ХАБАРИ ДОҒ

Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон норӯшан монд

  • Ҷумъа, Фев 02 2018

Баҳси марзӣ-делимитатсия ва демаркатсия сарҳади давлатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон боз норӯшан монд. Президентони 2 кишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон-Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков, ки дирӯз дар Душанбе вохӯрда, мулоқот карданд, зимни нишасти матбуотӣ пас аз адои музокирот дар сатҳи олӣ гуфтанд, ки масъалаи марз ва баҳсҳо гирди он ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст ва комиссия муштараки ҳукуматӣ дар ин самт бояд кори худро давом диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ дар суханронии хеш ба намояндагони васоити ахбори умум, зикр намуд, ки соли ҷорӣ ба оғози муносибатҳои 2 кишвар 25 сол пур шуда, заминаи шартномавию ҳуқуқии устувори муносибатҳои дуҷониба, ки беш аз 85 ҳуҷҷатро ташкил медиҳад, фароҳам гардидааст.
- Мо бо мӯҳтарам Сооронбой Шарипович, оид ба муҳимияти идома додани муколамаи сиёсии доимӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҳамфикр будем. Мо инчунин оид ба пурра истифода бурдани он иқтидори бузурге, ки дар муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон мавҷуд аст, изҳори андеша намудем. Ҳамзамон зарурати таҳкими бахши иқтисодии шарикии мо дар заминаи дарозмуддат таъкид карда шуд. Ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳоямон соли гузашта тақрибан ду баробар афзуд. Барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодиамон захираҳои назаррас мавҷуданд. Имкониятҳои тиҷорати наздисарҳадӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ пурра истифода нагардидаанд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, инчунин истеҳсоли маводи сохтмон ва бахши аграрӣ ояндадор арзёбӣ гардид. Мо ҳамчун давлатҳои болоии ҳавзаи дарёҳои минтақа ба муҳимияти истифодаи самарабахши захираҳои обию гидроэнергетикӣ ишора намудем. Мо аҳамияти талошҳои минбаъдаро оид ба пешбурди лоиҳаи бузурги минтақавӣ — КАСА-1000, ки бозорҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, зикр намудем, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Вобаста ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсия сарҳади давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҷонибҳо майли қатъии худро дар самти идома додани корҳо оид ба мувофиқа намудани минтақаҳои боқимонда дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тасдиқ намуданд.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter