ҷаҳон шурӯъ намуда, дар ин самт имрӯз қадамҳои устувор мемонад.

 

Бо дастур ва дуои хайри Пешвои миллат

Такони ҷиддиро дар ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир, дастур ва супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар, ҷиҳати ҷорӣ кардани пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ, гузошта буд. Имрӯз Амонатбонк дар доираи иҷрои барномаҳои иҷтимою давлатии “Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ” ва “Музди меҳнат тавассути кортҳои бонкӣ” дастовардҳои бузургеро соҳиб шудааст. Шумораи дорандагони кортҳои бонкии Амонатбонк ба ҳолати имрӯза 1,2 млн. нафарро ташкил дода, 70%-и бозори кортҳои бонкии ҷумҳурӣ дар ихтиёри ин бонк мебошад. Мувофиқи оморҳои охирин, Амонатбонк 88%-и нафақагирони ҷумҳуриро бо кортҳои ройгон таъмин карда, тавассути 222 адад банкомат ва 1030 адад постерминалҳо дар саросари кишвар ба онҳо хизмат мерасонад. Тибқи барномаи “Музди меҳнат” Амонатбонк бо 6980 корхонаву ташкилотҳо шартномаҳои хизматрасонӣ ба имзо расонида, саривақт ва бе каму кост маблағҳои онҳоро пардохт карда истодааст. Бо мақсади рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои бонкӣ, Амонатбонк дар зиёда аз 170 нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ аз қабили меҳмонхона, дорухона, ошхона, НФС ва марказҳои савдо терминалҳои пардохтӣ насб намудааст. 

Мубориза бо ҷинояту фасод тавассути хизматрасониҳои муосири бонкӣ

Пӯшида нест, ки низоми мавҷуда ва аз замони Шӯравӣ боқимондаи ҳисоббаробаркунӣ барои истифодаи барқ, хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва пардохтҳои давлатӣ бо сабаби мавҷудияти факторҳои инсонӣ ва бюрократаи қоғазӣ, фасод ва дигар ҷиноятҳои молиявиро ба бор меоранд. Бо мақсади мубориза ва пешгирии ин падидаи номатлуб қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди низоми пардохт барои солҳои 2015-2025” таҳти №679 аз 31.12.2014 сол қабул шуда, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ ҷиҳати иҷрои самараноки он сафарбар гардида буданд. Маҳз дар ҳамин заминаи ҳуқуқӣ, Амонатбонк фаъолияти хизматрасониҳои бонкиро ба роҳ монда, ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркуниҳои эллектронӣ ва пешниҳоди маҳсулоти иноватсионии бонкдориро афзалу муҳим шуморид. Амонатбонк низоми ҳисоббаробаркуниҳои фаврӣ (биллинг)-ро барои ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дастрас карда, тариқи “Бархат” имрӯз дар 150 марказҳои хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниҳоро ба анҷом мерасонад. Барномаи электронии “Қабули пардохт” дар 255 филиал ва марказҳои хизматрасонӣ пайваст гардида, шаффоф гаштани ҷараёни молиявӣ ва танзими муомилоти нақдиро дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин менамояд.

Амнияти молиявӣ-муҳимтарин рукни амнияти давлатӣ

Абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва иқтисоди “соягӣ”-и ҷаҳонӣ бо истифода аз воситаҳои технологияҳои навтарин, қудратҳоеро раҳандозӣ менамоянд, ки боиси шикасту садамаҳои молиявӣ дар мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф мешаванд. Чандест, ки дар доираҳои гуногун ва аз тариқи васоити ахбори кишвар падидаи нави технологияи молиявӣ тарғибу ташвиқ мешавад, ки аллакай берун аз Тоҷикистон маъруфият пайдо карда, ба иқтисодиёти бузургтарин кишварҳо сар халондааст. Аз хатароти эллектронӣ чист ҳанӯз 5 сол муқаддам дар саҳафоти ҳафтаномаи “СССР” бонги изтироб зада будем, ки имрӯз он роҳат ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудан дорад. Шарҳи чию чигуна будани асъори эллектронӣ фаррох буда, дар доираи ин матлаб дар бораи он маълумоти пурра додан, ғайриимкон аст.  Феълан, он асъор (воҳиди пулӣ) ва низоми муомилоти пулиест, ки дар шабакаи интернет сурат гирифта, ба гунаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ имкони назорат ва танзими давлатию миллиро надоранд. Маъруф гардидани ин асъор дар қудратмандтарин давлат, ҳатман ба рушди иқтисоди “соягӣ”, напардохтани андозу дигар пардохтҳои давлатӣ, қочоқи асъор ва маблағгузории терроризму экстремизм мусоидат мекунад. Дар соҳаи бонкдорӣ коршиносон онро ба вируси гузарандаи  молиявӣ мушобеҳ карда, пешгӯӣ менамоянд, ки рушди ин низом эътибор ва зарурати бонкҳоро сифр менамудааст. Машҳуртарин асъорҳои эллектронӣ Биткоин ва Ванкоин буда, теъдоди онҳо имрӯз дар олам аз 100 адад ҳам зиёдтаранд. Ногуфта намонад, ки иддае аз тоҷирон имрӯз бо ҳар роҳу восита, тавассути асъори эллектронии “Биткоин” аз хориҷи кишвар молу коло ворид менамоянд.

