ХАБАРИ ДОҒ

 

 

    Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шуда, ба ҳолати 28.02.2022 теъдоди чунин шаҳрвандон зиёда аз 200 нафарро ташкил дод.

 

 ***

 Чуноне ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ медиҳад, рӯзи шанбеи 5 марти соли ҷорӣ ба рӯзи душанбеи 7 март гузаронида шуда бо ҳамин тартиб сокинони кишвар рӯзҳои 6,7 ва 8 март истироҳат хоҳанд кард.

 ***

   Генерал-майори милитсия Ҳомидзода Бароталӣ Партов сардори Раёсати ВКД ҶД дар шаҳри Душанбе таъин гашта, дар ин вазифа Назарзодаро Шариф Раҳмонро иваз намуд. Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон сардори Раёсати ВКД ҶД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гашт.

 ***

    Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки парвозҳои ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба самти шаҳрҳои Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж дар робита бо вазъият дар Украина муваққатан бозошта шудаанд.

 ***

01.03.2022 дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2022 оғоз гардид. Барои аз қайд гузаштани довталабон дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter