Сайидо Назаров, журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ меҳмони редаксия шуда, афзуд, ки вақте мо 38 нафар мактаби миёнаро хатм кардем, аз байнамон ҳамагӣ 4 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданду халос.
- Донишгоҳу донишкадаҳо дар солҳои шуравӣ камчин буданду дохил шудан ба мактабҳои олӣ осон набуд. Дар гузашта омӯзгорони донишгоҳҳо ба донишҷуён пеш аз хатм кардан тамому роҳу равишҳои касби интихоб кардаашонро меомӯзонданд, ҳоло бошад не. Вақте донишҷуён донишгоҳро хатм мекарданд аз Маскав барои донишҷуёни мо дархост меомад, ки лутфан кадрҳои омода кардаатонро ба Россия равон кунед, мо ба онҳо ниёз дорем. Ҳоло, ки навбат ба черезу “тағо” давондан расидааст, агар русҳоро хоҳиш кунӣ ҳам, ҷавононро ба кор қабул намекунанд...
Гулямон Алиёрова, рӯзноманигори собиқадор, сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меҳмони газетаи СССР шуда, гуфт, ки ғояи СССР маънояш файзу баракат, рамзи дӯстию рафоқат аст.
- Номи ин газета барои мардум рӯҳбаландӣ бахшида, одамонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад. Сармақолаҳои сармуҳарриратонро зиёд мехонам, ҳамчун хонандаи доимии газета ба журналисти қаламбадаст Сайёфи Мизроб гуфтанӣ ҳастам, ки Шумо Метавонед! Аввалин маротиба вақте, ки рӯзномаи СССР баромад, аз зинда шудани номи СССР зиёд хурсанд шудам. Зеро давраҳои СССР бо дустию сулҳу рафоқати худ давлатҳоро бо ҳам иттифоқ карда мардум осудаву ором ҳаёт ба сар мебурданд. Халқ бо 1 шиору бо 1 мақсад зиндагӣ мекарданд. Танқиду ҳақиқатнигорӣ 1 доруе ҳаст, ки ҷомеаро таҳрир мекунад, роҳи нек нишон медиҳад.
Розия Назарова, сокини шаҳри Душанбе меҳмони идораи газета шуда, аз кам будани нафақааш шикоят кард.
- Нафақаи ман имрӯз ҳамагӣ 150 сомонист. Ман беморам, кор карда наметавонам, дастнигари фарзандонам, нафақаи ночизам ҳатто барои доруворӣ намерасад. Писарон гоҳе кор меёбанду гоҳе не. 1 халта орд 280 сомонист. Нафақаи ман ним халта орд ё 2 табақ нон мешавад. Барои дигар чизҳои рӯзгор аслан намерасад. Бо 150 сомонӣ чӣ гуна зиндагӣ кунам? Чаро нафақаи ҳама зиёд мешаваду нафақаи маро зиёд намекунанд?
Сафинаи Суруш, сокини ш. Душанбе меҳмони идора шуда, гуфт, Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми мамлакат аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус донишҷӯён хоҳиш намуд, ки то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоянд.
- То ба ҳол нофаҳмиҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳи ҳалли худро наёфтааст. Аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, хоҳиш карда шуд, ки то бартараф шудани нофаҳмиҳо ва вазъият аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд. Зеро дар Қирғизистон, мутаассуф, ҳукумат фалаҷ асту анархия ҳукмрон ва донишҷӯ метавонад туъмаи қирғизҳои бадрафтор қарор гирад. Ҳеҷ кас дар чунин вазъ амнияти шаҳрвандони моро кафолат дода наметавонад.
Сафинаи Суруш, мутахассиси Академияи ВАО меҳмонии СССР шуда, гуфт, чанд муддат мешавад, ки Ҳофизи халқии СССР Ҷурабек Муродовро на тариқи телевизион мебинем ва на тавассути радио садояшро мешунавем.
- Дар шумораи гузаштаи газетаи мардумии СССР ҳушдореро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавриди даст ба иғво наандохтани журналистон зимни тайёр намудани гузоришҳо ва суҳбату мақолаҳо хондам. Алалхусус, маро хабар дар бораи Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов нороҳат кард. Дар ҳақиқат журналисти соҳибкасб мусоҳибашро зери зарб намегузорад, вале журналистони мо гоҳо аз ин ноустувориҳо кор мегиранд. Ба қадри Ҷӯрабек Муродов имрӯз бояд расид, на пас аз марг! Мо Метавонем!
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар