Шаҳрвандони мо, ҳине ба зиёрати хонаи Худо мераванд, аксарият арабҳоро таърифу таҳсин мекунанд, ки «имондори сахтанд, тарзи зиндагиашон тибқи устави ислому китоби Қуръон аст», «аз мо дида имонашон бақуваттар аст». 1 рӯз гурӯҳи ҳоҷиҳоро бо супориши тағоям роҳбаладӣ мекардам. Дар масҷиде намози асрро хондем. Баъди адои намоз сӯҳбатамон гарм шуд. Дар давоми сӯҳбат рафтаму 2 ҷуфт кафшҳои ҳамраҳонро руст кардам. Вақти баромадан кафшҳояшонро наёфтанд. Ман ба онҳо гуфтам, ки рӯбарӯи масҷид бинои истиқоматист ва дар ошёнаи 2 масъули ҳамин масҷид (посбон) 1 вақт зиндагӣ мекард, равему пурсем. Ҳар 2 бо ман рафтанд. Хонаи 1-умро занг задем. Арабе дарро кушод, қазияро фаҳмондем, гуфт: «Ман 4 моҳ шуд, ба ҳамин масҷид нарафтаам». Дари араби дуюмро кӯфтем, гуфт: «Ман 1 сол бештар шуд, ба масҷид надаромадаам!». Ба онҳо гуфтаму ба ту ҳам мегӯям, хонанда, «Акнун худ хулоса кун: Мо мусалмонем, ё арабҳо?!».