ХАБАРИ ДОҒ

Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

Мақоми урф дар ахлоқи ҳанафӣ

Дар осори фиқҳии худ ба ин нуктаҳо баҳо дода, мӯҳсиноти ахлоқиро муайян карда, фикри мардумро нисбати рафторҳои неку бад сарфи назар намекунад. Аз ин ҷиҳат ӯ урфро макони аҳкоми шаръӣ қарор дода, ба бисёр рафторҳои инсон аз нигоҳи урф (анъана ва таомули мардум) баҳо медиҳад. Воқеан мардум худ дар бораи кори неку бад хуб қазоват мекунад. Бидуни истидлоли ақлӣ (ақлонӣ) меъёрҳои неку бади ахлоқие қабул шудаанд, ки онҳо бе ҳеҷ далел аз тарафи мардум писандидаанд ва ба шарҳу баён эҳтиёҷ надоранд. Зеро сарчашмаи онҳо фитрати инсонӣ мебошад.

 

Мақсад аз ахлоқ он риштаи усул ва низомест, ки амалан ба он таҳсини ҳамаи ҷомеаҳоро барангезад. Масалан, усули амонатдорӣ асли ахлоқие аст, ки ҳамаи аҳли ҷаҳон ба он иттифоқи назар доранд. Пас хулқ ва рафтори хуб дар ҳама замону макон хуб аст ва тамоми инсоният бад-он доварӣ мекунад ва ҳеҷ навъи тамаддун тағйире ба он намерасонад, яъне ин ахлоқ аст, ки инсонро аз ҷомеъи мавҷудоти дигар фарқ мекунонад, ҳарчанд афзалиятҳои дигар ҳам барои инсон вуҷуд доранд, мисли тафаккур ва забон. Вале дар ҳар сурат ахлоқ шоистатарин фарқияти инсон, афзалияти ӯст. Барои ҷомеаи мутамаддин, ки мо дар бунёди он ҳастем, бояд ахлоқе бошад, ки ба пешравии ҷомеа, рушди ахлоқию тамаддуни он кумак намояд. 

 

 Русуми тоҷикӣ дар фиқҳи ҳанафӣ

1 нуқтаи дигарро низ бояд таъкид кард, ки Абуҳанифа аз таърихи сиёсии қавми худ тоҷикон-эрониён ба хубӣ огоҳ буд ва дар таълимоти ахлоқии худ ғояҳои мусбати онро бо ғояҳои исломӣ пайваст сохта, ҷумла суннатҳои иҷтимоии хайрия, расонидани кумак ба ҳамсоягони бенаво ва ғайраро шарҳ додааст. Ҳамчунон, ки аз фиқҳи Абуҳанифа бар меояд, хайрия ва амалҳои хайрия, закот барои маҳрумон ва мустаҳақон, кумакҳои мустақим ба мадрасаҳо, додани вомҳои (қарзҳои) бе баҳра, таъмини хӯрок ва сарпаноҳ ба мардумони муҳтоҷ дар шаҳрҳо ва деҳаҳо аз муҳимтарин амалҳои неки инсон ва ҷомеаи инсонӣ дониста, зебу зиннати ин ҷомеа гардидаанд. Аз ин рӯ ба қавли Абуҳанифа моро мебояд, суннатҳои ахлоқии худро такмил бахшида, баҳрамандшавии тамоми аҳли ҷомеаро аз онҳо таъмин созем ва меъёрҳои умумибашариро пурра ҷорӣ кунем.

Ҷомеаи мо ба таври куллӣ дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ аст, вале он дар амалу рафтори на ҳамаи аҳли ҷомеа ҷойгузин шудааст. Шахсоне дучор мешаванд, ки ба амали зишти ахлоқӣ даст мезананд, бо рафтору кирдори зишташон ба ҷомеа зарар мерасонанд, вазъияти маҳал, атрофиёни худро носолим месозанд. Албатта ба баъзеи чунин рафторҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки дар қонун муайян шудаанд, пеши роҳи амалҳои зиштро мегирад. Вале дар ҳамаи маврид дар муносибатҳои одамон бояд ахлоқ мавқеи асосӣ ишғол кунад.

 

Инсонгароӣ

Меъёрҳо ва рафторҳое ҳастанд, ки ба онҳо аз ҷиҳати инсонигарӣ баҳо дода мешавад, яъне нисбати онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд, онҳоро худи ҷомеа ба воситаи тарғиби ахлоқи нек ва тарбия бояд ислоҳ намояд. Дар ин маврид омӯзишу тарғиби ахлоқи нек, хусусан ақидаҳои ахлоқӣ ва рафторҳои неки гузаштагонамон метавонанд мақоми шоистаро ишғол кунанд.  

Сарчашмаҳои таърихӣ, ривоятҳо дар бораи фаъолияти Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки рафтору ахлоқи шахсии эшон дар тӯли асрҳо намунаи пайравӣ гаштааст. Ба ӯ сифатҳои беҳтарини инсониро муҳақиқон нисбат додаанд. Муҳаммад Ансорӣ мегӯяд:

“Дар ҳар 1 ҳаракати Имом Абуҳанифа, ҳатто дар гуфтугӯ, нишасту бархост ва ғайра аломатҳои донишмандӣ ва фаросат намоён буд”.

 Алӣ ибни Осим менависад:

“Агар ақли нисфи мардони дунёро дар 1 паллаи тарозу ва ақли Имом Абуҳанифаро дар паллаи дигар биниҳанд, паллаи Имом Абуҳанифа вазнин мешавад”.

 Ба Имоми Аъзам хусусиятҳои адолатҷӯӣ, тақводорӣ, тезҳушӣ, фурутанӣ, саховатмандӣ, оромӣ, хайрхоҳӣ ва ғайраро нисбат додаанд.

     

Капитал дар таълимоти Абуҳанифа

Дарёфти молу мулк (капитал) дар таълимоти ахлоқииАбуҳанифа таври ғаризаӣ бошад ҳам, ғайримашрӯъ нест, кору касб ва фаъолияти солим подоши бузург дорад ва сарвати ҳалоле, ки инсон пас аз худ боқӣ мемонад, номи хайр дорад. Дар айни замон, эмоми Аъзами мо, аз дунёпарастӣ, сарватҷамъкунӣ бо роҳҳои нодуруст, судхӯрӣ (протсент) пешгирӣ мекунад.

Осори ахлоқии Абуҳанифа масъалаеро равшан месозад, ки инсон ва ҷомеа набояд ба бебандубории ҳавою ҳавас, сарватпарастӣ машғул шаванд, зеро дар ин сурат ҷомеа дучори фасоди ахлоқӣ мегардад. Майлу хоҳишҳои волои инсонӣ бошад, баръакс, ҷомеаро ба арзишҳои баланди башарӣ ҳидоят мекунад, покию осудагиро ворид месозад ва дар айни замон рушди ҷомеаро таъмин мекунад. Дар ин замина метавон гуфт, ки барои солим гардонидани ахлоқи ҷомеа таълимоти ахлоқии Абуҳанифа хизмати бузургеро анҷом медиҳад, зеро аз уфуқи боло, ки ҳидоятгари ҳар шахс аст, сухан мегӯяд, аз он аҳкоме, ки бар инсон ҳоким аст ва барои арзишҳои баланди ахлоқӣ кумак мекунад.

                                                       Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter