ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Апр 12 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 7 апрел бо 1 қарори вежаи худ ғолибони як қатор озмунҳои касбии соҳаи маорифи пойтахтро тасдиқ ва ҳавасманд намуд.

Душанбе, Март 14 2016

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо тамоми донишҷӯёни хуҷандие, ки дар мактабҳои олии пойтахт машғул ба таҳсил мебошанд, мулоқот намуда, сипас ҳамаи онҳоро, ки беш аз 200 нафар мебошанд, бо мукофотҳои пулии Мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд сарфароз намуд.

Душанбе, Март 07 2016

Ман ҳамчун омӯзгор дар 2 давра кор кардаам: давраи Шӯравӣ ва имрӯз. Бо боварии пурра гуфта метавонам, ки системаи таълиму тарбия дар даврони шӯравӣ нисбат ба ин даврони мо беҳтару хубтар ва тарзи баҳогузорӣ ба дониши хонандагон ба ҳақиқат наздик буд. Барои муқоиса далел меоварем. Дар замони Шӯравӣ оғози соли хониш 1 сентябр шурӯъ мешуд. 25 май соли хониш ба анҷом мерасид. Соли хониш аз 4 чоряк иборат буд. Барои хонандагони синфҳои 10-11 нимсола ҷамъбаст мешуд. Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр давом мекард. Хонандагон аз 1 ноябр то 8 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебаромаданд. Чоряки дуюм аз 9 ноябр то 29 декабр давом мекард. Хонандагон аз 30 декабр то 10 январ ба таътили зимистона мебаромаданд. Чоряки сеюм аз 11 январ сар шуда, то 20 март давом мекард. Аз 21 то 31 март хонандагон ба таътили баҳорӣ мебаромаданд. Чоряки чорум аз 1 апрел сар шуда, то 25 май давом мекард. Баъд баҳои солонаи хонандагон бароварда мешуд. Баҳои солонаи хонандагони синфҳои 1-9 аз рӯи ҳисоби миёна 4 чоряк ва хонандагони синфҳои 10-11 аз рӯи ҳисоби миёнаи ҳар 2 нимсола ҷамъбаст карда мешуд. Баъд хонандагони синфҳои 1-3 ба таътили тобистона мебаромаданд. Хонандагони дигар синфҳо баъди супоридани имтиҳонҳо ба таътили тобистона мебаромаданд ё мактабро хатм мекарданд. Дар замони ҳозира, ки ислоҳоти соҳаи маориф идома дорад, чӣ фарқияте нисбат ба замони СССР дида мешавад? Фарқият асосан дар иваз кардани номҳо, меъёри нави баҳогузорӣ, барҳам додани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ. Масалан, номҳои замони шӯравӣ дар замони ҳозира чунин шудааст: мактаб-муассиса, чоряк-марҳала, нимсола-рейтинг, ассистент-ёвар, имтиҳон-аттестатсия.

Соли хониш 1 сентябр сар шуда, 7 июн ба охир мерасад. Хонандагон дар давоми сол 1 бор ба таътил мебароянд. Моҳи январ пурра дар таътиланд. Барои ҳамаи синфҳо баҳои донишашон дар 4 марҳала гузошта мешавад. Он чунин бароварда мешавад:

Ба ҷои чоряки 1: Марҳалаи 1-и рейтинги 1 менависанду баҳо мегузоранд.

Ба ҷои чоряки 2: Марҳалаи 2-и рейтинги 1 менависанду баҳо мегузоранд.

Ҳисоби миёнаи марҳалаи 1 ва марҳалаи 2-и рейтинги 1-ро муайян карда, баҳои нимсолаи 1-ро мебароранд. Баъд 1 моҳи пурраи январ ба таътил мебароянд. Аввалҳои моҳи апрел баҳои чоряки 3-ро мебароранд ва чунин менависанд. Баҳои марҳалаи 1-и рейтинги 2. Дар чоряки 4: марҳалаи 2-и рейтинги 2 менависанду баҳо мегузоранд. Ҳисоби миёнаи марҳилаи 1 ва марҳалаи 2-и рейтинги 2 менависанду баҳо мегузоранд. Ҳисоби миёнаи марҳалаи 1 ва марҳали 2-и рейтинги 2-ро муайян карда, баҳои нимсолаи 2-ро муайян мекунанд. Ин тарзи баҳобарорӣ аз ҳақиқат хело дур аст. Масалан, хонанда дар марҳалаи 1-ум баҳои 3 гирифта бошаду дар марҳилаи 2-ум баҳои 4, он гоҳ баҳои нимсолаи якум 4 мешавад. Агар дар рейтинги 2 дар марҳалаи 1-ум баҳои 4 гирифта бошаду дар марҳалаи 2-ум баҳои 5, он гоҳ баҳои нимсолаи дуюм 5 мешавад. Барои баҳои солонаро баровардан баҳои нимсолаҳо, ки яке 4-у дигаре 5 аст, ҷамъбаст шуда, солонаро баҳои 5 мекунад. Ин тарзи ҷамъбаст нодуруст аст. 1 андеша кунед, ки хонанда дар 4 марҳалаи баҳогузорӣ якто баҳои “3”, дуто баҳои “4” ва якто баҳои “5” дорад ва баҳои солонааш “5” шудааст, ки ин ба ҳақиқат наздик нест. Агар ҳисоби миёнаи арифметикии баҳоро гирем, он баҳои 4 мешавад, яъне (3+4+4+5): 4=16:4=4;

Пас бо ин тарз баҳо додани дониши хонанда нодуруст аст.

Саттор Бобохонов,

муаллими собиқадор, н.Ҷ.Румӣ

 

Сешанбе, Фев 23 2016

Аҷиб наменамояд, ки дар давлати мухтор, соҳибистиқлол ва дӯсти давлати Туркия-намояндагони литсейҳои нафаре, ки

Сешанбе, Фев 23 2016

Соли 1956, ҳангоме, ки 5 сола буд, оилаи онҳоро низ чун ҳазорон кӯҳистониёни дигар аз Мастчоҳ 

саҳ 16 аз 16

Китобҳо

Flag Counter