“Ҳушёрӣ”-и сиёсию“зиракӣ”-и иқтисодӣ

Хонандаи гиромӣ ва сокинони арҷманди кишвар ибораи маъруф ва таъкиди ҳамешагии Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ-Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳушёрии сиёсӣ хуб дар хотир доранд. Зиракии иқтисодии дар боло ишора намудаи мо ҳам як ҷузъи ин дастури хирадмандона буда, маънои суботу амнияти иқтисодию молиявиро дорад. Ин аст, ки солҳои ахир Ҳукумати ҷумҳурӣ якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро дар соҳаи иқтисод ва молияи кишвар ба тасвиб расонида аст, ки ҳадафи асосии онҳо маҳз ба суботу амнияти ин соҳа равона гардидаанд. Самтҳои нави фаъолияти Амонатбонк, хусусан дар мавриди коркард, озмоиш ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои наву иноватсионии бонкдорӣ, идомаи мантиқии иҷрои қарору супоришҳои дар боло зикргашта мебошанд. Харҷу масрафи маблағҳо барои интишори кортҳои бонкӣ ва пешниҳоди ройгони онҳо ба нафақагирон, дастрас ва харидории барнома ва технологияҳои навтарин,омода намудани кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷорӣ кардани навтарин дастовардҳои бонкдорӣ дар мавриди субот ва амният аз хатароти фаромилии молиявӣ дастовардҳои муҳимтареро соҳиб кардаанд. Зеро, рисолати Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ дар ин самт ҳамеша боризу афзалтар аст. Мо метавонем!

Одинашо Муродов

СССР

 

Душанбе, Янв 30 2017

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар соли 2016 дар самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷавӣ 1190тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 385,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст.

Чуноне ки рӯзи 27.01.2017 зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон Сулаймон Султонзода, роҳбари ин Агентӣ иброз дошт, аз маблағи умумии зарари молиявӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 20 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 40,3 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 158,3 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 6,9 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 92 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳиосбгардидаю рӯйпӯшнамудаи андозҳо 68,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Дар маҷмӯъ маблағҳои барқароркардашуда 292,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 196,6 миллион сомонии он ба буҷаи давлат ворид карда шудааст. – таъкид дошт Сулаймон Султонзода.

 

СССР

 

Ҷумъа, Янв 27 2017

 

Хушхабарро аввалин шуда, ҳамин саҳар сармуҳосиби СССР-акаи Саймурод ба мо тариқи телефон аз Кӯлоб расонд. Ба ӯ масъулони филиали дар ш.Кӯлоб будаи Агроинвестбонк ваъдаи қатъӣ доданд, ки имрӯз то бегоҳ ҳамаи маблағҳои ҳафтаномаи СССР ва дигар мизоҷон пурра ба таври ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд. Ҳамчунин таъкид кардаанд, ки аз ин пас тамоми ҳисоббаробаркуниҳо ба таври мунтазам ва аз рӯи меъёрҳои қабулшуда сурат мегиранд. Феълан дирӯз сомонаҳои расмии Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк хабари расмии барқарор шудани ҳисоббаробаркуниҳо дар ин 2 ташкилоти муътабари қарзиро пахш карданд. Дар ин ахбори расмӣ таъкид мешавад, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК «Агроинвестбонк» додани пули нақд дар банкоматҳо ва хизматрасонии кортҳои пардохтиро дар ташкилотҳои хизматрасонию савдо барқарор кардаанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агроинвестбонк, меъёри гирифтани пули нақд дар 1 рӯз 600 сомонӣ ва хариди молу маҳсулот тавассути кортҳои бонк номаҳдуд аст. Зимнан, Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк аз 4-гонаи бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли гузашта ба мушкилоти молӣ дучор шуда, охири соли гузашта Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Вазорати молияи дастур дода буд, ки барои ин бонкҳо дар ҳаҷми 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (ҳудуди 490 млн. $ тибқи қурби ҳозира) коғазҳои қиматнок ҷудо кунад. Ҳамчунин бонкҳои мазкур имкон доранд векселҳои аз Вазорати молия гирифтаашонро дар БМТ ба пули нақд табдил диҳанд. Коғазҳои қиматнокро бонкҳои дучори мушкилот ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона таҳти гарави дороиҳои худ мегиранд. Дороиҳои «Агроинвестбонк» дар маҷмӯъ 730 иншооти дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷойгиршуда, аз ҷумла, бинои Сарбонк, 60 филиал ва 5 маркази хизматгузорӣ иборат аст. Ҳамчунин минтақаҳои истироҳату фароғат дар дараи Варзоб, иқтидорҳои гуногуни хурди истеҳсолӣ, фермаву анбор, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориву таъмири воситаҳои нақлиёт, марказҳои савдо, мағоза, дорухона, қаҳвахона, марказҳои хизматрасонии маишӣ, хона ва манзилҳои сершумор низ ба ин бонк мутааллиқанд. Даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ кард. Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла, «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.

Одинашо Муродов,

СССР

 

Ҷумъа, Янв 27 2017

Аз рӯи омори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТдар вазорати маориф ва илми кишвар бо сохторҳои зертобеяш дар соли 2016 90 ҷинояти коррупсионӣ, дар вазорати тардурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ – 103 ҷиноят, вазорати нақлиёт- 24 ҷиноят, кишоварзӣ – 13 ҷиноят, энергетика ва захираҳои об – 11 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 8 ҷиноят, саноат ва технологияҳои нав – 7 ҷиноят, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ – 31 ҷиноят, ҳифзи муҳити зист – 5 ҷиноят, телевизион ва радио – 1 ҷиноят, меъморӣ ва сохтмон – 1 ҷиноят, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо – 6 ҷиноят содир гаштааст.

Дар байни ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бошад дар ин муддат 266 ҷинояти коррупсионӣ, соҳибкоронӣ инфиродӣ – 302 ҷиноят, соҳаи бонкӣ – 328 ҷиноят ва дар идораву корхонаҳо бошад 320 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 171 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд. Дар ин бора ба журналистон Сулаймон Султонзода, раиси Агентии мазкур рӯзи 27.01.2017 хабар дод.

 

СССР

 

Душанбе, Янв 23 2017

Дар нишасти имрӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Васоити ахбори омма, хабарнигорон аз Раиси Раёсати БМТ тақдири хазинаи охирин амири сулолаи манғитиёни Бухороро пурсон шуданд. 

Иддае аз таърихнигорон ба ин ақидаанд, ки Амир Саид Олимхон, охирин амири манғитиёни Бухоро ҳангоми шикасти тахту тоҷ ва фирори ӯ ба Афғонистон, дар водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддат иқомат намудааст. Ҳамчунин ба ақидаи баъзе аз олимон амир ҳангоми муҳоҷирати иҷборӣ, як қисмати хазинаи бузурги давлати Бухоро дар яке аз ғорҳои водии Ҳисор пинҳон карда, имкони бурдани онро наёфтааст. Ин аст, ки овозаву хабар ва пешгӯиҳо дар ин мавзӯъ солиёни дароз на танҳо миёни мардуми оддӣ, балки доираҳои илмӣ чарх мезананд.

Чанде пеш дар расонаҳои ватанӣ хабаре нашр гардида буд, ки як сокини ин водӣ хазинаи Амирро дар яке аз ғорҳо ошкор карда, тиллову танга ва дигар ашёи гаронбаҳои онро ба Бонки милли Тоҷикистон супорида бошад.

Дар ин маврид Раиси Раёсати Бонки милли Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки аз масъалаи ошкор шудани хазинаи Амир Олимхон дарак надорад ва касе шахсан ба ӯ ва ё БМТ ин хазинаро пешникаш накардааст. Дар сурати ошкор намудан ва ба Бонки миллии Тоҷикистон супоридани чунин хазинаҳо мо омодаем ба афроди пешниҳодкарда, мукофот ва дигар ҷоизҳо пешкаш намоем.

СССР 

 

Душанбе, Янв 23 2017

Қисмати зиёди маърӯзаи дар нишасти матбуотии имрӯза кардаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро, мавзӯи дифоъ ва ё ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ ташкил медод. Ҷамшед Нурмаҳмадзода-раиси БМТ иттилоъ дод, ки дар соли гузашта 1 673 адад дархосту шикоятҳои хаттию шифоҳӣ қабулу баррасӣ гашта, 459 нафар шаҳрвандон аз тарафи роҳбарият бевоста қабулу шудаанд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки БМТ бо мақсади сари вақт ва пурра баррасӣ намудани мушкилот ва камбудиҳо нисбат ба хизматрасонии бонкҳо, дар сохтори Бонки миллӣ, идораи наверо таъсис додаанд. Фаъолияти ин идора махсус ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шуда, телефони боварӣ ва почтаи эллектронии он ҳамеша барои сокинони кишвар дар хизмат аст.

саҳ 31 аз 41

Китобҳо

Flag Counter