Вебсайти Агентии мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад, ки барои ишғоли мансаби ёвари мудири супоришҳои махсус, нозири калони раёсати ташкили кор, нозири калони раёсати кадрҳо, нозири калони бахши коргузории махфӣ, муфаттиши бахши тафтишотӣ… ба кор даъват мекунад. Дар агентӣ 15 мансаби холӣ муайян шудааст, ки ба он аз ҳисоби мутахассисон корманд қабул карда мешавад. Барои кор дар Агентӣ таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ ҳатмӣ буда, аз 1 то 3 сол собиқаи корӣ талаб карда мешавад. Маош аз 628 то 859 сомонӣ муайян шуда, иловапулӣ низ дода мешавад.
Дафтари матбуоти Раёсати ВУД дар Душанбе хабар медиҳад, ки Шаҳноза Қироноваи ҷавон дар ш.Душанбе ҳангоми идораи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ дастгир шуд. Ӯ ҳангоми идораи "Мерседес-Бенс" (рақами қайди давлатиаш 5511ЕЕ01) ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Баробари ӯ 12 ҷавони дигар дар чунин ҳолат ба сари рӯл нишастаанд. Дар 1 ҳафта дар ҳудуди пойтахт 3120 қонуншиканӣ дар роҳ ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 355 пиёдагард дар 1 ҳафта дар Душанбе қоидаи роҳро вайрон кардаанд.
Хизмати 1 рӯзаи корманди милитсияи сайёҳии ВКД ҶТ 250 сомонӣ муқаррар карда шуда, ба ғайр аз он масъулони ширкатҳои сайёҳӣ муваззаф гардидаанд, ки милисаҳои барои амнияти сайёҳон сафарбар шударо дар вақти сафар бо ҷойи хобу 3 маҳал хӯроки гарм таъмин намоянд. Ин маблағ ва ин харҷро ширкатҳои сайёҳӣ бояд пардохт намуда, хизматрасонии милисаҳои сайёҳӣ танҳо дар ш.Душанбе ройгон асту халос.
Милисаи сайёҳӣ пас аз ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ, ки рӯзи 29.07.2018 дар ҳудуди н.Данғара ба вуқӯъ пайваста буд, дар заминаи Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД таъсис ёфта, алакай барои ҳамроҳӣ ва хизмат расонидан ба сайёҳон оғоз кардааст. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии мамлакат мегӯянд, ки таъсиси милитсияи сайёҳӣ тадбири саривақтӣ ва лозима буда, аз 1 тараф амнияти сайёҳонро таъмин менамояд, вале аз тарафи дигар он харҷи иловагиро талаб мекунад.
Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари тими зарифон-КВН-и тоҷик дирӯз 22.08.2018 бо қарори додгоҳи вилояти Суғд аз зиндон озод шуд. Хабари озодии Хайруллоро нахуст хонаводаи эшон ва баъдан худи ӯ низ тасдиқ намуда, масвуф гуфтааст, ки ҳоло тамоми саъю талошашро барои сафед кардани худ дар зинаҳои болоии додгоҳ сарф хоҳад кард.
Бояд қайд намуд, ки 11.07.2018 додгоҳи ш.Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Мирсаидов ба "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ", айбдор дониста мешуд.
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5.12.2017, баъди он дастгир шуд, ки дар 1 изҳороташ дар интернет иддао кард, ки сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ 1000 доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода ин иттиҳомро 1 тӯҳмат номид ба аз болои Хайрулло Мирсаидов ба додгоҳ шикоят бурд.
Баъди содир шудани ҳукми додгоҳи ш.Хуҷанд дар моҳи июл, хонаводаи Мирсаидовҳо гуфтанд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд. Ин маблағро додгоҳ дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони "зиёни молии давлат" зикр карда буд. Онҳо гуфтанд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд.
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки нафари таҳти ҳимояташ ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф шудааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, бинобар он, ки Хайрулло Мирсаидов 9 моҳ дар ҳабс қарор дошт, ҳукми корҳои ислоҳиаш адо шуда, ӯ ҳоло бояд танҳо ҷаримаро пардохт кунад.
Вазорати корҳои дохилии мамлакат аз боздошти 1 шаҳрванди кишвар, ки ҳангоми ронандагӣ дар хатсайри ғайриқонунии №3 нисбати мусофирон ва роҳгузарон, алалхусус ҷавондухтарон ба кирдору рафторҳои ношоиста даст мезадааст, хабар медиҳад.
Санаи 17 август 1 гурӯҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар ш.Душанбе хоҳиш намуданд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи номаълумро, ки ҳамчун таксӣ фаъолият менамояд, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронанда, ҷавонписари тахминан 25-30-сола баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Зеро ронандаи автомашинаи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст зада, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандонро поймол мегардонад.
Ҳамагӣ баъди 1 рӯзи ирсоли муроҷиати шаҳрвандон, санаи 18 август кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомшаинаи мазкурро муайян намуда, автомашинаи мазкурро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Файзуллозода Лутфуллои Муртазо, соли таваллудаш 18-уми октябри соли 1992 буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 0203АК08, сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон мебошад. Номбурда ба таври ғайриқонунӣ бе гирифтани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун таксии кироякаш, дар хатсайри худсохтаи рақами 3, фаъолият намуда, зимни кашонидани одамон ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст. Тавре аз навор бармеояд, номбурда ҳангоми идораи автомашина ва ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, ба назди ҷавонзани тахминан 25-30- сола, ки тариқи роҳи пиёдагардон ҳаракат менамуд, рафта автомашинаашро боз медорад ва нисбати ин ҷавонзан бо алфози қабеҳ суханҳои ғайриахлоқӣ мезанад.
Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудани ронандаи бадахлоқ номбурда пурра ба кирдорҳои ғайриахлоқиаш иқрор гардид. Дар натиҷа нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 20 август бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Файзуллозода Лутфуллои Муртазо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.
Илова бар ин нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Лутфулло Файзуллозода барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати охирон бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 1 гурӯҳи ҷавононе, ки шабона ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва дуздии амволи шаҳрвандон машғул буданд, хабар медиҳад.
Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, инҳо сокинони 23-солаи шаҳри Кӯлоб Шермуҳаммади Бозор ва Исмоил Мухторов мебошанд, ки бо ҳаммаслакони худ бо номҳои Баха, Манучеҳр ва Комрон, ки айни замон дар ҷустуҷӯӣ ҷиноятӣ қарор доранд, бо маслиҳати пешакӣ даст ба ҷинояткорӣ задаанд.
Аз ҷумла, шаби 31 июли соли равон гумонбарон дар маҳаллаи Гипрозем ба шаҳрванд Маҳмадзариф Дамиров ҳуҷум карда, дар баробари ӯро буғӣ ва зери лату кӯб қарор додан, ҳамзамон бо корд ҷабрдидаро захмӣ карда, телефони мобилиашро рабудаанд.
Гумонбарони ин ҷиноят кирдорҳои зиддиҷамъиятии худро идома дода, дар кӯчаи Борбад низ бо таҳдиди зӯроварӣ телефони мобилии шаҳрванд Абдуғаффор Давлатов, ки 1070 сомонӣ арзиш доштааст, аз они худ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир намудани се амали ҷинояти дуздӣ низ гумонбар дониста мешаванд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар