ХАБАРИ ДОҒ

Мурдаву зиндаи мо ба кӣ лозим?

  • Душанбе, Окт 30 2017


Муаллими собиқадор Ғозибеки Авазиён аз деҳаи Эшонои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (тел: 92 811 85 97) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ноҳияи мо аз аввал то охир проблема аст. Мисол, на барои раиси ноҳия-Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва на ба Абдураҳмон Қодирӣ-раиси вилояти Суғд ягон аҳамият надорад, ки мо-мардум зиндаем, ё мурда. Инро ба чӣ хотир гуфтам? Тамоми он мушкилоте, ки то имрӯз чандин бор дар газетаи СССР гуфтам, ягонтои он ҳал шудагӣ нест ва проблемаҳо ҳамон хеле ҳаст, ки 1 сол пеш буд! Агар дар бораи дилхоҳ проблема нависем, аз мақомоти ноҳия ба сари мо фишор меоранд, ки “барои чӣ навиштӣ, ё ба ҳама ҷо эълон кардӣ?”. Ман фикр мекунам, ки ноҳияи мо назар ба шаҳри Ваҳдат 100 сол ақиб мондааст, зеро ягон корхонае, ки мардум шабонарӯз дар он ба кор фаро гирифта шавад, нест!!! Новобаста аз он, ки ноҳияи мо баъд соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, аммо чаро ягон пешравӣ, рушд ва навигарӣ дида намешавад? Инро то сатҳи вилоят ҳама медонад, лек ягон парво надоранд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter