ХАБАРИ ДОҒ

 

 1.Ҷазои Медведев

08.08.08.  Аккурат 13 сол пеш, аннексияи Гурҷистон аз ҷониби Россия шуруъ шуд. Дар ин рӯз Гурҷистон бо сарварии «генералиссимус» Саакашвилӣ ба Россия ҳуҷум кард. Зеро НАТО, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба ӯ ваъдаи кӯмак ва ҷонибдорӣ карда буданд. Аммо бо гузашти ҳамагӣ 5 рӯз қариб Тифлисро низ аз даст медод. «Ҷанги барқосои Мишка Сакашвилӣ ва Димка Медведев» ба он хатм шуд, ки ахирӣ, минҳайси президенти ФР ними Гурҷистонро бо шумули Осетияи ҷанубӣ ва Абхазия кашида гирифт. Мишка бошад, галстукашро аз тарс хӯрд! Аз он рӯз ба баъд Гурҷистон мунтазири кӯмаки НАТО нишастааст…

1.ВВП ва Қрим

16.03.2014. Авохири феврал ва авоили моҳи март аннексияи Қрим, аз ҷониби Путин шуруъ шуд, ки ба инзивоъи куллии Россия овард. Дар таърихи 16 март бошад, референдум баргузор гардид, ки дар он аҳолии Қрим ба Россия бупайваст.

Баъди ин моҷаро нисфи территорияи Украина бо шумули Донбас, Донетск, Луганск ва бахши аъзами ин кишвар ба конфликти 7-сола роҳ бурд, ки охираш маълум нест…

2.Вақте масхарабоз президент аст

20.05.2019. Президенти нави Украина артисти масхарабоз, комики миллионер, яҳудитабор Владимир Зеленский интихоб гардид. «Мардум шӯхӣ кард!»-гуфтанд  коршиносон. Вале баъдан маълум шуд, ки ин проекти нави Ғарб асту «мардумро масхара кардаанд!». Зеленский тамомии кӯпрукҳои дӯстиро миёни ҳамзабонони славянаш канда, бо Путин ҷанги беамон эълон намуда, моҳи гузашта, русҳоро мардуми ғайрибумии кишвараш хонд. Ин кам буд, ки ҳамакнун димоғи Лукашенкои хохолтабор аз ӯ сӯхт…

3.Лукашенко дар ғазаб!

09.08.2021. Александр Лукашенко дар нахустин пресс-конфронсаш, баъди даргириҳо дар Минск, сареҳатан президенти Украинаро дар тазоҳуроту нооромиҳои кишвараш муттаҳам карда гуфт, «аз кадом ҳамсоягӣ ҳарф занем, вақте дар Украина мардумро ба ҷанг омода карда, машқ дода, бо силоҳ ба марзу буми мо мепартоянд?».

Батко аз Литваву Латвия ва Эстония-3 ҳамсояи дигараш низ изҳори нороҳатӣ намуда, онҳоро ба таҳрики мардум барои кудатои давлатӣ муттаҳам намуд. Ва дар охир Лукашенко сареҳатан ба Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва Амрико ҳушдор дод, ки «агар ҷанги 3-и ҷаҳониро бо Русия ва Белорус мехоҳед, пас омода бошед!» ва афзуд «Дар ин ҷанг ғолиб намемонад, ҳама тару хушк месӯзад, вале рафту ғолиб тарафе шуд, бовар кунед, он шумо нестед!»…

Ба забони дигар Лукашенко ба Аврупо ҳушдор дод, ки агар ҷангро сар кунед ману Путин дабдалаатонро мебарорем. Зеро Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter