ХАБАРИ ДОҒ

Аз Ҳукумат посух гирифтаниед? Пас, аз ҷои кор маълумотнома биёред!

  • Душанбе, Фев 18 2019


   Масъулини ҳукумати н.Вахш мегӯянд, ки барои гирифтани посух ба суолҳои худ хабарнигорон минбаъд бояд аз ҷойи кор маълумотнома-справка биёранд. Дар ин бора муовини аввали раиси н.Вахш Саидбек Абдуллозода рӯзи 11.02.2019 зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон таъкид кард.
  Худи раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло дар нишасти матбуотӣ ширкат накарда, ба ҷойи раис муовини аввалаш нишасти матбуотиро баргузор намуд. Ӯ нахуст баромад карда, тӯли 35 дақиқа маърӯза хонд ва бо ин сабаб барои саволу ҷавоб бо журналистон вақти кам ҷудо карда шуд.
   Дар рафти нишаст хабарнигорон изҳор намуданд, ки дар баъзе ҳолатҳо гирифтани посух ва маълумот аз МИҲД н.Вахш хеле мушкил мешавад, вале Саидбек Абдуллозода дар ҷавоб таъкид намуд, ки минбаъд намояндагони воситаҳои ахбори омма барои дарёфт кардани посух ба саволҳои худ бояд аз ҷойи кор маълумотнома пешниҳод намоянд…
   Ба маълумоти роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мерасонем, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶТ дар соҳаи ВАО, хосса Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» гуфта шудааст, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолият касбии редаксияи ВАО, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter