ХАБАРИ ДОҒ

Аз 16 то 19 августи соли равон дар вилояти Псков бо роҳбарии фармондеҳи қушунҳои ҳавзаи ғарбӣ машқи низомӣ бо номи «Взаимодействие-2016» бо қушунҳои зудамали ОДКБ ба нақша гирифта шудааст. Дар машқи низомии мавсуф қуваҳои мусаллаҳ аз ҷумҳуриҳои Ҳайистон (Арманистон), Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат хоҳанд варзид. Ҳини машқи низомӣ бартарафсозии муқобилияти низомиву бетартибиҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст. Пеш аз оғози машқ омӯзгорони мактабҳои олии низомии Россия, қумондонҳои олии минтақиаи ғарбӣ ва ситоди ОДКБ дарсҳои назариявӣ гузарониданд.
 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter