(дар ҷанги Украина не, дар ҷанг бо гастарбайтерҳо)
05.06.2023. Соат ба вақти СССР 09:33 дақиқа. Ҳушдор: матлаб қабл аз сафари Сергей Лавров ба Душанбе навишта шудааст. Мо Метавонем!
Ба таҳқиқ, Анатолий Чубайс, 34-ум сарватманди ҷаҳон (журнали Форбес), ягона масъули воломақом нест, ки аз Россия, баробари шуруъи амалиёти вежаи низомӣ, фирор кард. Даҳҳо давлатмардон, ситораҳои санъату театр, шоиру нависандаву адиб, бизнесмену олигархҳо... бо сарвати миллиардҳо долларӣ ин кишварро тарк карданд. Ва ин дар ҳолест, ки дар ин додуситад, халқи Тоҷикистон, ба вежа муздурони россиявии он, билкулл аз сиёсати Кремл пуштигирӣ мекарданд. Воқеан ҳам рафтори чубайсҳои урусӣ ҳушдор ба давлатҳои дигари посшӯравист, ки нагузоред, сарват аз ватан берун хазад! Зеро чубайсҳояш низ рӯзе не - рӯзе аз думболаи пулашон мехазанд...
Иғвои тоҷикӣ
Чубайсҳои нагурехта ҳоло дар таркиби ин ҳукумат зиёданд, ки мехоҳанд Россияро аз охирон шарикони стротегияш ҷудо созанд. Намунаи олии ин ихтилофангезӣ...Сергей Миронов аст. Миронови хаппаке, ки баъди сари Жириновский бо усули а ля Жирик талош дорад, муҳаббати “русҳои миллатгаро”-ро, ки ҳамакнун сағера мондаанд, ба даст орад. Вале тавре мегӯянд, “Кори ҳар буз нест-хирман куфтан!”. Анатолий Юристович Жириновский воқеан ҳам сиёсатмадор буд. Ӯ баъди бархӯрд бо хабарнигори СССР дар Маскав-Шамсиддини Муқим, позитсияашро тағйир дод. Зеро хабарнигори мо моҳияти масъалаи миллатситезии ахириро бармало ба худаш исбот кард. Баъди ин дидор, маҳз Жириновский, тибқи ваъда ба мухбири СССР, дар Думаи давлатӣ масъалаи мардикоронро вардошта, талаб намуд, ки вожаи таҳқиромези “гастарбайтер” бар қиболи ишон корбаст нашавад. Ва чунин ҳам шуд! Ва аммо баъди сари Жирик афроде пайдо шуданд, ки ин қартаи кӯҳнаи миллатситезии русиро тоб доданд.
2 - шаҳрвандӣ хатар дорад...
Лидери ҳизби прокремлини “Справедливая Россия – За правду”, ҳанӯз аввали апрели соли гузашта, дар Дума баромад кардаву гуфт, ба тоҷикон паспорти русӣ дода нашавад. Воқеан ҳам газетаи мардумии СССР солҳо пештар навишта буд, ки Тоҷикистон бояд сиёсати душаҳрвандиро бас кунад:
- 1 паспорт, 1 ватан, 1 миллат ва 1 виждон!
Ин шиор - пешниҳоди мо то ҳанӯз, мутаассуф, қабул нашудааст. Вале то ҷое медонем, дупаспортаҳо дар таркиби ҳукумат кам ё нест шудаанд. Ин қадами нахуст аст. Ва бояд чунин ҳам бошад. Ба хотир биоред боз ҳамон чубайсизми русиро, ки аксарият паспорти Исроил низ доштанду дар наздиктарин фурсат хиёнат ба ватан карда, ба меҳани 2 фирор карданд!
СССР зидди шаҳрвандии дигар кишварҳоро гирифтани тоҷикистониён нест, вале агар паспорти дигар давлатро, ки гирифтӣ, бояд инашро биспорӣ, ҷонам! Бинед, фарзияи мо, ки пеш аз ҷангҳо дар Аврупо садо дод, имрӯз самари баде меоварад. Ҷангиёни 2 - паспорта, ки дар Украина меҷанганд, тибқи қонунҳои ҶТ ҷинояткоранд, вале аз сӯи дигар равған бар оташи иғво мерезанд, ки мегӯянд, “Тоҷикон дар Украина ҷанг доранд!”. Вале инҳо Тоҷик нестанд, дигар! Зеро паспорти Россияро доранд. Сари ин муаммо бояд умқан андешид. Душаҳрвандиро манъ ва онҳоеро, ки дар ҷанг ширкат меварзанд, на суд, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандии ҶТ бояд маҳрум кард. Мо Метавонем!!!
Аз сӯи дигар Россия на беҳуда ба тоҷикон паспорти русӣ медиҳад. Зимнан кӣ гарав дода метавонад, ки дар сурати “фишор сари шаҳрвандҳояш” Россия қартаи а ля Украинаро корбаст намекунад? Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Кишвардорӣ низ аз ҳамин иборат аст, ки садди роҳи эҳтимолияти хатарҳо шавад...
