ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 28 2019

Дар зарфи 7 моҳи соли равон қурби расмии пули миллӣ-сомонӣ нисбат ба доллари ИМА бетағйир боқӣ монда, дар ин давра ба 9,4286 сомонӣ баробар гардида, 0,1% коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 6,7 банди фоизӣ кам мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон соли равон тибқи муқаррароти «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» асосёфтаро амалӣ карда истодааст. Новобаста аз тағйирёбии муътадили қурби расмӣ дар ин давра, норасоии доллари нақди амрикоӣ дар бозори дохилӣ ва чун натиҷа баланд гардидани қурби фурӯши он дар бозори ғайрибонкӣ ба амал омад. Ҳолати мазкур талаботи доимии ба асъор ҷойдоштаро зиёдтар гардонида, ба ҳаннотон ва дигар манфиатдорон имконияти афзун гардонидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомониро муҳайё сохт.

Дар ин асос фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрибонкӣ меъёри муқарраршудаи 2-фоизаро гузашта, аз 2,8 фоизи 1 феврали соли 2019 то ба 6,1 фоизи 15.05.2019 афзуд. Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА- ин афзоиши тавозуни манфии савдои мамлакат, коҳиши вуруди интиқоли пулӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо мебошад, афзуд сарчашма. Аз муроҷиати корхонаву ташкилот ва истеҳсолкунандагони ватанӣ маълум мегардад, ки масъалаи норасоии асъори хориҷӣ яке аз мушкилоти асосии пешбурди фаъолияти самараноки онҳо гардидааст. Дар ҳаҷми пурра қонеъ нагардидани талаботи мизоҷон ба доллари ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ онҳоро маҷбур месозад, ки бо мақсади нагирифтани зарар аз фаъолият ба бозори ғайрибонкии асъор рӯ оваранд. Айни замон бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин сабаби ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад. Чунончӣ, аз оғози сол то имрӯз ҳаҷми фурӯши доллари ИМА (ғайринақдӣ ва нақдӣ) аз ҷониби мизоҷони ташкилоти қарзӣ ба андозаи 25,1% ва аз ҷониби аҳолӣ ба андозаи 28,6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст. Бояд гуфт, ки намояи қурби самараноки воқеии (НҚСВ) сомонӣ ба ҳолати 1.07.2019 дар натиҷаи мутобиқшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои асосии хориҷӣ тамоюли болоравӣ нишон дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 банди фоизӣ устувор гардид. Раванди мазкур ба рақобатпазирии истеҳсолоти дохилӣ нисбат ба шарикони асосии савдо ва ба ин васила ба вазъи тавозуни пардохт таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи маълумоти ҷамъбастии оморӣ, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2019 ба 4,9% баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сохтори таваррум болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 8,1%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2% ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,3% саҳмгузорӣ намуданд. Сатҳи таварруми аслӣ, ки раванди дарозмуддат ва бидуни лаппишҳои кӯтоҳро нишон медиҳад, бо ифодаи солона ба 2,1% баробар гардид, ки ин аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ гувоҳӣ медиҳад. БМТ соли равон бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла механизми хариду фурӯши рубли русӣ, норасоии асъор ва фишорҳои қурбиро коҳиш дода, дар баробари ин иҷрои уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи давлатро таъмин намуда истодааст. Зикр намудан зарур аст, ки гузариш ба реҷаи «ҳадафгирии таваррум» дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, ки аз соли 2018 оғоз гардидааст, аз БМТ истифодаи механизм ва усулҳои ба он мутобиқро талаб менамояд. Аз ин рӯ, БМТ дахолатҳои асъории худро тавассути татбиқи усулу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, аз ҷумла бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши коғазҳои қиматнок анҷом дода, фаъолияти бозорро ба танзим медарорад. Ба ин нигоҳ накарда, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ зарур аст. Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2-фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии мамлакат бештар гардида, шаффофияти амалиёт бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, бевосита боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ низ мегардад. Соли гузашта коҳиши қурби асъори миллӣ дар минтақа назаррас буд ва аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ тавассути тасҳеҳи сиёсати қурбӣ тағйирёбии арзиши пули миллияшонро ба танзим дароварданд. БМТ бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.

 

Майдончаи варзишии навбатӣ ба истифода дода шуд

Бо мақсади таҷлили арзандаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, айни замон дар тамоми гӯшаву канори ш.Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободгардонии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишию истироҳатӣ босуръат идома дорад. 

18 августи соли ҷорӣ бо ибтикори БМТ дар маҳаллаи Испечак М1 назди биноҳои истиқоматии 2, 3, 4, 5 ноҳияи Синои ш.Душанбе 1 майдончаи варзишию истироҳатӣ барои наврасон ба истифода дода шуд. Лоиҳаи майдончаи мазкур аз ҷониби ширкати КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Душанбе тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Энергострой” дар муддати 2 моҳ ба маблағи наздики 700 000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маросими ифтитоҳи майдончаи мазкур муовини раиси ш.Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло, муовини раиси БМТ Салимова Лола ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар тантанаи ифтитоҳи майдончаи варзишӣ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда,  роҳандозии ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан наврасону ҷавонон саҳми беандоза дорад. Дар навбати худ Салимова Лола иброз дошт, ки БМТ иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор, аз ҷумла пойтахти кишварамон саҳми арзандаи худро мегузорад ва сохтмони майдончаи варзишӣ давоми чунин тадбриҳост. Дар маросими супоридани майдончаи варзишӣ масъулин аз сокинони шаҳрак барои саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардидани маҳал ва шаҳрак даъват ба амал оварданд. Дар баробари ин аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намуда, ба қадри ин гуна ободкориҳо бирасанд.

Майдончаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати ҶТ аз 22.02.2017, №9-ф тасдиқ шудааст, сохта ба истифода дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки майдончаи варзишию фароғатӣ дар масоҳати 900 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншооти варзишӣ аз майдончаи стандартии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, бозиҳои кӯдакона, айвончаҳо бо насби курсиҳои нишаст барои фароғати сокинон иборат буда, бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ ва шаклу усулҳои нави сохтмонӣ бунёд гардидааст. Дар ҳавлича ва гирду атрофи он беш аз 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву дарахту буттаҳои ҳамешасабз, 220 метри мураббаъ сабзазор шинонида шуда, барои нигоҳубин ва ҳамеша сабзу мунаввар нигоҳ доштани ҳудуди майдонча хатти об бо обмонакҳои махсус  гузаронида шудааст. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби БМТ дар давоми ду соли охир се майдончаи варзишӣ баҳри истифодаи сокинони шаҳр сохта, ба истифода дода шуд. Қабл аз ин, як адад майдончаи варзишӣ бо масоҳати 1086 метри мураббаъро дар кӯч.Ҳ.Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе ва майдончаи дигар дар масоҳати 700 метри мураббаъ дар шаҳраки 33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Ҷаббор Расулов ва Низоми Ганҷавӣ аз ҷониби БМТ майдончаҳои варзишию фароғатӣ ба истифода дода шуда буд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Ҷумъа, Авг 23 2019

 Субҳи имрӯз бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида шуд. Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуда, бо кормандон ва мутахассисони НБО сӯҳбат орост.

   Тавре Хадамоти матбуотии сарвари давлат хабар медиҳад, таҷдиди асосии НБО “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат хоҳад гирифт. НБО “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта буда, дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст. Корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст. Бунёди ин неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст.

    Бояд гуфт, ки истеҳсоли солонаи неруи барқ дар НБО “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600-650 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад ва иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110- киловолта пайваст аст. Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолтаи неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад. Баъди таҷдиди пурраи неругоҳ умри он боз садсолаҳо зиёд шуда,  тавоноиаш бештар мегардад.

   Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австрагӣ сурат гирифтааст. Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” Президенти ҶТ  Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа Консортсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд пешниҳод карданд.

 

 

Чоршанбе, Авг 21 2019

Иттиҳоди Аврупо барои беҳтар намудани шароити зисти аҳолии деҳот дар Тоҷикистон 59 миллион евро маблағ ҷудо намудааст. Тавре ба мухбири СССР дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Комиссияи Аврупо  барномаи дастгириро ба маблағи 59 миллион евро барои рушди деҳот дар Тоҷикистон эълон намуд. Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақрибан чоряки маҳсулоти умумии дохилии кишварро ташкил медиҳад ва тақрибан аз чор се ҳиссаи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди деҳот ба мушкилоти сохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи идоракунии захираҳои табиӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дучор меояд.

   Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат, тақвияти идоракунии захираҳои табиӣ ва пешбурди истифодаи устувору самараноки захираҳои об мусоидат менамояд. 

 

 

Чоршанбе, Авг 21 2019

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуда буд. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, 3 корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар роҳи Душанбе-Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад. Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ шуда, тасмим гирифта шудааст, ки беш аз 70 км роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ шавад. Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат маҳсуб мешавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадаманд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат аст.

Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе-Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст. Ёдовар бояд шуд, ки ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият беш аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали Ширкат ба 200 техникаву механизм расонида, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд шуд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел» дар раванди фаъолият таври густурда технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад. Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки давоми 4 соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф шуд, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Омили дигари муҳим он аст, ки дар давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ шудани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии зиёда 100 км роҳ, Ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуд, балки андешаи моро дар мавриди нигоҳдории роҳ ба маънии мусбат дигар кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҷумъа, Авг 16 2019

Тибқи қарори Ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон имзо кард, аз 1 ноябри соли равон КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” ба ҷамъияти саҳҳомӣ мубаддал хоҳад шуд. Бар асоси қарор 100 дарсади саҳмияҳои онро давлат соҳиб хоҳад буд. Инчунин “Алюминсохтмон” низ ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфта, сад дарсади саҳмияҳои онро ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” соҳибӣ мекунад. Дар баробари ин Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки дар заминаи маркази тиҷоратии “Металлург” маҷмааи меҳмонхона ва табобатгоҳи “Ширкент”, истироҳатгоҳҳои “Қаратоғ”, “Куран” ва кӯдакистонҳои рақами 9, 10, 11, 12, 14, 16 низ ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил карда шаванд, ки 100 дарсади саҳмияҳои онҳо ба ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” тааллуқ хоҳанд дошт.

 

Чоршанбе, Авг 07 2019

 

БДА ҶТ “Амонатбонк” айни замон ба зиёда аз 20 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, беш аз 720 ҳазор нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3 ҳазор нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ  менамояд. Ба санаи 30.06.2019 дороиҳои бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва ӯҳдадориҳои бонк 3,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  мутаносибан 8,3% ва 8,1% зиёд гардиданд. Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо саривақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи бонк ба андозаи 10,2% афзоиш ёфта, ба 417,2 млн. сомонӣ баробар шуд. Даромади софи бонк  дар ин давра 20,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  2018 13,5%  зиёд  мебошад. Дар ин бора рӯзи 23.07.2019 зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” хабар дод.

 

Роҳандозии қабули маблағи андозҳо ба таври ғайринақдӣ

Тавре мавсуф иброз дошт, бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 31,1 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети  давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 7,6 млн. сомонӣ ва ё 32,5% зиёд мебошад. Тавассути филиалҳои бонк маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмӣ қабул ва ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида мешаванд. Ин хизматрасонӣ, ки бевосита барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, иҷрои босифату саривақтиро талаб менамояд. 

-Ба санаи 30 июни соли 2019 ба суратҳисобҳои транзитии буҷети давлатӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми 1 293,6 млн. сомонӣ ва маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1 336,9 млн. сомонӣ ворид шуда, ба суратҳисобҳои марбута  саривақт гузаронида шуданд. Ҳамзамон, бонк дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ иқдоми бо истифода аз кортҳои пардохтии “Амонатбонк” қабули маблағҳои андозҳоро ба таври ғайринақдӣ роҳандозӣ намуда истодааст. 

Инчунин, дар самти ҷорӣ намудани технологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ, дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, то имрӯз 230 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии  филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд, - афзуд Сироҷиддин Икромӣ.

 

Пасандозҳо афзуданд

Бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” шумораи 403 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 153 адад зиёд аст. Ба санаи 30.06.2019 филиалҳои бонк 913,5 млн.сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018   21% зиёд мебошад. Ҳамзамон, тавассути Маркази протсессингии низоми пардохти «Корти миллӣ”-и Амонатбонк,  11 адад ташкилотҳои қарзӣ  ба низоми биллингии ШСХК «Барқи Тоҷик» шомил гардиданд. Фаъолияти Амонатбонк дар самти дарёфти сарчашмаҳо барои пешниҳоди маблағҳои қарзӣ, ки заминаи асосии он ба даст овардани боварии мардум ба бонкҳо мебошад, рӯз аз рӯз васеъ гардида истодааст. Дар натиҷа, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар “Амонатбонк” ба санаи 30.06.2019  маблағи 3,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  9,9% зиёд мебошад. Аз он ҷумла, бақияи пасандозҳои аҳолӣ ба 1,3 млрд. сомонӣ расонида шудааст, ки 40%-и  ҳаҷми  умумии амонатҳоро ташкил медиҳад.  

Фоизҳои ба аҳолӣ пардохташуда бошад, дар ин давра 49,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 17% зиёд мебошад. Ин албатта, ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд  гардидани  сатҳи некӯаҳволии онҳо  мусоидат намуда истодааст. 

 

  Амалиёбии 79 лоиҳаи сармоягузорӣ дар 51 шаҳру ноҳияҳои кишвар

Ҳамкориҳои “Амонатбонк” бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар идома дошта, Бонк аз оғози ҷалби сармоягузориҳо   64 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ ба 9 ҳазор нафар соҳибкорон дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 79 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст. Айни замон, Амонатбонк бо Бонки миллии равобити хориҷии Ӯзбекистон ва “Узпромстройбонк”-и ин кишвар, шартномаи ҳамкориро дар доираи хатти қарзӣ дар ҳаҷми 43 млн. доллари ИМА ба имзо расонида, лоиҳаи Созишномаи қарзӣ бо Бонки давлатии рушди Хитой дар ҳаҷми 60 млн. юани хитоӣ ва 10 млн. доллари ИМА низ, дар соли ҷорӣ ба имзо хоҳад расид. Бонк ба ҳолати 30.06.2019 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 19 ҳазор муштарӣ 213,5 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 76% афзудааст.

 

2,8 млн. сомонӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ

Дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби  захираҳои худӣ 2,8 млн. сомонӣ ҷудо намудааст. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ» дар  маҷмӯъ ба 175 нафар соҳибкорон  дар  ҳаҷми 248,6 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин қарзҳо маблағи 28,9 млн.сомонӣ ба 11 нафар соҳибкорон ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо пешниҳодшаванда 2 банди фоизӣ пасттар карда шуда, аз 20%  ба 18%-и солона расонида шуд. Дар баробари ин, пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти бонк қарор дода шуда, тартиби пешниҳоди он содда ва  муҳлати истифодаи он то 60 рӯз дароз карда шуд. Меъёри истифодабарии он низ, 2 банди фоизӣ паст карда шуд. Ҳамчунин, тибқи қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз ҳисоби маблағҳои вазорати молия дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба омӯзгорони ҷавон 60 ҳазор сомонӣ ва муҳоҷирони ихтиёрию экологӣ  159 ҳазор  сомонӣ қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии муштариён, бахусус саҳмгузорӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар, ҳаҷми қарзҳои хурди судманд, ки қаблан дар доираи то 5 ҳазор сомонӣ бе гарав таҳти замонати шахси сеюм  дода мешуданд, то 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд. Бонк аз ҳисоби захираҳои худӣ баҳри дастгирии соҳаи картошкапарварӣ бо фоизҳои имтиёзнок маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки 3,4 млн. сомонии он дар истифодаи кишоварзони ҷумҳурӣ қарор дорад.

 

1 миллиону 606 ҳазор нафар-шумораи дорандагони корти бонкӣ

“Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7635 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли 2018 197 адад зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои  пардохтии  бонкӣ  ба зиёда аз 1 миллиону 606 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 204,8  ҳазор нафар ё 14,6% зиёд мебошад. Теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар бонк ба 237 адад ва постерминалҳо ба 1380 адад расонида шудааст. Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 534 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намуда, шумораи марказҳои хизматрасонии худро ба 546 адад расонид. Дар баробари ин, фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзии дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд. Аз ҷумла, баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, давоми 6 моҳи фаъолият 80-адад ё 15%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд, ки ин ба самаранокии фаъолият ва барои фароҳам овардани шароити мусоид барои мизоҷон асос гузошт. 

 

“Харидори махфӣ” ва “Murojiat_bonk”

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо “Амонатбонк” бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар самти гузаронидани тадқиқоти “Харидори махфӣ” ҷиҳати муайян намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ба муштариён аз ҷониби кормандони марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, бо мақсади бевосита аз ҷониби раиси Раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он  бемамоният истифода баранд. Инчунин бо мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои пешомада аз ҷониби мизоҷон дар самти фаъолияти корӣ, Маркази тамос  дар Раёсати Бонк фаъол гардонида шуд, ки он ба таври  шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Мизоҷон имкон доранд ҳама ҳолат барои саривақтӣ ҳал намудани мушкилоташон ва ё ибрози пешниҳоде бо рақамҳои кӯтоҳи 1885 тамос шуда андешаи худро иброз намоянд ва ба суолҳои худ посух бигиранд.

Маркази матбуоти БДА ҶТ “Амонатбонк”

 

саҳ 34 аз 70

Китобҳо

Flag Counter