ХАБАРИ ДОҒ

2333 донишҷӯ ба хизмат рафт

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

 

    Дар даъвати имсолаи баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ 2 ҳазору 333 хатмкунандаи макотиби олии кишвар ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд. Раҳимҷон Саидзода, вазири маориф ва илми мамлакат гуфт, ки ҳамаи ин ҷавонон асосан хатмкунандаи факултаҳои ҳуқуқшиносӣ буда, ихтиёрӣ ба хизмат рафтаанд.

   - Тибқи қонуни нав онҳое, ки мехоҳанд, дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд, бояд хизмат намоянд. Хизмат ба Ватан-Модар вазифаи муқаддаси ҳар 1 шахс аст ва ҳар 1 кас бояд хизмат кунад. Замоне, ки ман донишҷӯ будам, баъди курси 1-ум рафтам, 2 сол хизмат кардам. Ин мактаби мардонагӣ аст ва ҳар 1 мард ин чизро бояд гузарад, таъкид кард вазири маориф ва илми кишвар.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter