Мавзеи Чилучорчашма осори давраи мезолити ҳазорсолаи 10 - 6-и пеш аз мелоди замони асри санги нав, мисли Тутқавул, Сайёд, Чилондара, Кӯли Суфиён, Даҳана, Дараи Шӯри Данғара, Ғори Оқтанги Исфара ва Обикиик... мебошад. 20 сол қабл ба ин ҷо сафар доштам, барои сабти барномаи радиоӣ. Он замон ҳудуди Чилучорчашма тозаю озода, шумораи истироҳаткунандагон ҳам зиёд буд. Ҳатто аз кишвари Ҳиндустон шавқмандони ин истироҳатгоҳ ташриф оварда, бо мо ҳамсуҳбат шуданд. Ҳамон вақт Чилучорчашма дар тавозуни заводи пахтатозакунии ноҳияи Шаҳритус қарор дошт ва ҳамеша зери назорати масъулин буд. Дар атрофи чашма биноҳои нав, ошхона қомат афрохта, зери дарахтон катҳо барои мизоҷон бо тартиб гузошта буданд. Кас баробари ворид шудан, худро воқеан ҳам дар биҳишт эҳсос мекард. Ҳама ҷо сабзу хурам, аз сӯи чашма насими форам мевазид...
Аммо имрӯз мавзеи Чилучорчашмаи таърихӣ ба 1 мавзеи фаромӯшшуда, ифлосу бетартиб ва беназорат табдил ёфта, ҳолати ҳузновар ва табоҳ дорад. Ва ин дар ҳолест, ки тибқи лоиҳаи вежаи Сарвари давлат, ба муносибати 30-солагии Истиқлолият, аксарияти шаҳру қасбаву деҳоти кишвар гул-гулшукуфон гаштааст. Пас, чаро Чилучорчашма хароб гашт?
Антисанитария ҳукмфармост!
27.06.2023. Соат бо вақти Носири Хусрав 16:30 дақиқа. Бо супориши редаксия вориди ҳудуди мавзеи Чилучорчашмаи таърихӣ шудему ҳуш аз сарамон парид. Дарахтони 2 тарафи роҳ то назди чашма хушк шуда, тавре ба назар мерасид, ки ба ояндагону равандагон бо сари хам «об, об, ташнаем!!!» мегуфтанд. Зери дарахтон орухонаро мемонд, ифлос. Қоғазпораҳоро куҷое, ки рост омадааст, партофтаанд. Растаҳои фурӯшҷо низ бетартиб. Ба ҳоли чашмаи замоне бузургу тозаву озода имрӯз мурғони ҳаво мегирянд.
Дурахтон хушк шуданд…
Шикастапораҳои зарфҳои ҳархела, роҳи 1 вақтҳо мумфаршкарда рехта, чуқуриҳои калон - калон боқӣ гузоштаанд. Чилучорчашма имрӯз торафт ба чӯлу биёбон табдил шуда истодааст. Аз дарахтоне, ки 10- 15 сол муқаддам ин мавзеро зеб медоданд, нишоне нест. Дарахтони мевадори то наздикии соҳили Чашма шинонда, ҳамагӣ чанд қатор мондаасту бас (ниг. ба аксҳо).
Ку масъул?
Мардуми ба зиёратгоҳ омада низ барои қазои ҳоҷат чанд қадам дуртар ҳоҷатхона нарафта, рост наздики Чашма таҳорат мешикананд. Оё ин аз назари ислом ва тозагии беҳдошти саломатӣ ҷоиз аст?
Ин манзараро дида, табъам бисёр хира шуд. Наход ин ҷойи муқадас, ки бошандагони вилояти Хатлон ва меҳмонони хориҷӣ онро аз самими қалб дӯст медоштанду муҳаббат доранд, ин қадар беарзиш шуда бошад? Масъулони соҳа наход 1 эксковатор ёфта натавонистанд, ки гирдогирди Чашмаро тоза карда, симои аввалаашро нигоҳ доранд? Чашмае, ки замоне паҳновар буд, ҳоло ба 1 наҳрчаи хурд мубаддал гаштааст. Биноҳои рангашон паридаю оҳарашон рехтаро кӣ таъмир мекунад? Дарахтонро касе нигоҳубин намекунад. Чун аз дидани ин манзара табъамон хира гардид, ба доманакӯҳи шафати Чашма, ки ҷои зиёратгоҳ аст, нарафтам…
Воқеан ҳам ин ҳама бенизомиву бетартибӣ дар Солҳои Рушди Туризм?! Куҷо менигаранд масъулини соҳа, ба вежа КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ
НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ки ҳамарӯза мушт бар сина кӯфта, рапорт медиҳанд, ки флаону бисмадон рақам сайёҳро ба Тоҷикистон ҷалб кардаем?!
Шабҳо дар Чилучорчашма чӣ мегузарад?
Аз беҳавсалагии ҳамдиёронам, бо дидани ин манзараи нанговар, бо дили реш- реш бо мавзеи Чилучорчашмаи нозанин хомӯшона хайру манзур кардам. Агар рӯзона чунин бемасъулиятӣ нисбат ба ин зиёратгоҳ ҳукмфармо бошад, пас шабона ҳоли ин мавзеъ чӣ гуна аст?
Шояд шабонаи мавзеи Чилучорчашма ба макони фаҳшу тарабу фисқу фуҷур табдил меёфта бошад!? Аз рӯи овозаҳо маҳз чунин аст...
Ин суол маро то расидан ба Душанбе домангир буд…
Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!
Гуландом Ашӯрова,
СССР
Душанбе - Носири Хусрав - Душанбе