ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 22 2021

 

 Меҳроби Ҳалим, сокини к. Н.Қарабоеви ш.Душанбе меҳмони газетаи мардумии СССР, шуда дар бораи  ҳадяи 1 даста гул ба модараш чунин гуфт:

   - Барои зодрӯзи модарам 1 дастагул бо арзиши 100 сомонӣ харидам. Ба модарам ҳадяро додам. Аммо ба ҷойи шод шудан модарам чунин гуфт: 

- О, ба ҷойи гул ва пули он 1,5 гушт нахаридӣ, ки 1 гуштбирён карда хӯрем!? 

Фикр кардам, ки рост мегӯяд. Чаро ин қадар нархи гул гарон шудааст? Шояд тӯҳфакунӣ ҳам хоси ҳамон мардуми элита асту камбағал арзишашро надорад? Нархи гулҳо ҳам аз доллар вобастагӣ дорад-чӣ?

 

Чоршанбе, Сен 15 2021

 Шокир Наимов, хабарнигори СССР аз ноҳияи Рашт меҳмони идора шуда, 2 паём расонид.  

   - Аввал ин ки Россия меравам. Вилояти Перм. Мардикорӣ. Бо муаллимӣ ва хабарнигорӣ нашуд. Пермро СССР-хон мекунам. Дуввум, мехоҳам тариқи газетаи мардумии СССР устод Хуршед Зиёиро барои сазовор шудан ба ҷоизаи давлатӣ муборакбод гӯям. Устодро шахсан мешносам ва аз шогирдии он кас ҳамеша фахр дорам. Инсони заминӣ, олими малакутӣ ва воқеан арзандаи ҷоизаҳои давлатист. Дар корҳои баъдина ба устодам муваффақият ва комёбиҳои беназир таманно дорам. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Сен 08 2021

 

Сорбон Ҷамолиддинзода, сокини н.Данғара меҳмони редаксия шуда, доир ба баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст!» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ибрози андеша намуд. 

    - Бо иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дӯстони зиёд пайдо кардам. Агар пояи давлат сулҳ бошад, пас пояи сулҳу ваҳдат ҳамин озмуни ҷумҳуриявист. Аммо баъзе аз шахсон барои баргузории ин табадуллоти маданӣ ақидаи манфӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ба ҷои маблағе, ки дар ин озмун сарф мешавад, ягон корхона бунёд кунанд, беҳтар аст. Ман ба ин гуна ашхос гуфтаниям, ки агар миллат донишманд набошад, давлат чигуна пеш меравад? Олиме гуфтааст: "Давлате, ки Донишгоҳ надорад, аммо Китобхона дорад, мардумаш донишманд аст".

Аз СССР: Думболаи фикри ашхосе, ки дар моҳ танҳо доғ ва дар шир қил мебинанд, нагардед. «Саг меҷакаду корвон меравад!», дӯстам. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Сен 01 2021

 

Ҳусноро Кабирова, сокини шаҳраки Ёвони н.Ёвон меҳмони идора шуда (тел: 93 146 36 22) дар бораи ба рӯйхати камбизоатони ноҳия шомил нашудани худ ва писари маъюбаш шикоят намуд.

   - Аввал мехоҳам арзи сипоси хешро ба тамоми кормандони газетаи мардумии СССР бирасонам. Танҳо пас аз нашри матлаб вазъи писари калонии ман дар хизмат беҳтар шуда, ӯро аз қисми низомии Роғун ба қисми низомии дигар дар н.Шаҳринав гузарониданду онҳое, ки писари сарбози маро латукӯб карда буданд, дар назди қонун ҷавоб доданд. Шумо воқеан ҳам метавонед! 

   Ҳоло бо 1 масъалаи дигар ба наздатон омадам: ҳамагӣ 2 писар дорам, яке дар хизмати Модар-Ватан асту дигаре аз хурдсолӣ маъюб. Оилаи мо камбизоат ба шумор меравад, вале чаро мо дар рӯйхати камбизоатони МИҲД н.Ёвон нестем, намефаҳмам. Дар 1 соли ахир аз номи Сарвари давлат ва раиси ш.Душанбе борҳо кӯмакпулӣ барои маъюбон ҷудо шуд, аммо ба мо нарасид…

 

Чоршанбе, Авг 25 2021

   

Афсари ҷангдида, яке аз қаҳрамонҳои Фронти халқӣ дар соли 1992-93, ватандифоъи асил дар марзи Исфараву Қирғиз, полковник Лангарӣ Лангариев, меҳмони редаксия шуда гуфт:  

   - Ин шабу рӯз ҳодисоти Афғонистон мардумро нигарон кардааст. Вале ба сокинони кишвар мерасонам, ки ором бихобанд, зеро то мо-афсарони Тоҷик ҳастем, пойи мухолифе, номуборакқадаме ин марзу бумро убур намекунад, чӣ қирғиз бошад, чӣ паштун, чӣ толибу чӣ наҳзатӣ. Мо мемурем, вале душманеро ба ин хокдон раҳ намедиҳем. Шахсан барои ман, бародарони ман, фарзандони ман, табори ман, ки аксарият солдатанд, марг дар ҷабҳа, дар окоп, дар ҳифзи Ватан Шараф аст. Зиҳӣ марге, ки маро дар ҷабҳаи номусу нанги ватандорӣ дармеёбад. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Авг 18 2021

 

Аз чошт бармегаштем, ки Ҷамила Абдуллоева, раққосаи моҳири ҳама давру замонҳо, собиқ солисткаи ансамбли пуровозаи «Зебо», коргузори Иттиҳодияи давлатии дастаҳои ҳунарии ҶТ, меҳмони редаксияи мо шуда гуфт, бо ҳарзагӯии 2-3 нафар фикр накунед, ки дар Аврупо ҳаводорони Президенти ҶТ кам шудааст. Баракс, ҳама андешамандон, соҳибфикрон, дуои ҷони сарвари давлати мо мекунанд:

   - Чанде пеш меҳмони Аврупо будем. Бовар мекунед, дар маҳфиле, ки мо даъватӣ будем, тоҷикону афғонҳову эрониён ҳузур доштанд ва ба мо мегуфтанд, ки «хушбахтед, ки Эмомалӣ Раҳмонвор сарвари давлате доред, то аз ҳама газандҳои заминиву осмонӣ Тоҷикистонро эман медорад, Дуои ҷонаш мекунем, ки умри дароз бинаду Хонаи Умеди мо-Тоҷикистонро сарварӣ ва эҳтиёт кунад. Бовар кунед, ӯ неъмати Худододи шумо-Тоҷикон аст. Чунин раҳбарро дар ҳазор соли дигар намеёбед… 

 

саҳ 16 аз 62

Китобҳо

Flag Counter