ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 03 2022

Абдуқодири Абдуқаҳҳор-журналисти фарҳехта ва шахсияти вораста меҳмони газетаи мардумӣ шуда, роҷеъ ба кофарҳукмгарони фанат, шогирдону муридони мулло Абдураҳими қазоқонӣ ва ғ. ва ҳ. изҳори таассуф намуд, ки мардуми мусалмонро кофар мехонанд. Ҳол он ки худ намедонанд, кофаранд ё мусалмон? Биҳишт мераванд ё дӯзах?

-Ман аз ҳама муллоҳои комилёфтаву рушдкарда, на мутаассибу фанат, фейкҳои хасакии Форуқу Чоруқ, балки маҳз аз мулло Абдураҳими Қазоқонӣ ва ҳаммаслаконаш 1 суол дорам: Оё, ту, шумо биҳиштиед ва 100% бовар доред, ки биҳишт меравед, на дӯзах?

Ва то онҳо ба ин суоли оддӣ посух меҷӯянд, ин шеъри Алимуҳаммад Муродии нозанинро хонандагони СССР хонда роҳат кунанд:

Он чӣ дорӣ аз ҷаҳолат, ном имонаш накун,

Ҳарчӣ дар ақлат нағунҷад, куфр эълонаш накун.

Бар савобу бар гуноҳи мо қазоват аз Худост,

Ту қазоват гар кунӣ, аз номи Яздонаш накун.

Чоршанбе, Июл 27 2022

 18.07.2022. Соат ба вақти Душанбе 14:55 дақиқа. Сарояндаи номдор, донандаи мантиқ-уш-ашъор, кони сухану маъхази шеъру ғазал, Чилахон Холов меҳмони редаксияи газетаи мардумӣ шуда, гуфт ба Маскав рафтанист ва аз хонандагон дуо талабид:

- Чанде пеш, дар беморхонаи Шифобахш, бинои 10-ум, ҷарроҳӣ шудам, ки хонандагон ёд доранд. Зеро газетаи СССР дар ин бора навишта буд. Дирӯз гуфтанд, барои ташхиси комил бояд ба Маскав, ба Маркази саратоншиносии ба номи Блохин, равам. Ҳамин ҳоло шиносномаи хориҷӣ гирифтаму билет ҳам харидам. Дуогӯ бошед, ки сафарам бе хатар гардаду ин мараз номаш аз олам гум!!!

Аз редаксия: Колективи кори редаксияи газетаи мардумӣ, армияи садҳазораи хонандагон, муаллифон, аъзои Ихвон ал СССР, 9 миллион сокинони Тоҷикистони азиз, дастбадуоем, ки газанду офатҳо аз бадани Чилахон Холов-нафаре, ки 2 аср (20 ва 21) хотири моро шоду табъамонро болида медорад, дур боду саломаташ бардавом, давлаташ бегазанд ва умраш дароз. Омин! Мо метавонем!!!

Чоршанбе, Июл 20 2022

 

Афшона Мусоева, донишҷӯи ДМТ, сокини ш.Душанбе меҳмони редаксия шуда, шикоят аз кор накардани кондитсионерҳои автобусҳои пойтахт кард.

   - Ман дирӯз аз самти маҳаллаи 102-юм ба автобуси хатсайри №10 савор шуда, сӯи маркази шаҳр роҳ пеш гирифтам. Автобус хеле гарму нафасгирӣ мушкил буд, дар байни мусофирон кӯдакони хурдсол ва пиронсолон ҳам буданд. Нафаре аз ронандаи автобус хоҳиш кард, ки кондитсионерро ба кор дарорад, аммо ронанда ба дархости мусофир диққат накарда, корашро идома дод. Танҳо ғур-ғур кард, ки кондитсионер сӯзишворӣ мехӯрад! Масъулини соҳаи нақлиёти истифодаи умуми ш.Душанбюе пайваста таъкид медоранд, ки дар тамоми автобусу троллейбусҳо асбоби ҳавохунуккунак кор мекунад, дар ин ҳолат ба кӣ бовар кунем?

Чоршанбе, Июл 13 2022

 Соҳибназар Ниёзов, сокини шаҳраки Сарводаи н.Айнӣ меҳмони газетаи мардумии СССР шуда (тел:935358040), гуфт, ки солҳои тӯлонӣ дар назди хонаам боғчае бунёд намуда, дар он ҷо гулу буттаву дарахтон шинонида, аз ҳисоби ҳосилаш  нони даҳонамонро меёбам. 

   - 1 рӯз ба боғи мо 1 шахси бемаданият омада, 1 дарахти боғчаамро бе иҷозати мо бурид. Вақте сабаб пурсидам, гарданғафсӣ карда, ҳатто ба гапҳоям аҳамият намедод. Баракс ниҳолҳои ҳосилдорро буридан гирифт. Пас аз 3 рӯз  боз ба боғам даромада, 1 ниҳоли дигарамро низ қайчӣ карда бурид. Ман ба ШВКД н.Айнӣ рафта, аз ин кораш шикоят кардам. Хушбахтона корманди ин шуъба  Аҳмадҷон Давлатов қабул кард. Мушкили ҷойдошта хеле зуд бартараф шуду шахси гунаҳкор ҷазо дид. Ҳоло мехоҳам тавассути газетаи мардумии СССР изҳори сипоси хешро ба  Аҳмадҷон Давлатов баён намоям. Мешудааст-дия!!!

Чоршанбе, Июл 06 2022

24.06.2022. Соат бо вақти Душанбе 09:50 дақиқа. Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори собиқадор аз шаҳраки Шайдони н.Ашт меҳмони газетаи мардумии СССР шуда пурсид, ки оё дар арафаи иди Қурбон зиндониёне, ки ҷинояташон сабуктар аст, авф мешаванд ё не.

   - Шукри Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имрӯз дар Ватани азизи худ озодона сухан баён кардаву озод нафас мекашем. Ман ба кулли кормандони ин газета миннатдории хешро баён карда, мегӯям, ки газетаи мардумии СССР сирф мардумист ва мақсади омадани ман низ ба редаксия хушхабар расонидан ба мардуми азиз аст.

Ман санаи 16.04.2022 аз маҳбаси Я 3/5 озод шудам. Акнун  ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Ҳукумати кишвар пешниҳод дорам, ки дар арафаи иди Қурбон ба мисли дигар кишварҳои мусалмонӣ барои зиндониёне, ки ҷинояташон сабуктар аст, авф эълон карда шавад. Дар зиндон ҳар яке бо умеди озодӣ мезиҳад, ман ҳам ин эҳсосро чашидаам ва медонам. Агар чунин иқдоме шавад, алалхусус ба шарофати 25-солагии Ваҳдати Миллӣ ва Истиқрори сулҳ, беҳтарин иқдоми башардӯстона хоҳад шуд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 54

Китобҳо

Flag Counter