ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 22 2021

Баъди 19 сол М. Ҳусейнхоҷаев аз Тоҷикистон дувумин нафарест, ки бо ин унвон сазовор гашт. Шоҳматбози тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии «Тошкент Орел 2021» меъёри байналмилалии гросмейтери байналмилалиро иҷро кард. Дар ин сабқат мавсуф аз 9 холи имконпазир бо 6,5 хол зинаи 3-юмро ба даст овард. Шурӯъ аз соли 2002 Фаррух Аминов ягона гросмейстери байналмилалӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Муҳаммад Ҳусейнҷонов 2.06.1987 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст.  Ӯ Тоҷикистонро дар чандин олимпиадаҳои шоҳмот дар солҳои 2006, 2012, 2014, 2016 ва 2018 намояндагӣ кардааст. Вай ҳамчунон ғолиби чандин мусобиқоти байналмилалӣ дар Осиёи Марказист.

Б.Мустафо, ш.Душанбе

Панҷшанбе, Авг 19 2021

Чоршанбе, Авг 18 2021

Рӯзи видоъи Лео Месси бо тими дӯстдоштааш.

Гиря ҳам неъмати илоҳист.

Ҳеҷ эҳсоси дигар тавони онро надорад, ки ҷои гиряро гирад.

Гиря борони раҳмат аст, ки гунаҳҳоятро мешӯяд, агар самимона тавба кунӣ.

Гиря обе поку софест, ки ба он метавонӣ таҳорати ботин кунӣ.

Гиря беҳтарин вожаи муродифи «алвидоъ» аст.

Гиря - чакомаи нигоҳҳо дар рӯзи гусел.

Гиря - ҳамосаи калимаҳо дар лаҳзаи ҷудоӣ.

Гиря - шаҳодатномаи шаҳодати ишқҳо.

Гиря - хуни сафеди дардҳо.

Гиря шеъри беҳтарини ҳар кас ва ҳама кас, ки ҳеҷ не як бор эҷод кардааст.

Гиря - забони фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ.

Рафтани Лео Месси аз Барселона пуровозатар ва пурҳаяҷонтар аз рафтани шоҳону вазирону сипаҳсолорон аз тахт буд.

Як саҳифаи зебои футбол имрӯз варақгардон шуд.

Як девони мавлоноӣ ба ҷевони китобхонаи таърих рафт. 

Барселона бе Месси Барселона нест.

Месси бе Барселона Месси нест. 

Ман боизтироб конфронси хайрбодии ӯро дар Камп-ноу интизор будам.

Ӯ чӣ хоҳад гуфт?

Кадомин калимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳоро ӯ дар ин шабҳои бехобӣ захира карда бошад?!

Ё суханваре барояш матн омода кардааст?!

Матне зебо, бо андарзҳо, насиҳатҳо, васиятҳо, иқтибосу гуфтовардҳо?!

Месси ба минбар баромад.

Худо ба ҳамроҳ! - беихтиёр гуфтам.-Худо забони гӯё диҳад, Лео!

Ӯ ба толор нигарист. Сукуте кард. Калима меҷуст. Аммо оби чашмаш фаввора зад. Мекӯшид оби чашмашро фурӯ барад. Аммо натавонист. Аввал хомӯш гирист. Баъд бо тамоми овоз.

Ларзон – ларзон. 

Ҳама гиристанд.

Минбар ва толор. 

Бовар дорам, ки дар ин лаҳзаҳо миллионҳо нафар дар зовияҳои гуногуни дунё бо Мавлонои футбол гиристанд.

Ман – яке аз онҳо...

Додоҷон Атовуллоев,

мухлиси футбол, Месси ва Барселона

 Бузургтарин Шахсият дар олам…

Воқеан ҳам рафтани Месси аз Барселона хабаре таккондиҳанда аз пандемияи коронавирус, қатлу террору ваҳшигариҳои толибону митингу бенизомиҳову сӯхтору кушторҳо дар олам гардид. Рафтани Месси аз Барселона хабари №1 дар олам шуд. Зеро ӯ худ варзишкори №1 дар олам буд…

Андрес Куччуттини

Лионел Андрес Месси Куччиттини-кӯтоҳ Месси, кӯтоҳтар Кайкак, кӯтоҳтарактар Кайк, 24.06.1984 дар Росариои Аргентина таваллуд шудааст. Футболисти Барселона, капитани мунтахаби Аргентина. Ҳарчанд бо дастаи Барса тамоми нӯшу неъмати олами футболиро чашид, аммо бо Аргентинааш соҳиби ҷоизае нашуд, ки нашуд. Ва ахси корро бинед, ки ҳамагӣ чанде қабл Ҷоми Амрикоро ба даст оварду хурсандияшро натавонист бо Каталония бо ҳам бинад. Аз Барса калушҳояшро пеши пой гузоштанд. Нашуддд.

Ҳарчанд Барсаро бе Месси ва Мессиро бе Барса дар асри ХХ ва ХХI тасаввур карда намешуд, вале коре шуд, ки ҳамакнун Месси-фарзанди хоназоди ин клуб метавонад дар рӯзу моҳҳои наздиктарин бар зидди Каталония бишӯрад ва дар қабои ПСЖ ба майдон барояд…

6-карат зӯр!!!

Бо қомати 170 см ва вазни 72 кг,  Месси дар таърихи футбол ЯГОНА нафарест, ки 6 бор соҳиби «Бутсаи тилоӣ» ва «Тӯби тиллоӣ»шудааст. Бори нахуст дар 17-солагӣ ба майдон шуда, аккурат 17 сол бо футболкаи Барса баромад карда, 10 бор Ла Лига, 7 бор Ҷоми Шоҳи Испания, 8 суперкубоки Испания, 3 борӣ Суперкубоки Аврупо ва Ҷоми чемпионҳои ҷаҳонро рабуд. 4 карат қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудан боз ба кӣ муяссар мегардад? Суолест риторикӣ албатта…

 

Чоршанбе, Авг 11 2021

 

    Ҳамаи варзишгарони тоҷике, ки дар Олимпиадаи тобистонаи Токио-2020 Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, муҳорибаву мусобиқаҳои хешро ба анҷом расонида, бидуни медали олимпӣ ба Ватан меоянд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Олимпиадаи тобистонаи Токио-2020 10 нафар варзишгар сафар карда буданд. Яке аз варзишгароне, ки мардуми кишвар ба ғолибияти ӯ бештар аз ҳама умед дошт, варзишгар Гулсумбӣ Шарифова бинобар бардоштани лат ҳангоми тамрин аз ширкат дар Олимпиада маҳрум гашт. 

    Нахустин шуда, дар Ҷопон дар марҳилаи 1/16 муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев шикаст дид. Пас аз ӯ ҷудокорон яке пайи ҳам шикаст хӯрданд.    Дар 1/16 рӯзи 26.07.2021 Сомон Маҳмадбеков аз ҳарифи озарбойҷонияш шикаст хӯрд. Рӯзи 27.07.2021, Акмал Муродов дар набард бо намояндаи Гурҷистон дар марҳилаи интихобӣ мағлуб шуд.

    28.07.2021 Комроншоҳ Устопириёнро варзишкори фаронсавӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум сохт. Дар марҳилаи интихобӣ ҳамчунин муштзани гаронвазн Сиёвуш Зухуров аз ҳарифи фаронсавияш мағлуб шуд. Темур Раҳимов низ пас аз 1 пирӯзӣ рӯзи 30 июл дар даври 1/16 ниҳоӣ аз варзишгари гурҷӣ мағлуб шуд.

    Худи ҳамон рӯз, шиноварони тоҷик низ Олимпиадаро тарк карданд. На Анастасия Тюрина ва на Олимҷон Ишанов натавонистанд аз даври интихобӣ берун шаванд. 

    Субҳи 31.07.2021 ҳам барои мухлисон аз Токио хабари хуш наомад: варзишгарон охирин шонси дастёбӣ ба медалро аз даст доданд. Муштзан Баҳодур Усмонов аз варзишгари ӯзбек мағлуб шуд ва давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев натавонист аз варзишгарони африқоӣ дар давидан ба масофаи 100 метр пеш гузарад.

   Тамоми варзишгарони тоҷик бо навбат тап-тап уфтода, «Муҳим на медал, муҳим иштирок!»-гӯён ба Ватан бармегарданд. Ин Олимпиада ҳам бори дигар исбот намуд, ки варзишгарони мо ҳанӯз ҳам барои рақобат дар сатҳи ҷаҳонӣ омодагии хуб надоранд, тайёрии онҳо, ки 1 сикл-4 сол аст (аз Олимпида то Олимпиада) дуруст ба роҳ монда нашудааст ва аз ҳама муҳим кӣ ва кадом ниҳод барои ин бохт посух хоҳад гуфт!?

   Дар ҳошияи Олимпиадаи Токио-2020 Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ дар мавриди истифода ва талаффузи дурусти калимаи «дзюдо» мубоҳисаронӣ карда, гуфтааст, ки  “ҷудо” дуруст буда, “дзюдо”-ву дигар гузинаҳо дуруст нестанд.

   - Ҷудо калимаи ҷопонӣ аст ва худи ҷопониҳо онро “ҷудо” талаффуз мекунанд. “Дзюдо”-ро мо аз забони русӣ гирифтаем. Азбаски дар забони русӣ ҳарфи “ҷ” нест, калима тағйир кардааст, аммо дар забони русӣ нишастааст. Мо имкон дорем, ки аз забони асл гирем, - гуфтааст раиси Кумита. 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 35

Китобҳо

Flag Counter