Омори душаҳрвандӣ басо нигаронкунанда аст. Бинед, тибқи иттилоъи сарчашмаҳои русӣ, ҳамарӯза аз 410 то 476 тоҷикистонӣ шаҳрванди ФР мешаванд. Танҳо дар соли 2022 теъдоди тоҷикони русшуда марзи 173 ҳазорро гузашт! Ва бо ҳамин суръат кор давом кунад, шояд то ним миллион тоҷик гражданини ФР шавад. Ва акнун ёд оред, ҳини моҷарои Хоруғ, оппозитсияи тоҷики муқими Аврупо чи бонге мезад: дар Бадахшон ҳуқуқи шаҳрвандони ФР поймол мешаванд?!... Ин масъаларо сарсарӣ нагире(м)д....
Ҷанги 2 бо муздурон
Ҳанӯз соли 2011, ки Президенти ФР, дӯсти овони ҷавонии мо, Дмитрий Медведев буд, Кремл, ҳини баррасии мушкили “лётчикҳои руси маҳбуси Қурғонтеппа” бо муздурон ҷанг эълон кард. Онҳоро чун дар Геттои гитлерӣ дар кӯчаҳо меронданду мезаданду таҳқиру таҳвин мекарданд ва ҳатто сар мебурриданд. Он замон, агар хонанда ёд дорад, СССР матлабе бо номи “Письмо сверстнику” нашр кард...
Имрӯз низ айни ҳамон ситам сари Тоҷикон дида мешавад, вале ин бор хушунатбортар! Шикори Тоҷикони беҳуқуқ - муздурони кор, муҳоҷирони меҳнатӣ, студентон ва ҳатто Тоҷикони шаҳрвандии Россияро қабул карда, аз сар гирифта шуд. Машинаи таблиғотии шовинизми русӣ, ки аз Дума об мехӯрад ва гуфта мешавад, Кремл ҳам ба он “доброи ғайрирасмӣ” додааст, ба кор даромад. Мо 100% бовар дорем, дар шароити ҷангие, ки Россия дорад, агар Кремл нахоҳад, саге сӯи тоҷик намеҷакад, чӣ расад ба скинхедҳо. Аз сӯи дигар, агар дар Россия шовинизми зерназорат набошад, фарзи мисол, 1 урусбача ва ё 1 пулис, аз куҷо медонад, ки Тоҷик кисту узбеку қафқозӣ кадом аст? Онҳо маҳз бо супориши қатъӣ танҳову танҳо Тоҷикшикор баромадаанд! Факти дигар - пулису шовинистони зерконтрол Тоҷикони Ӯзбекистону Афғонистонро аслан кордор нестанд.
Дипломатияи фишор
Муносиботи сард ва ахирии Кремл, тибқи таҳлили коршиносон ба 2 чиз бастагӣ дошт:
1. Давлатҳои пасошуравии ОМ ба Пекин рафтанду Россия даъватӣ набуд;
2. Муносибати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо позитив гардид.
Пекин ба Душанбе 57 млн грант доду ИА 2,5 млрд доллар қарз, ки гуфта мешавад, аз ин миён 1,9 млрд грант аст!...Россия бошад, ҷои сиёсати иқтисодияшро мусолиматомез кардан, ҳамон қартаи кӯҳнаи соли 1990-ро ба кор даровард.
Други! Шумо аз айвончаи Кремлатон ба берун менигаред? Асри 21 аст ҳоло ва шумо дар тангно ва инзивоъи сиёсӣ мондаед...
Ҳоло бинед, агар Лавров ба ҳадафи пешмондаи Кремл расад, дар 1 рӯз ҳам не, дар чанд соат ин иғво поин меравад, дар сурати акс...аксашро хоҳем дид. Вале дар ҳар сурат, Россия бояд донад, ки Тоҷикистон охирин плотсдарми Маскав дар ақсои олам аст. Ҳар сабру таҳаммулро поин ва ҳар косаеро лаб ҳаст. Сабри Душанбе лабрез шуд, аз хуну пӯст гузашта, ҳатман фармони бадарсозии Дивизияи 201-ро агар барорад, Россия де-юре аз Осиёи Марказӣ ронда мешавад. Ҳарчанд де-факто 3-5 соли дигар метавонад боқӣ бимонад. Зимнан Кремл бояд бо Душанбеи расмӣ бархурди ҳасана ва дипломатӣ дошта бошад, на ки аз думболи шовинистони русии Сергей Миронов харашро маҳмез занад. Зеро амри бадарсозии Дивизия ҳам не, пешниҳоди истирдоди Базаи ФР аз ОМ, оғози шикасти гӯшношуниди империяи 200-солаи русӣ дар Туркистон, ҳоло ОМ, хоҳад шуд. Тавре худи русҳо мегӯянд:
- Свято место пусто не бывает!
Фикр намекунам, шовинизми кӯр-кӯрона дар Кремл то ҳаддест, ки ин ҳақиқати кӯчакро нафаҳманд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
Муҳаммади Мубориз
махсус барои СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар