ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Нояб 09 2018


    Субҳи имрӯз президенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон бо раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дар к.Айнии н.Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
   Тавре гуфта мешавад, ки иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мурабаъ баробар аст. Бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм бо тарҳи муосиру мутобиқ ба талаботи имрӯза сохта шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон иборат аст.
    Дар ошёнаи 1-уми бинои асосии марказ қисми навбатдории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва ғайра ҷой дода шудааст. Ошёнаҳои дуюм ва сеюми он барои утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимию маҷлисгоҳҳои хурду бузург, утоқ барои қабули меҳмонон ва ҳуҷраҳои хоб пешбинӣ шуда, дар онҳо шароити мукаммали кору фаъолият фароҳам мебошад.
Тавре аён шуд, инфрасохтори мавҷуда дар бинои асосии марказ бо муосиртарин лавозимот, аз ҷумла компютеру ноутбук, принтер ва ғайра ҷиҳозонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ имконияти фаррохи ба омӯзиш ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа мавҷуд мебошад. 3 синфхонаи таълимии марказ, ки ҳар кадом дорои 6 ҷойи нишаст аст бо воситаҳои навтарини таълим муҷаҳаз карда шудаанд.
   Дар ошёнаи 3-юми бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм 8 ҳуҷраи хоб барои омӯзгорон ва курсантон муайян гардидааст. Ҳар як ҳуҷра дорои ду рахти хоб, ҷевон ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.
Толори нигоҳдории таҷҳизоти техникӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва ҷойгоҳ барои захираи об бо иқтидори 300 метри мукааб дар ошёнаи чорум ҷой дода шудааст. Дар ҳамин бино китобхона мавҷуд аст, ки дар он номгӯи зиёди адабиётҳои таълимии соҳавӣ ҷамъ оварда шудааст.
   Дар дохил ва атрофи иншоот 28 камераи мушоҳидавӣ насб ва қисмати болоии девори гирди бино бо симтурҳои махсуси муҳофизатӣ иҳота гардидааст.

Панҷшанбе, Нояб 08 2018


Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости-и Россия, дар пайи ошӯбе, ки шаби 7 ба 8 ноябри соли ҷорӣ  дар маҳбаси низомаш пурзӯри ш.Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст, дастикам 13 маҳбус кушта шуданд.
Гуфта мешавад, ки 13 нафар маҳбус дар натиҷаи амалҳои ҷавобии пешгирикунандаи мақомоти қудратӣ кушта шудаанд. Ин ошӯб пас аз он сар зад, ки яке аз маҳбусон, ки бо ҷурми узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зиндонӣ шуда шуд, бо латукӯби яке аз нозирон аслиҳаи номбурдаро ба даст гирифта, ба кушодани тир ба тарафи нозирони дигари маҳбас шурӯъ кард.
Аз рӯи хабарҳои зиддунақз дар сомонаҳои хабарӣ, ошӯб бо дахолати қушунҳои махсус пахш карда шуда, айни замон дар маҳбаси низомаш пурзӯри ш.Хуҷанд комиссияи махсуси санҷишӣ ба кори худ оғоз кардааст. Вазорати адлия ва идораи Сарраёсати корҳои ислоҳии ин вазорат то ҳанӯз дар бораи ин чизе нагуфтаанд.

Душанбе, Окт 15 2018

 Рустам Аҳмадзода, сардори ШВКД дар н.Вахш дар пайи муноқишаи фалокатбори корманди зертобеаш бо фармони вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз вазифа сабукдӯш шуд.
 Гуфта мешавад, ки корманди зертобеи сардор, таҳлилгар Набиҷон Аминҷонов рӯзи 8.09.2018 дидбонгоҳро беиҷозати роҳбар тарк намуда, дар хонааш бо ҳамсараш муноқиша карда, дар назди фарзандонаш бо тапончаи хизматии «Макаров» ба ҳамсараш 2 тир мезанад. Ҳамсари номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Набиҷон Аминҷолов феълан дар боздошгоҳ қарор дошта, худи ҳамон рӯз ба гуноҳаш иқрор мешавад.
Айни ҳол иҷрокунандаи сардори ШВКД-и  ноҳияи мазкур бар зиммаи муовини аввалаш Сулаймонзода Нурулло гузошта шудааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон


Душанбе, Окт 15 2018

Ман аз с.2013 то инҷониб ба соҳибкорӣ машғулам. Рӯзе Раҷабов Баҳодур-соҳибкор пешниҳод кард, ки «корхона дораму соҳибкорам» ва хост, ки бо нася кунҷорааш диҳам. Аз корхонааш дидан намуда пурсидам, ки аз касе қарздор нестӣ? Гуфт, на! Азбаски корхонаи мо мавсимӣ буд, ёдрас кардам, ки ба шарте ба ту нася медиҳам, ки моҳи сентябр қарзро баргардонӣ. Розӣ шуд. Марти с.2014 кунҷора дода забонхаташро гирифтам, ки 466.100 сомонӣ мешуд. Сентябри с.2014 шуду чанд бор хоҳиш кардам, маблағро баргардонад. Бо ҳар баҳона мегуфт, ҳоло маблағ нест. Аз байн 2 сол гузашт. Ба РВКД вилоят навиштам. Муфаттиш нисбати ӯ делои ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз кард. Ӯ ногаҳон ғайб зад. Ӯро мақомот дар Русия дастгир карданд, ки он ҷо аллакай 5 моҳ маҳкам буд. Ба суди н.Кӯшониён муроҷиат кардам. Азбаски зода ва истиқоматкунандаи н.Кӯшониён будам, суди ноҳия аз 30.04.2018 ҳукм баровард. Ба ӯ бо моддаи 264 қисми 2 КҶ ҶТ бо дастрасии моддаи 63 КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол ва бо дастрасии моддаи 67 қисми 1,3 ва 5 КҶ ҶТ ҷазо барои маҷмуи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд. Лек суди ноҳия бо моддаи 7, банди 2 Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз 24.08.2016, №1355 ӯро 3 сол аз озодӣ маҳрум карду халос. Дар кирдорҳои содиркардаи ӯ ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо қисман ҷой дошта бошад ҳам, маҳкумшуда ягон амал ё нияти барқароркардаи зарари ба ман расонидаро надорад. Аз Суди Олӣ бовар дорам, ки ҳақро ба ҳақдор хоҳад мерасонаду муттаҳам пули маро бармегардонад.

Пирмаҳмад Қурбонов,
н.Кӯшониён, тел: 93 555 09 18

Душанбе, Окт 15 2018

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки хабару иттилооти расонаҳои дохиливу хориҷӣ оиди аз ҷониби нафарони номаълум мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сардори Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Тоҷикистон Собиров Фахриддин Улмасович дар маркази ш.Душанбе асоси воқеӣ надошта, нашри чунин хабарҳои ҳангомасоз тавассути сомонаҳои иттилоотӣ сабабгори пайдо гардидани ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеаи орому осуда мегардад.
   Бо истифода аз фурсати муносиб мақомоти милитсияи ш.Душанбе дар вокуниш ба иттилооти ғайривоқеӣ ва носаҳеҳи расонаҳои хабарӣ ба иттилои сокинон ва кулли намояндагони Васоити ахбори умум мерасонад, ки ахбороти мазкур ҳанӯз санаи 13 октябр дар Китоби қайди маълумот оиди ҳодисаҳои Шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун «Ҳодисаи нохуш» ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамаи фарзияҳо мавриди санҷиши пурра, ҳамтарафа ва обективона қарор дода шудааст.
   Бино ба итиллои маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе, дар натиҷа кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд, ки санаи 13 октябри соли ҷорӣ, соати 11:02-дақиқаи рӯзона ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, назди бинои 37 қарор доштанаш шаҳрванд Собиров Фахриддин Улмасович, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аз сабаби баланд гардидани фишор ногаҳон ба замин афтида, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст. Тавре аз наворҳои тафтишотӣ бармеояд, сипас шоҳидони ҳодиса бо мақсади кӯмак намудан ба нафари дар заминафтода дарҳол ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба Беморхона автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»-ро давъат менамоянд. Дар натиҷа баъди чанд лаҳза табибони Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, шаҳрванд Собировро ба Беморхона дастрас мекунанд. Аз рӯи маълумоти духтурони бригадаи «Ёрии таъҷилӣ», ки ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида буданд, бармеояд, ки дар вақти муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда шудааст, ки фишори шаҳрванд Собиров Фахриддин ҳанӯз дар вақти рух додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло мебошад, ки ин омил сабабгори асосии беҳуш гардидан ва ба замин афтидани Собиров шудааст.


Ҷумъа, Окт 12 2018


   Дар ҳолати то 11.10.2018 аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти ВМБК, бахусус ш.Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад «Автомат Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад «Таппонча», 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориҷӣ ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира шудааст. Ин нуқта дар Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ки имрӯз пахш гашт, зикр карда шудааст.
   Аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, 11 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд, ки ба қатори онҳо шаҳрвандон Акимбеков Акимбек Азизмамадович, Бозоров Комрон Ватаншоевич, Мирзоев Фируз Маҳмудхонович, Шейхов Пулод Тиллоевич, Каримбеков Рустамбек Давлатбекович, Некқадамов Шертан Саидқадамович, Болиев Шоҳғариб Додхудоевич, Худоназаров Некруз Ғуломалиевич, Ҳамиди Ташриф ва Давлатқадамов Музаффар Имомназарович дохил мешаванд.
    Ба нафароне, ки то ҳанӯз дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, ба мақомот ҳозир нашудаанд, бори дигар таъкид мегардад, ки аз ҳолатҳои сабуккунандае, ки  қонун пешбинӣ намудааст,  истифода карда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд. Чунки баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида  пушаймонӣ суд надорад.
   Тибқи маълумоти бозсанҷишудаи Ситод гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани  силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд. Ба ҳамин хотир қотеъона таъкид карда мешавад, ки чунин аъмоли ҷинояткорона вазъиятро мураккаб ва раванди қабул кардани чораҳои қонуниро нисбат ба ташкилкунандагони чунин ҷиноят ба воқеъият наздик месозад.
   Ҳамзамон, рӯзи 2 октябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аъмоли ҷиноятии аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад доштанд  миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҶТ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ гардид. Дар натиҷаи амалиёт ва задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода карда, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони автомати «Калашников» ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи «героин», 13 кг маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 2 кг воситаи нашъадори навъи «афюн» ҷой кунонида шуда буд, дарёфт ва мусодира гардид.
   Самти дигари фаъолияти Ситоди байниидоравӣ ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 2468 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 27 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 40 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва дорои  рақами бегона, 10 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 далели бо суръати баланд рондани мошин, 27 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 5 далели дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва 2249  намуди дигари қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардиданд.
    Мавриди зикр аст, ки аксарияти шаҳрвандон аз ҳаракатҳои ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ бароварда, соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ дар 203 автомашина шишаҳои сиёҳро ихтиёран тоза намуданд.
Дар баробари ин то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои харакати роҳро вайрон намуда, ба саломатии сокинони шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд.
    Бо ҳамин ҷурм рӯзҳои 2-юм ва 6-уми октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович бо ҷурми идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан ба кормандони милитсия, нишон додани муқобилият ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 дона норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич ва Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан ва нишон додани муқобилият ба кормандони милитсия боздошт ва нисбати онҳо   бо моддаҳои 195, қисми 1 ва 328, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
    Аз ҷониби Ситоди байниидоравӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати имрӯза маблағҳои кредитии баргардониданашудаи бонкҳо дар маҷмӯъ 71 млн сомониро ташкил медиҳад, ки он ба ҶСК «Ориёнбонк» 1 млн 338 ҳазору 671 сомонӣ, «Амонатбонк» 4 млн 414 ҳазору 916 сомонӣ, «Аввалин бонки молиявии хурд» 3 млн 81 ҳазору 132 сомонӣ, «Агроинвестбонк» 13 млн 191 ҳазору 271 сомонӣ, «Тоҷиксодиротбонк» 48 млн 953 ҳазору 488 сомонӣ рост меояд.
    Бояд зикр намуд, ки то ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин оқибати ногувор дорад. Инчунин, аз ҷониби афроди алоҳида вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта мешаванд. Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки дар мӯҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳа супорида шавад.
   Аҳолии ш.Хоруғ пурра боварӣ дошта бошанд, ки амнияти онҳо таъмин мегардад. Сокинон бояд ба иғвою дасисаҳои беасосу бемаънӣ, дуруғу буҳтони саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд ва дилпурона кору фаъолияти худро идома диҳанд.
   Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбати онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ карда мешаванд.
   Ҳамчунин, дар сурати итоат накардан ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар дидбонгоҳҳои муайяншуда, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, маводҳои сӯхт (Коктейли Молотов), тарканда, эҷод намудани монеъа ва таҳқири намояндагони мақомоти давлатӣ, кӯшиши мудохила ба фаъолияти сохторҳои дахлдор нисбати чунин ашхос бо дастрасии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои қотеъона андешида  хоҳанд шуд.

саҳ 22 аз 83

Китобҳо

Flag Counter