ХАБАРИ ДОҒ

Ба собиқ зиндониҳо бовар кунем?

  • Ҷумъа, Июн 03 2016

Адвокат Талбон Сафаров, аз ноҳияи Вахш дар меҳмонии СССР роҷеъ ба тақдири зиндониҳои озодшуда гуфт, ки Сарвари кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳо аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шавад.

Таҷриба нишон дод, ки чунин мақсади нек тавассути ислоҳи қонунҳо ба даст меояд. Чунончӣ баъди қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ аз адвокатҳои тасодуфӣ тоза шуд. Аммо имрӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ шахсоне кор мекунанд, ки қаблан бо ҷурми ришваситонӣ ё ҷинояти дигар муддате зиндонӣ буданд. Ин афрод агар нисбати давлату миллат дилсӯз мебуданд ҷиноят содир намекарданд. Лекин суоли матраҳ ин аст, ки чаро онҳо аз мансаб рост маҳбас мераванд ва боз рост ба мансаб меоянд? Чаро Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» барояшон монеагие пеш нагузоштааст? Лиҳозо, аз субъектони ҳуқуқи ташаббусгузорӣ таклиф доштам, ки қонуни мазкурро бозбинӣ намуда, бо ворид кардани меъёрҳои нав садди роҳи вазифагирии афроди судшуда шаванд. Зеро кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо дубора ҷиноят содир намекунанд?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter