ХАБАРИ ДОҒ

 

12.12.1991. Расо 30 сол пеш, бо ибтикор, давуғеч ва болову поинзаниҳои Борис Елтсини бадмаст, «мужики асили урусӣ», намунаи беҳтарини майхорагӣ дар сатҳи давлатдорӣ, охирин боби китоби бузурги 70-сола, бо номи «СССР» навишта шуд. Шӯрои Олии РСФСР созишномаи иттифоқиро денонс кард (фр. dénoncer «лағв кардан, нест кардан»).  Дар худи ҳамин соат депутатҳои рус созишномаи СНГ ё худ Иттифоқи Давлатҳои Муштаракулманофеъро имзо гузоштанд. СНГ ҷойгузини СССР гардид. Давлате рафт ва ҷояш иттиҳодияе рӯи кор омад. СССР, ки бо талоши Ленин ва ҷоннисориҳои Сталин созмон ёфтаву тӯли 70 сол баланси ҷаҳониро нигаҳ медошт, дар они воҳид гум шуд. Ҳудуди 300  млн нафар сокини СССР не, ки 3 нафарак тақдири онро ҳаллу фасл карданд.

Ин дар ҳолест, ки бидуни Республикаҳои Назди Балтика ва РСС Гурҷистон дигар тамомии аҳолии 11 ҷумҳурии бародарӣ, дар референдуми моҳи марти 1991, барои мавҷудияти СССР овоз дода буданд. Усулан ҳамун референдум маънои сарнагунии Шӯравиро дошт. Зеро таври маълум, ягон давлати худро ҳурмат мекарда, аз аҳолӣ намепурсад, ки ман, яъне давлат, бошам ё на? Вале коммунистон пурсиданд. Ва ин хатои фаҳштарин дар тӯли таърихи давлатдориҳо буд.

08.12.1991. Чаҳор рӯз муқаддамтар аз ин Станислав Шушкевич, Борис Елтсин ва Леонид Кравчук дар чаманзори «Беловежская Пуща» сари СССР-ро хӯрданд. Таври маълум, дар соли 1922 ин 3 ҷумҳурӣ-ФР, Украина ва Белорус асосгузори давлати советӣ гардиданд ва маҳз онҳо, на республикаҳои ОМ ва на Қафқозу Прибалтика ҳуқуқи лағви ин давлати абарқудратро надоштанд. Зимнан, аз рӯи сенарияи солҳо омодашуда маҳз сарони 3 кишвари асосгузори СССР ҷамъ омадаву ниҳонӣ онро барҳам заданд.

Гуфта мешавад, ин 3 тан аз президентони 5 ҷумҳурии Осиёӣ на танҳо напурсиданд, ки ҳатто онҳоро дар ҷараён ҳам қарор надоданд, ки давлати ягонаро барҳам мезананд. Хабари нестии шӯравӣ, ки идеологи асосии барҳамрезияш Генка Бурбулис-муовини сарвазир ва Андрей Козирев-вазири хориҷии ФР буданд, ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Миёнаро ғофилгир кард (воқеан ҳам ин 2 тан ҳоло дар хориҷ аз Россия умр ба сар мебаранд ва нафақа аз буҷҷаи Амрико мегиранд).

Баланси ҷаҳон такон хӯрд. Кишварҳо фурӯ рехтанд. Дар харитаи ҷаҳон ҷои 1 кишвар 15 давлати нав ба миён омад. Ба гуфтаи бобои Ғулом «дигар саг соҳибашро намеёфт». Аз ҳама бештар Тоҷикистон зиён дид, ки толибони хонагӣ дар сурати ҳизби наҳзат давлатро ба даст гирифта, хуни ноҳақ рехтаву кишварро ба сангинтарин ҷанги гражданӣ кашиданд. Ҳодисоти хунини кишвари мо барои республикаҳои ҳамсоя дарси ибрат гардид ва президентони соҳибхиради онҳо (алорағми Маҳкамови тарсуву Набиеви беҷуръат) лаҷоми исломистонро ончунон сахт кашиданд, ки дандонҳояшон рехт. Туркманбошӣ ва Ислом Каримов ба террори рӯшоди дигарандешон шуруъ карданд.

Арманистону Озарбойҷон ба ҷанги Қарабоғ дубора вуруд шуданд, ки конфликт то ҳанӯз давом дорад. Гурҷистон ба ҷанги миёнихудии республикаву вилоятҳои автономияш ғутта зад. Молдова бо Приднестровйе ба ҷанг рафт. Украина то ҳанӯз дар ҷанги миёниҳамӣ ғуттавар аст. Дар ин доду ситад танҳо ҷумҳуриҳои Назди Балтика бурд карданду бас. Зеро онҳо оҷилан ба Иттиҳоди Аврупо пайвастанд. Дӯстиву рафоқат миёни 15 республикаи то 12.12.1991 дӯст, рафиқ ва бародар онгуна вожгуна шуд, ки то ҳанӯз бо ҳам душманӣ доранд.

Аз коллапси СССР аз ҳама бештар олами ислом зарар дид. Дасти НАТО, Аврупо ва Амрико боз шуд ва онҳо, ба таъбири Ҷорҷ Буши хурдӣ «крестовый походи нав»-ро сӯи қораи Араб шуруъ карданд. Даҳҳо миллион араб мурд. Даҳҳо миллион мусалмон бехонаву дару гурезаву муҳоҷиру дарбадар шуд. Конфликт Афғонистонро низ ба коми худ кашид ва «лаҳзаҳои гуворои ғарбӣ» давом дорад…

Ва ин ҳама зиёну зарар аккурат паси имзои Елтсин-Шушкевич-Кравчук маҳфуз аст. Зеро аз нуки қалами онҳо, дар ҳамон лаҳза то кунун, ранги ручка на, ки хуни мардум мешорид…

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter