ХАБАРИ ДОҒ

21.07.2021. Владимир Зеленский, президенти Украина Қонун дар бораи «миллатҳои муқимӣ»-ро имзо кард. Акнун тоторҳои Қрим, қараимҳо ва қримчакҳо қавму миллатҳои муқимии Украина маҳсуб мераванд. Русҳо неъ! Ба ҳамин тартиб русҳо куллан мақоми маскунии хешро дар ин кишвари, ба гуфти худи фашистак-скинхедҳои маскавӣ, «бародар-славянӣ» гум карданд.

Кремл ба худ наомада, зарбаи муҳликтару мудҳиштаре ба Россия ва маданияти русӣ аз Назди Балтика расид. Латвия ва Эстония, ки беш аз 30 сол аст, бо «гузаштаи нангини советӣ», яъне бо урусҳо ҳарб мекарданд, ба ҳуҷуми барқосо гузаштанд. Дар ин 2 кишвар мактабҳои русӣ баста, ҷамъияту ташкилотҳои фарҳангии урусӣ пӯшида ва тамомии каналҳои ТВ Россия дастнорас шуд. Барои тамошои шабакаҳои урусӣ штраф мекунанд: 640 евро!!!

Эгилс Левитс, президенти Латвия бошад, сареҳатан ба русҳои муқимӣ расонид, ки онҳо дигар «одамони дуввумдараҷаанд». Ӯ гуфт:

-Мо бояд ба мероси советӣ хотима гузорем, зеро дар бозори меҳнат талабот ба русзабонҳо аз англису немисиву латвондонҳо бештар аст!!!

Президент ба он ишора кард, ки дар аксарияти корхонаҳо ба русдонҳо тарҷеҳ медиҳанд. Зеро 24,5% аҳолии кишвараш…просто урусанд!

Латвия ба русзабонҳо бархӯрди баде дорад-мегӯянд дар Маскав ва мисол меоранд-дар ин кишвари Аврупоӣ мардумро ба 2 сорт, 2 қисмат ҷудо карда, ҳатто 2 навъи паспорт медиҳанд. Паспорти русҳо ва афроде, ки баъди соли 1940 ба ин кишвар омадаанд, сиёҳи осмонӣ буда, мӯҳри «на-шаҳрванд» (негражданин) гузошта шудааст. Ва ин дар Иттиҳоди Аврупо. «Негражданин», яъне урус ҳуқуқи кор дар мақомоти қудратӣ, ҳукумат, ширкат дар интихобот ва ҳатто ҳаққи хизмат дар Армия надорад! Абсурди кор ба ҳаддест, ки ҳатто 131 тифли навзодро аз таваллудхона бо тамғаи «негражданин» баровардаанд.

Соли 2021 тамомии мактабҳои миёнаву олии русӣ дар кишвар баста шуда, сар аз 01.02.2021 Первый канал, «НТВ Мир», «РЕН ТВ Балтия», «Кинокомедии», «Киномикс» дар ҷамъ 16 ТВ русӣ баста шуд.

Эстония низ паспорт бо тамғаи «негражданин» дорад, вале «на шаҳрвандони Эстония» ақаллан ҳуқуқи ширкат дар интихобот доранд. Дар ҷамъ онҳо низ одам нестанд, чизе миёни одам ва одамони навъи 1, яъне эстониҳо мебошанд.

Президент, парлумон ва мақомоти давлатӣ расман ва бидуни ягон шарму айб русзабонҳо ва маданияти ишонро «мусори СССР» мехонанд ва Иттиҳоди Аврупо хомӯш аст.

Керсти Калюлайд-президенти Эстония бошад, ин ҳама чораҳоро боз ҳам кам дида, мехоҳад фишор сари маданияту фарҳанги русӣ афзоиш ёбад:

«Худи факти будани урусҳо ҷамъиятро рахна месозад. Идомаи фаолияти мактабҳои русӣ таҳдид бар мавҷудияти забони эстонӣ фарҳанги эстонӣ ва ягонагии Эстония аст!»

Гуфта мешавад, фишору тазйиқ сари русҳои Назди Балтика пас аз аннексияи Қрим аз ҷониби Путин афзудааст. Зеро кишварҳои собиқи шӯравӣ баъди ин амал тарсиданд, ки Кремл онҳоро низ ишғол мекунад. Воқеан ҳам, агар фишор ҳамингуна давом кардан гирад, ВВП просто маҷбур аст, ки барои ҳифзи русҳои худ…ин корро кунад. Неъ???

Боз дар ҳоле, ки Русия 200% медонад, Аврупо ва Амрико дӯстон не, душманонаш шудаанду гуфти бобои Ғулом «Бор барака!» гуфта, шояд онҳоро 1 бор биҷумбонад?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter