ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 01 2023

 

 Нодирхони Алихон, муаллиф ва хонандаи фаоли мо аз ш.Турсунзода меҳмони идора шуда гуфт, ки ба баҳсу мунозираҳои рафиқоне, ки шӯравиро танқид мекарданд, нуқта бояд гузошт.

   - Вақте расидааст, ки ба ин гуна баҳсҳои давомдор хотима дода, нуқта гузорем. Банда ҳам тарафдори бародар Х. Имомов буда, таклиф менамоям, ки саҳифаи 13 тағйири ном кунад. Аагр саҳифаи адабӣ ва панду ахлоқӣ гардад, олам гулистон мешавад. Ба ғайр аз ин чунин саҳифаи адабӣ барои ҳар сокини кишвар ба мисли обу ҳаво лозим мебошад. Зимнан шеъру ғазалу гуфторҳои бадеӣ беҳтар аз баҳсу муноқишаҳои бемаънии баъзе бародарон аст.

Чоршанбе, Фев 22 2023

 

 Басирхон Зоҳидбоев аз Ворухи шикастнопазир, ҳамсояи девордармиёни Меҳрӯзиддин Болтаеви раҳматӣ, меҳмони СССР шуда, гуфт, аз шумораи нахустин ба газетаи мо обуна ва узви Ихвон ал СССР аст:

 - Салому паёми тамомии ворухиёнро ба шумо мерасонам. Шахсан ман 748 шумораи газетаро пурра аз саҳ-1 то 16 хондаам!!! Ҷумъа меоранд газетаро ва то шаби шанбе хонда тамом мекунам! Наркоман шудаам, муътоди газета. Ман ҳатто саҳифаҳои рекламаи шуморо мехонам. Агар нахонам намешавад! Хонда ба дигарон медиҳам ва дастобадаст ҳама дар Ворух СССР мехонанд.

Дар бораи анклави Ворух гуфтанӣ дорам: 31.12.1974 аввалин ҷанги қирғизу тоҷик сар зад. Қирғиз ҷангро нахустин шуда сар кард. Сафо Абдураҳимов ва Музаффарҷон ном сокинони Ворух дар он тирпарронӣ захм бардоштанд. Баъдан КГБ ба пурсуҷӯ сар кард. Хулласи калом, моҳи январи с. 1975 замини 2 тарафи роҳи мошинравро ба қирғиз доданду тоҷиконро дур карда, аз латок боло замин доданд. Ин супориш аз Маскав буд. Ин амали ноадолатонаи Маскав сабаб шуд, ки то ҳанӯз ин конфликт давом дорад ва бо ҳамин Ворух анклави сунъӣ гардид. Дар асл таърихан собитшуда асту ҳама, ҳатто қирғиз ҳам, медонад, ки Ворух сарзамини ориён ва Тоҷикон буд, ҳаст ва мемонад. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Фев 15 2023

 

 Алихон Шарипов, муаллиф ва хонандаи фаоли газетаи мардумӣ аз ш.Кӯлоб, ҷанговар-башардӯст, корманди соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб меҳмони идора шуда, гуфт, ки ба 3 вазири кишвар 1 гуфтанӣ дорад.

   - Аз вазирони нақлиёт, молия ва ҳифзи иҷтимоӣ даъват менамоям, ки дар 1 рӯзи сарди зимистон ба ҷойи синфи коргар, ки ба таври шабонарӯзӣ дар ағбаҳо кор карда, маоши ночиз – 700-800 сомонӣ мегиранд, баромада, кор кунанд. Онҳо дар утоқҳои гарму барҳаво, рӯбарӯи ТВ-ҳои калон нишаста, аз куҷо медонанд, ки ҳоли коргар чӣ гуна аст? Оё инҳо боре фикр кардаанд, ки ин маоши ночиз талаботи 1 оилаи коргарро қонеъ мекунад ё не?

Хуб мешуд, агар Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Файзиддин Қаҳҳорзода- вазири молия ва Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар 1 рӯзи кории хешро дар ағбаҳо гузаронанд, оё тоқат карда метавониста бошанд!? Наметавонанд! Пас оё замоне нарасидааст, ки маоши синфи коргар, ки хеле кам аст, бо назардошти фаслҳои сол боло бардошта шавад? Агар коргар набошад, вазир чӣ лозим?

Чоршанбе, Фев 08 2023

 

Наҷмиддин Худоиев, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз ш.Роғун меҳмони идора шуда гуфт, ки мардум аз бозии Абдулло Нур эҳтиёт кунанд, ки фиреби маҳз аст.

   - 1 рафиқам ба ман пешниҳоди бозии лотореяро, ки тавассути ТВ-и рус таблиғ мешуд, пешниҳод кард. Ман ҳам таваккал карда, 6 дона билет ҳар кадоме бо нархи 250 рубл харидаму рӯзи бозиро интизор шудам. Дар бозӣ 1 сехонага, 1 мошини қиматбаҳо, 45 мошин гӯё монда шуда буд. Аммо надонистам, ки ин бозӣ фиреб будаст. Даҳҳо шаҳрвандони мо дар Россия ба доми фиреби ин лоторея афтода, банкрот мешаванд. Бачаҳо! Ба доми фиреби чунин Абдуллову Аслиддинҳои ватангумкарда наафтед!

Чоршанбе, Фев 01 2023

 

 Файзиддин Сафаров, сокини ҷамоати Тагобаи н.Рашт меҳмони идора шуда (тел: 985152855), гуфт, имсол зимистони бесобиқа омадааст, вале барфи бештар дар ш.Душанбе будааст, дар тарафҳои мо барф қариб, ки нест ва роҳҳо тозаанд.

- Аз Рашт ба ш.Душанбе хеле зиёд меояму меравам. Дар роҳ баъзе навиштаҳоро дида, ҳайрон мешавам. Масалан дар ҷойе «Тавора» навишта, насб шудааст, ки ин калима барои аксарият нофаҳмост. Ба ҷои ин «Девор» ё «Гирдгашт» нависанд, зеле зебо ва оммафаҳм мешуд. Дигар ин, ки мошинҳои «Оташангез» навиштаро дида, дар шигифт мемонам, зеро ин навишта маънои онро дорад, ки мошин гуё худаш оташ меангезад, ки албатта хатост. Агар «Аз оташ хатар» менавиштанд, хубтару беҳтар мебуд. Ё ин ки «Шустушӯи нақлиёт» гирем, хеле дароз аст, ба ҷойи ин «Шустгоҳ» - ро истифода кунем, осонтар мешавад.

Чоршанбе, Янв 25 2023

Ганҷина Бобоҷонова, сокини деҳаи Дурбати ш.Ҳисор меҳмони идора шуда, гуфт ки (тел: 906999536) бо гузашти 3 ҳафта аз шикояташ дар қабули раиси ш.Ҳисор, раиси ҷамоат ва дигар шахсони масъул ҳануз ҳам мушкили хонааш ҳал нашудааст.

   - Дар ин ҳавои сард дар хонаи маскуншудаи бебарқу об зиндагӣ дорам. Писарам дар ин мобайн бемор ва ҷарроҳӣ шуду касе ба додам нарасид. Бо дастури муовини аввали раиси ш.Ҳисор раиси ҷамоат вазифадор шуда буд, ки масъалаи барқи хонаи маро ҳаллу фасл кунад, аммо у ягон чора наандешид. Дар шароити хеле вазнин, бе обу барқ рузам ба мушкилӣ пушти сар мешавад. Хонаводаи шавҳарам, ки дар ҳавлиашон маскун шудаам, хати барқу обамро буридаву пайваста таҳқирам мекунанд, вале касе парво надорад. Аризаҳоям дар ҷамоату милисаву прокуратура бе посух хобанд…

саҳ 4 аз 62

Китобҳо

Flag Counter