ХАБАРИ ДОҒ

Истифодаи бисёри компутер иллати бемории чашм

  • Душанбе, Апр 18 2016

Дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР Эмомов Фурқат сардухтури беморхонаи касалии чашм дар вилояти Хатлон меафзояд, ки имрӯз компутер ё худ роёна дар тамоми ҷойҳо, аз хона сар карда, то маҳалли кор истифода мешавад ва таъсири он ба саломатии инсон рӯз ба рӯз эҳсос хоҳад шуда истодааст.

Бештари шикоятҳои онҳое, ки бо компутер сару кор доранд, мушкилоти марбута ба биноӣ мебошад ва ин мушкилоти биноӣ ношӣ аз компутер бо номи «Синдроми биноии компутер» шинохта шудааст. Хастагӣ ва хушкшавии чашм ва наздикбинӣ ин ҳама бар асари муддати тӯлонӣ кор намудан бо компутер ба миён хоҳанд омад.Тамошои бардавоми телевизор зиёновар хоҳад буд, меафзоянд табибони чашм: «Илова бар ин сафҳаи намоиши компутер маводеро дорост, ки метавонад мушкилиҳои зиёдеро эҷод кунад». 

Ҷаноби Эмомов мегӯянд, хира шудани чашм ба сафҳаи намоиш, шумораи мижа заданро коҳиш дода, боиси хушкии биноӣ мегардад. Пас аз ҳар 20 ё 30 дақиқа, ки шахс дар муқобили сафҳаи намоиши компутер ва телевизор қарор мегирад, бояд ҳадди ақал аз 20 то 30 сония чашми хешро истироҳат диҳад. Зеро он ба дида кӯмак менамояд, то нарм шуда, рефлексҳои чашмӣ, ки дар ин хусус фаъол буданд, истироҳат кунанд, то мушкилот ба вуҷуд наояд.

 Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter