Сафаралӣ Бегмонов, муаллиф ва хонандаи доимии мо аз н.Ёвон, коммунисти ашадӣ меҳмони редаксия шуда гуфт, ки дар ҳақиқат доғи судӣ доштани ҷавонон проблема шудааст.
- Омузгор намерасад, духтур намерасад, дар идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳал кадрҳои ҷавон намерасанд, вале талаби маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ ва ё барои ҷурми ночизе доғи судӣ задан кадрҳои ҷавонро аз кор дилсард мекунад. Агар ҷавон ҷурме карда бошаду барои кори кардааш ҷазо гирифтаву ҷарима пардохт кардааст, пас айбашро шустааст. Доғи судӣ пас аз адои ҷазо бояд бардошта шавад, аммо бардошта намешавад, то охири умр дар бойгонии ВКД ин маълумот маҳфуз мемонад.
Воҳидҳои кори ҷамоатҳо холӣ мебошад. 2-3 нафар кормандони ҷамоат ба ҳамаи масъалаҳо расидагӣ карда наметавонанд. Парлумони кишвар сари ин масъала бояд ҷиддӣ андешад. Қонун догма нестку, бо мурури замон ва талаботи давр онро тағийр додан мумкин аст.
Маҳмуд Муҳаммадӣ, адиб, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мо аз н.Шаҳритус меҳмони редаксия шуда, аз муҳтавои барномаҳои ТВ гилагузорӣ намуд.
Тамоми шабакаҳои ТВ ошхона шудаанд. Пеш агар барандаҳо тарзи ошпазиро ёд медоданд, ҳоло бошад санъаткорон, овозхонҳо ва ҳунармандон низ пешдоман баста, таомҳои деликатесу қиматбаҳоро ба омма ёд дода истодаанд. Фаромӯш набояд кард, ки аксар мардуми мо рӯзро бо истеъмоли шилдирма-шӯрбо, яъне пиёба мегузаронанд ва намоиш додани хурокҳои гаронарзиш моро асабонӣ мекунад.
Хуб мешуд ба ҷои ошпазӣ дар телевизион «Соати депутат», «Соати вазир» ном барномаҳоро ташкил мекарданд, ин аз манфиат дур нест. Реклама бошад-ку, тамоман рассонаҳои моро ТВ-аптекаи хитоӣ кардааст...
Нодирхони Алихон, муаллиф ва хонандаи фаъоли мо аз ш.Турсунзода меҳмони идора шуда, гуфт, ки бо навиштаи Таваралӣ Авсақолов, хонандаи дигари газета аз н.Фархор дар мавриди саҳмияҳои НБО Роғун ҳамраъйӣ мекунад.
- Дар газетаи СССР таҳти № 219 (742) аз 08.12.2022 мақолаи дӯстамон Таваралӣ Авсақоловро аз н.Фархор дар бораи тақдири ояндаи саҳмияҳои НБО Роғун хондам. Соли 2010 ҳудуди 90% аҳолии кишвар саҳмия харид, вале бо гузашти 12 сол ҳанӯз ҳам тақдири ояндаи ин саҳмияҳо рӯшан нест. Лозим ба таъкид аст, ки аксари шахсони саҳмиядошта камбизоатанд ва давлату ҳукумат барои зина ба зина пардохти он саҳмияҳои неругоҳ бояд андешаронӣ намояд. Банда бо ҳамроҳи оилаам саҳмдорем, 12 сол пеш саҳмия гирифтем, ки давлати пирӣ ронем. Ҳоло синамон ба пиронсолӣ расидаасту намедонем, ки бо саҳмияҳоямон дар оянда чӣ мешавад?
Ганҷина Бобоҷонова, сокини деҳаи Дурбати ш.Ҳисор дар якҷоягӣ бо дугонааш Орзугул Муминова, сокини дигари ш.Ҳисор меҳмони идора шуда (тел: 906999536), гуфтанд, ки ба Парлумони кишвар дар мавриди маскун кардан пешниҳод доштанд.
- Ман 5 сол аст, ки бо 2 кӯдакам дар ҳавлии шавҳарам бо қарори суд маскун шуда зиндагӣ дорам. Дугонаам Орзугул бошад бо 5 кӯдак 2 сол шуд дар хонаи собиқ шавҳараш маскун аст. Дар умум ҳамин маскун кардан кори хеле хатост, чунки зиндагӣ дар хонаи маскункардашуда ва дар якҷоягӣ бо хонаводаи шавҳар тоқатнокарданист. Хоҳаршавҳарон ва бародари шавҳарам борҳо бо талаби холӣ кардани хона маро зери мушту лағад гирифтаанд. Хонае, ки маскунам на барқ дораду на гармӣ, 1 кӯдакам мактабхон аст, бо 100 мушкилӣ рузгореро паси сар мекунем. Хуб мешуд депутатҳои кишвар ҳамин вожаи «маскун»-ро аз байн мебардоштанд, зеро маскун ин зиндагӣ не, азоби зиндон аст! Бигузор мард пас аз талоқ гирифтан, хонаашро фурухта, ба зану кӯдаконаш хона харад, ин албатта ҷазои сахт аст, вале шояд пас аз ин талоқ камтар шавад.
Ҳокими Сафар, хонанда ва муаллифи ҳамешагии газетаи мардумӣ аз н.Файзобод меҳмони редаксия шуда гуфт, ки дар маркази ноҳия дар шафати терминали нақлиёт дӯкони фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, асбобу анҷоми хонандагон ҷойгир буду ба мардуми ноҳия dfберун аз он хизмат мерасонд, вале ҳоло тахриб мешавад.
- Соҳиби терминал ба масъулони дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷалла таҳдид кардааст, ки заминро холӣ кунанд. Вақте ин дӯконро тахриб мекунанд, дигар дар маркази ноҳия ягон дӯкони матбуот намемонад. Соҳиби дӯкон Зуҳро Хоҷаева дар ин бора ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда бошад ҳам, ба додаш нарасиданд…
Дар н.Файзобод ягон дӯкони рӯзномаю маҷалла, мағозаи китоб вуҷуд надорад, вале теъдоди дорухонаҳо рӯз аз рӯз меафзояд. Дорухонаҳои зиёд ба кӣ лозим? Лоақал ба ҷои чанд дорухона мағозаи китоб, рӯзномаю маҷаллаҳо бунёд мешуд, аз фоида холӣ набудӣ.
Ҳоҷимоҳ Изатуллоева, сокини н.Синои ш.Душанбе (тел: 917169104) меҳмони редаксия шуда гуфт, ки писарашро, ки сокини ш.Душанбе аст, «облава» карда, ҳамчун сокини ш.Хуҷанд ба хизмат ҷалб кардаанд.
- Писари калониам аз соли 2021 дар хизмат дар ш.Исфара қарор дошта, дар ҳифзи марзу буми Ватан аст. Писари дуюмамро 02.12.2022, ки сокини ш.Душанбе аст, аз кӯчаи маҳаллаи Озодии занон «облава» карда мебаранд. Ман аз ин кор танҳо ҳамон бегоҳ хабар ёфтам - аз қисми низомии №08010-и Вазорати мудофиаи ҶТ занг зада гуфтанд, ки писаратон дар ҳамин ҷост ва ҳамчун сокини ш.Хуҷанд ба хизмат ҷалб шудааст. То ҷое огаҳ шудам писарамро ба феҳристи Комиссариати ҳарбии ш.Хуҷанд дохил намуда, то ҳоло аз муоинаи тиббӣ нагузаштааст, вале аллакай дар хизмат аст!
Ман модари танҳоям, интизор доштам, ки писари калониам аз хизмат бо сари баланд баргардад, хурдиро низ бо хоҳиши худ ба хизмат мефиристам. Вале акнун бо ин ранги кор ва муносибати Вазорати мудофиаи кишвар, ки писари душанбегии маро хуҷандӣ кардааст, чӣ гуна ба даъвати бе «облава» ва артиши боадолат бовар кунам!?
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар