ХАБАРИ ДОҒ

Файзобод: кӯдакони мактабгурез…

  • Чоршанбе, Фев 02 2022

 

Дар бозори «Истиқлол»-и минтақаи Мискинободи ноҳияи Файзобод хонандагони зиёде ба фурӯши маҳсулот машғуланд. Ба ғайр аз ин дар 2 даромадгоҳи бозор хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи №59 арғамчини дарозро гузошта,  ҳангоми гузаштани нақлиёт 2-сомонӣ маҷбуран талаб мекунанду баъд роҳро мекушоянд.

Охири моҳи декабр ба бозори «Истиқлол» омадам, 2-нафар хонандагони муассисаи №59 арғамчин дар даст мошинҳои даромаду баромадгоҳи деҳаи «Заркамар»-ро нигоҳ дошта, 2-сомонӣ аз ронандагон мегирифтанд. Виҷдонам ором нагузошту оост ба шуъбаи ВКД-и дар минтақаи Мискинобод омада, аз навбатдор сабаби ба пулчинӣ ва савдогарӣ даст задании ноболиғону хонандагонро пурсон шудам. Дар шуъба бошад иброз намуданд, ки бори гарони зиндагӣ низ ноболиғону хонандагонро маҷбур кардааст, ки ба савдогарӣ машғул шаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул кард. Тибқи ин Фармон падару модарон вазифадоранд, ки фарзандро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, китобхонӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоянд. Аз чӣ сабаб бошад падару модарон, нозири минтақавии ноболиғони шуъбачаи ВКД-и ноҳияи Файзобод фармони мазкурро сарфи назар мекунанд?

Хонандагони мактабҳое, ки дар минтақаи Мискинобод ҷойгиранд, аз беназоратии роҳбарони синфҳову директорон истифода бурда, ба ҷои хондан, ба бозор рӯй меоранд. То солҳои пешин нозири минтақавии ноболиғони ШКД моҳе 2-3 маротиба омада, дар бораи таълиму тарбия, ахлоқи ҳамида, ватандорӣ, вохӯрию суҳбатҳо меоростанд. Дар 2 соли охир боре мушоҳида накардаам, ки нозирони ноболиғони ВКД ба мактабҳо омада бошанд.

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter