Узви Ихвон-ал-СССР, Исмат Каримови 62-сола, сокини деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман назди шумо бо 1 мушкили хонаводагӣ меҳмон шудам. Ҷигарбанди хонадони мо, хоҳарам Навниҳол Каримоваи 47-сола соли 1994 ҳамроҳи шавҳараш Азизулло Муродов ба Украина рафт. Он замон, тавре маълум, зиндагии баъдиҷангӣ дар Тоҷикистон бениҳоят вазнин буд ва 1 даҳан нон ёфтан хело ҳам мушкил. Аз сабабе, ки домоди мо Азизулло аз камбуди рӯзгор он ҷо майзада шуд, хоҳарам маҷбур баъди чанд соли ҳамзистӣ бо 2 фарзанд аз ӯ ҷудо мешавад. Мо-аъзои хонавода ҳоло бисёр мехоҳем, ки хоҳарамонро дар Ватан бубинем, зеро ӯ он ҷо ғариб асту бесаробон, аммо имкони молӣ барои баргардонидани ӯро надорем. Хоҳарам айни замон дар минтақаи «Белый Церков»-и вилояти Кирови Украина қарор дорад. Хулласи гап, мехоҳем, бо кӯмаки раиси ноҳия-Мӯсо Ғафурзода, ки бисёр фарди сахӣ ва хайрхоҳ аст, хоҳарамонро ба Ватан баргардонем. Оё раис ба ин эҳтиёҷи мо таваҷҷӯҳ мекарда бошад?
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар