ХАБАРИ ДОҒ

МЕДИА-ХОЛДИНГ “СССР”

Сутун бар боми миллат қомати мост,

Ва медонӣ, чаро? Мо Метавонем!!!

 

Таърихи ташаккули Медиа-холдинги «СССР» бо таъсиси Маркази Иттилоотии «Хатлон-пресс» дар соли 2001 оғоз гашта, 15 сол мешавад, ки дар фазои иттилотию сиёсии Тоҷикистон фаъол аст. Инъикоси зиндагии рӯзмарра, кор бо сокинони кишвар, чопи матлабу дархостҳои ҳама табақаҳои аҳолӣ, тарғиби андешаҳои мухталиф, матлабҳои танқидиву тавсифӣ аз қадами аввал нашрияҳои таркибии Медиа-холдингро ҳамчун расонаҳои “мардумӣ” эътироф кардааст. Ҳоло дар ҳайати Медиа-холдинг 4 расона; 2 ҳафтанома ва 2 сомонаи интернетӣ фаъолият мекунанд:

-Ҳафтаномаи “СССР” яке аз маъруфтарин ҷаридаҳои кишвар буда, бо аудиторияи беш аз 50.000 хонанда, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе нашр мешавад;

-Ҳафтаномаи “ФутболVSСССР”, ҳамчун замима ба ҳафтаномаи “СССР” дар якҷоягӣ, бо ҳамон теъдод ва аудиторияе, ки ҳафтаномаи “СССР” дорад, чоп мешавад;

-Сомонаи www.khatlonpress.tj яке аз қадимтарин ва серхонандатарин сомонаҳои интернетӣ бо забони Тоҷикӣ буда, дорои саҳафоти англисӣ ва русӣ низ ҳаст, ки иддае аз матолиби худро тарҷума ва нашр месозад. Шумораи умумии хонандагони “Хатлон-пресс” рӯзе ба ҳисоби миёна то 2-2,5 ҳазор мерасад; Бояд гуфт, ки сар аз моҳи марти соли 2016 ин сомона ба номи дигар, яъне WWW.CCCP.TJ пахш мешавад.

-Сомонаи www.football.org.tj яке аз маъруфтарин сомонаҳои варзишии кишвар ба ҳисоб рафта, теъдоди хонандагони ин сомона ҳамарӯза то 4-4,5 ҳазор бинандаро ташкил медиҳад. Сомона на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам мухлису хонандагони зиёд дорад;

-Медиа-холдинг дорои фан-клуби “Ихвон-ал-СССР” мебошад, ки он миёни дигар ВАО ва умуман дар соҳаи журналистика аналог надорад. Клуби мазкур шумораи тахминан аз 40 то 50.000 хонандагон-тарафдорони идея ва афкори ҳафтаномаи “СССР” ва дигар расонаҳои таркибии медиа-холдингро, ки худро бо номи узви “Ихвон-ал-СССР” ва ё «Бародарони СССР” ном мебаранд, дар бар мегирад; 

-Медиа-холдинги “СССР” аз соли 2008 инҷониб ҳар сол чемпионати футбол барои дарёфти “Ҷоми СССР”-ро байни наврасон (U16) дар миқёси ҷумҳурӣ миёни дубли дастаҳои Лигаи Олӣ баргузор менамояд; 

-Медиа-холдинг соли 2014 бо дастгирии соҳибкорон ва тоҷирони шинохтаи кишвар ва бо ёрии бевоситаи шахсиятҳои аввали ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб варзишгоҳи “СССР”-ро сохт, ки сар аз соли 2015, дар заминаи он Академияи хурди футболи “СССР” фаъолият мекунад. Академияи номбурда наврасони соҳибзавқро гирд оварда, бо ҷалби мураббӣ ва муаллимони соҳаи варзиш онҳоро таълиму тадриси футбол медиҳад. Дар ин мактаби варзишии СССР беш аз 100 кӯдаки аз 5 то 15 сола ройгон машқи футбол мекунанд;

Ҳамкорӣ бо мо-бурди ҳар яки шумост! Саҳафоти ҳафтаномаҳо, сомонаҳои интернетӣ, таблову афишаҳои бозиҳои варзишӣ ва дигар воситаҳои муосири Медиа-холдинг дар хизмати шумо-мизоҷони арҷманд қарор дорад. Хабару иттилооти тарғибӣ, тасвиру нақшаҳои рекламавиатонро дар расонаҳои Медиа-холдинги “СССР” ҷой дода, соҳиби бузургтарин бозор ва эътибору эътирофи мардум шавед.

Мо метавонем!

Нишонии мо: Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 4.

Е-майли мо: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  

 

Китобҳо

Flag Counter