ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Янв 24 2020

Кормандони милитсияи пойтахт дар 1 ҳафтаи охир дар доираи роҳандозӣ намуданаи идомаи амалиёти «Корд» 10-нафарро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард мегардониданд. 

 Тавре ба мухбири СССР сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе Сироҷиддин Шукурӣ хабар дод, ин 10 нафари боздоштшуда бо худ корд доштанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла нисбати 2 нафар ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни 1 нафар ноболиғ протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва нисбати 7-нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

   Бояд гуфт, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард бо ташаббуси Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар якчанд марҳила роҳандозӣ гардида, милитсияи пойтахт то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза хоҳад бурд. 

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

 

Панҷшанбе, Янв 02 2020

  Тӯли 1 моҳи ахир аксари ҷиноятҳое, ки миёни ҷавонон сар мезанад, бо истифода аз силоҳи сард (холодное оружие) анҷом дода мешаванд. Фикр мекунам, ки ҷавонони мо филмҳои ҳоливудиро бештар тамошо карда, баъзе саҳнаҳои даст ба ҷиноят задани қаҳрамонҳоро дида, ба худ ҳамчун 1 намуна қарор дода,  корду кастету дубинка гирифта мегарданд. Таҳлилҳо нишон дод, афроде, ки бо худ силоҳи сард мегардонанд онҳоро дар хурдтарин  муноқиша ва нофаҳмиҳои лафзӣ истифода мекунанд. Натиҷааш-панҷара ва ҳаёти сӯхта…

 

Мусодираи 66 силоҳи сард

    Чуноне ки ба мо дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, баҳри пешгирӣ намудани чунин ҷиноят тӯли моҳи ахир амалиёти “Корд” роҳандозӣ шудааст, ки аз оғози фаъолияташ то инҷониб 5 марҳиларо дар бар мегирад. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шудааст, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва  ҷарима татбиқ мегардад. Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 12 волидайн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои бо худ гардонидани корд 14 ҷавон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ гирифт.

 

Амалиёти «Корд» кордфурӯшонро гурезонд!

    Дар навору аксҳои хабарӣ дида мешавад, ки ҷинояткорон пас аз амали нопоки худ, ба дасти милитсия афтода, аз онҳо корду кастет ва дубинкаҳо мусодира мешавад. Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чунин олотро аз куҷо дастрас менамоянд?  Бо супориши редаксия мо барои муайян намудани нуқтаҳои фуруши силоҳҳои сард ва муайян намудани нуқтаҳои тақсимоти онҳо ба кӯча баромадем. То ҷое ки мо маълумот доштем, дар чанд нуқтаҳои бозори “Корвон” ва “Саховат” имкони дастрасии чунин силоҳ барои мардум муҳайё буд. 

  12.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Барои аниқтар кардани макони фурӯши олотҳои чун силоҳ истифодашаванда ба дӯконҳои гирду атрофи «Саховат» ва «Корвон» рафтем. Ман медонистам ва дида будам, ки дар ин нуқтаҳо озодона  кордҳои гуногуни кисагӣ ва якчанд намуди “дубинка”-ҳову “кастет”-ҳо ва дигар олоти ба ин монанд мефурӯхтанд, лек ҳангоми ҳозир шудан ба нуқтаҳои мавҷуда аз он ҳама олот чизе несту паяшро низ пайдо кардан имконнопазир шудааст.

   Пасон аз 1 фурӯшандае, ки нахост номаш ифшо гардад, пурсон шудем, ки “Амакҷон, чаро шумо дигар кордҳои аҷоибу кастетҳои гуногунро намефурӯшед?”. Посухи фурӯшанда чунин буд: «Моҳи охир ба дӯкони мо намояндагони суду прокуратура бо нозирони минтақавии бозор якҷо омада, қисме аз ашёҳои мефурухтаам аз қабили корд, кастет ва якчанд намуди дубинкаҳоро гирифта бурданд, баъдан корамонро то суд кашола карданду дар охир аз ман талаб намуданд, ки дигар чунин ашёро нафурӯшам, зеро агар маротибаи 2-юм ба даст афтам, ҳатман ҳабс хоҳам шуд…»

   Аз ин маълум шуд, ки сабаби дигар ғайб задани корду кастету дубинка “Амалиёти корд”-и милисаҳои пойтахт будааст. Зеро дар баробари пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ онҳо роҳи асосии хариду фурӯши силоҳҳои сардро  бастанд, ки ҳалолашон бод! Хуб мешуд агар назорати ин гуна дӯконҳои силоҳи сардфурӯшӣ пурра зери назорат гирифта шуда, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии хатари чунин силоҳ ба ҷавонон бештар ба роҳ монда шавад. Мо пайгири мавзӯъем. Мо Метавонем!

 

Шералӣ Давлатов, коромузи СССР

 

Ҷумъа, Дек 20 2019

 Маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе дар бораи боздошти 1 ҷавоне хабар дод, ки солиму саломат буда, бо фиред худро маъюб вонамуд сохта, дар кӯчаҳои пойтахт ба талбандагӣ машғул мешудааст.

   Ин ҷавон шаҳрванд Зиёев Муборакшо Икромҷонович, соли таваллудаш 25.12. 1996, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, дар х.Рӯдакии ш.Душанбе 2 адад асо (чигас) дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекард. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда барои ин амали нанговараш протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди н.Шоҳмансур ирсол гардид. Суд дар навбати худ нисбати шаҳрванд Зиёев Муборакшо Икромҷонович ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.

 

Ҷумъа, Дек 13 2019

 12.12.2019 дар Китобхонаи милли Тоҷикистон “Форуми сеюми минтақавӣ оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ” бо ширкати намояндаҳои  созмонҳои бузурги байналмилалӣ ва минтақавӣ баргузор гардид.

    Тавре хабарнигори СССР иттиллоъ медиҳад, Форум бо суханронии мушовири Президенти ҶТ оид ба робита бо ҷомеа Муҳаммалӣ Сафолзода оғоз гардид. Номбурда зимни суханронӣ ҷанбаъҳои муҳими санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиеро, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, баррасӣ намуд. 

   Инчунин, дар форум маърӯзаҳои раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода, роҳбари бахши сиёсат, матбуот ва иттилооти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум-Петра Гашпарова, иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари  дафтари  барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон хонум-Герид Зах,  сарвари намояндагии Пажуҳишгоҳи инъикоси сулҳ ва ҷанг дар Осиёи Марказӣ-Вафо Султонназаров ва дигар меҳмонон дар мавзуи “Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ” шунида шуданд. 

 

Исмоилҷон Маликов, СССР

 

Панҷшанбе, Дек 05 2019

     Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ба ШВКД-1 дар ш.Исфара марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри мазкур ҳозир шуда, бо аризаи худиқроркунӣ гуфтааст, ки рӯзи 4.12.2019, тахминан соати 14:00, дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола), аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагӣ 6-маротиба ба узвҳои бадани хушдоманаш ва 4-маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш (зани 23-сола), задааст.

    Дар натиҷа, хушдоманаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсараш бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Чоршанбе, Нояб 27 2019

     Дар доираи идомаи амалиёти шартии «Корд» кормандони РВКД ҶТ дар ш.Душанбе, боз 14-нафар шаҳрвандонро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард аз қабили таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанинну дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро мегардониданд. Дар рафти амалиёт аз онҳо 8-адад корд, 2-адад кастет ва 1 адад таппончаи газӣ ва дастчӯби оҳанин дарёфту мусодира гардид.

    Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ аз ҷумла нисбати 5-нафар ҳабси маъмурӣ аз 5 то 7 шабонарӯзи татбиқ карда шуд. 

 

 

 

саҳ 5 аз 83

Китобҳо

Flag Counter