ХАБАРИ ДОҒ

 

 04.03.2022. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии

шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид.

 

   04.03.2022.Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз тоҷикистониён дархост кардааст, ки вобаста ба вазъи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон ба таҳлука дода нашуда, меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории ФР-ро тибқи тартиби муқараргардида риоя намоянд.  

 

   05.03.2022. Дар пайи таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ болои Россия ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines парвозҳояшро ба Тоҷикистон комилан қатъ кард. Ширкати S7 Airlines аз 4 фурудгоҳи Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд Кӯлоб ва Бохтар ба шаҳрҳои гуногуни Россия: аз ҷумла, Новосибирск, Маскав, Барнаул, Омск, Томск парвоз анҷом медод.

 

    06.03.2022. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии «ЮНИСТРИМ» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «ЮНИСТРИМ» ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд. 

 

 

   07.03.2022. Дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба гузоштани рамзи ҷашни Наврӯз – Суманак оғоз карданд. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter