Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар соли 2019 2154 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодию хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намуд, ки аз ин теъдод 644 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сулаймон Султонзода, раиси ин ниҳод хабар дод.
Гуфта мешавад, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 345 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 231 ҷиноят марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани кредит, 572 ҷинояти қочоқ, 16 ҷинояти саркашӣ аз супоридани пардохти андозҳо, 107 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаҷҷӯӣ, 73 ҷинояти сӯистифода ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, 230 ҷиноят марбут ба сохтакории хизматӣ, 156 ҷиноят оиди ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва 403 адад дигар ҷиноятҳо мебошанд.
СССР
Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 12-уми феврали соли равон зимни нишасти хабарӣ дар масоили хисороти аз коронавирус ба иқтисодиёти кишвар расида гуфт, ки пайдоиши вируси нав ҳеч мушкиле дар додугирифт бо Чин ба миён наовардааст.
Мақомот мегӯянд, аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин коҳиш ёфта, инчунин оморҳои худи Хадамоти гумрук нишон медиҳанд, ки дар моҳи феврал 51 мошини борбар аз Чин ба кишвар камтар мол ворид шудааст. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон буда, бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо воридот мешавад.
Бино ба иттиллоъи мавсуф Тоҷикистон аз Чин маҳсулоти хӯрокворӣ ворид намекунад, вале ин дар ҳолест, ки дар аксари мағозаҳои мо чандин намуди маҳсулоти хӯрока, аз қабили витаминҳо ва хокаҳоеро, ки дар зерашон ҳарфҳои чинӣ сабт шудааст, дидан мумкин аст.
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки доираи васеъи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотӣ бо суханронии Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини аввали сардори Хадамоти мазкур сурат гирифта, мавсуф зимни суханронии хеш доир ба фаъолияти ниҳоди зертобеаш дар соли 2019 маълумоти мухтасар дод.
Дар қисмати суолу ҷавобҳо аз ҳафтаноми СССР ба муовини аввали сардори Ҳадамоти гумруки кишвар суол доданд, ки “Кадом ширкатҳои бузург аз барасмиятдарори молу маҳсулот ва таҳҷизоташон ҳангоми воридот ба ҶТ озоданд?”, Азим Ҳайдар дар ҷавоб гуфт, ки “ Имтиёзҳо барои таҳҷизоти технологиву тандурусти бениҳоят бисёр буда, аз ба расмиятдарорӣ озод шудани онҳо ҳангоми воридот ба кишвар ба ниҳодҳои дигар марбут аст».
Омиронаи Сайёф, СССР
Искандар Солеҳзода, генерал-лейтенанти милитсия, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО дар робита ба суоли мухбири СССР дар мавриди даст ба ҷиноят задани шахсони авфшуда, иброз дошт, ки 3 нафар сокинони вилоят пас аз авф шудан дубора даст ба ҷинояти вазнин зада, паси панҷара рафтанд. Мавсуф афзуд, ки аз ин 3 нафар яке 3 маротиба дар 3 ҳолат ҷиноят содир кардааст, к иду ҳолати он таҷовуз ба номуси ноболиғон мебошад.
Дар ин маврид Прокуратураи вилояти Хатлон низ хабар дод, ки дар моҳхои ноябр ва декабри соли 2019 ҳудуди 5000 нафар аз зиндонҳо баромада, 16 нафар баъди авф шудан дигарбора ҷиноят содир карда, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҶТ рӯзи 28.01.2020 зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш ба суоли хабарнигори газетаи СССР дар мавриди авфи рӯзноманигори шинохта Додоҷони Атовулло ва рӯйхати сиёҳи журналистони тоҷик афзуд, ки чунин рӯйхат нест ва ҳар нафаре мехоҳад метавонад бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргардад.
- Мо ягон рӯйхати сиёҳи журналистонро надорем ва ҳар журналисти тоҷике, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, агар хоҳад метавонад бо хоҳиши худ ба Ватан баргардад-ҳеҷ монеае нест. Дар мавриди Додоҷони Атовулло бошад ҳаминро мегӯям, ки ӯ авф шудааст ва ҳар вақте хоҳад метавонад ба Тоҷикистон биёяд. Агар журналистони дигар далелҳои худро дар бораи ҳамкорӣ накардан бо ҳизбу ҳаракатҳои дигар дошта бошанд, мо месанҷем ва дар сурати пайдо накардани ягон далел, албатта масъалаи авфи эшонро дар миён мегузорем, чаро не?-таъкид намуд Юсуф Раҳмон дар сӯҳбат бо мухбири мо.
Омирона Достиева, СССР
Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 1 қатор кормандони мақомоти милитсия ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.
Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, аз ҷумла, генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба вазифаи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи Намояндаи ваколатдори ВКД ҶТ дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомулоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо, генерал-майори милитсия Орифзода Нурулло Марифхон ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 ВКД ҶТ дар ш.Исфараи вилояти Суғд, генерал-майри милитсия Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Бустон вилояти Суғд, полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ, полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шуданд.
Инчунин, полковники милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, подполковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Фархори вилояти Хатлон, подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа сардори Шуъбаи ВКД ҶТ №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар н.Фирдавсии ш.Душанбе, подполковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н. Спитамени вилояти Суғд, подполковники милитсия Муҳиддинзода Файзиддин Шамсуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ховалинги вилояти Хатлон, подполковники милитсия Мирзоев Саидаҳрор Раҳимович, ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Нораки вилояти Хатлон, майори милитсия Солеҳзода Неъматулло Саъдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва майори милитсия Қурбонали Пулод Барфӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани ш.Душанбеи Раёсати ВКД ҶТ дар нақлиёт таъйин гардиданд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар