ХАБАРИ ДОҒ

Беадолатӣ дар футболи тоҷик

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

 

Дастаи шуҳратдори «Истиқлол» дар ҳама ҷо шинохта шудааст, ки ин ифтихори миллати тоҷик аст. Аммо чаро футболбозони бомаҳорат ба чашми сармураббии дастаи мунтахаби футболи мамлакат намеафтанд? Ғайр аз ин дар чемпионати дохилӣ ҳакамоне ҳастанд, ки аз қарорҳои боғаразонаи онҳо футболбозони бомаҳорат зиён мебинанд.

Мисол дар вохӯрии дастаҳои «Ҳосилот» ва «Эсхата» инро баръало мушоҳида намудем, ки дар дақиқаҳои охир ба бозингар Бахтиёр Зарипов баргаи сурх нишон дода, бозингар аз майдон ронда шуд. Шахси дигари баргаи сурхро гирифта, аз ҷой хеста, бозии худро давом дод. Бахтиёр Зарипов бошад то ҳоло ба худ наомадааст. Дар бозии дигар низ чунин ҳодиса рӯй дод. Хатоии Б.Зарипов вазнинтар буд, аммо довар бошад огоҳӣ ҳам надод.

Аз раҳбарияти Федератсияи футболи тоҷик хоҳиш менамоям, ки нисбати қарорҳои баъзе доварон пас аз бозӣ ҷиддӣ бошанд.

Зикриё Дилшод,

н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter