ХАБАРИ ДОҒ

  - Генерал – майори милитсия Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.  

 - Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» қатъ мегардад, зеро он солҳои 40-уми асри ХХ бунёд шуд, имрӯз умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бад ба экологияи пойтахт ва сокинони он расонида истодааст.

    - Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномае сӯзонидани китобҳои муқаддас, алалхусус Қуръони каримро маҳкум кард.

       - Аввалин маротиба дар 5 мавзеи сераҳолии н.Синои шаҳри Душанбе қуттиҳои партовпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуд ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гардад.

   - Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 19-21 июл кишварро боз тӯфони чангу ғубор фаро мегирад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter