ХАБАРИ ДОҒ

Маоши муаллим баробари раис бошад!

  • Чоршанбе, Янв 26 2022

 

Салом рӯзномаи мардумии СССР! Ман сокини ноҳияи Ёвон мебошам. 1 чизро қайд кардани ҳастам, ки дар асри гузашта муаллим ба қатори раисони ҳукумати ноҳия маош мегирифт. Ҳурмати муаллим дар назди қонун, ҷомеа ва давлат ба инобат гирифта шуда, маошу нафақааш ҳам болотар буд.

Ман 41 сол собиқаи кори омӯзгорӣ дорам. Нафақаи ман ҳамагӣ 400 сомонӣ таъин шудааст, вале ҳамсолони ман, ки 25- 30 соли собиқаи корӣ доранд, 900 сомонӣ нафақа мегиранд. Чаро?  Ҳоло тавассути газетаи мардумии СССР ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 пешниҳод дорам: бигузор маошу нафақаи муаллим аз дигар табақаи ҷомеа болотар карда шавад! Ин ҳам обрӯи муаллимро мебардорад ва ҳам сафи муаллимони ҷавонро дар мактабҳо, алалхусус мактабҳои деҳот, меафзояд.

Рустам Муродов,

н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter