ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июл 28 2017


Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 28 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки кормандони ин ниҳод 69 иншоот ва биноҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бемористони "Истиқлол" ва тарҳи "Манзили дастрас", мавриди санҷиш қарор доданд. Ҷаноби Султонзода гуфт, дар пайи ин санҷиш, 7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ ошкор шуд. Ба гуфтаи вай, бар пояи ин санҷиш, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва ба мақомоти додситонӣ пешниҳод гардид.

Панҷшанбе, Июл 27 2017


 
Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи назди сарҳадии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд А. И. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат мебошад.
 Чунончӣ, шаҳрванд А. И. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ "Ориён Таъминот" баромад намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон санаи 22 – юми июни соли ҷорӣ ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи "Долун" рақами қайди давлатиаш 06 KG 975 AA J / 073 OC аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 55 номгӯйи молу маҳсулотҳои сохтмонӣ, бастаҳои полиэтиленӣ, ҷуздонҳои занона, чойи хушк, қандилҳои гуногун ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст.
 
 
 
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд А. И. ва дигарон, маблағи умумии 1 миллиону 411 ҳазору 70 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи онҳо ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба намояндаи ҶДММ «Ориён Таъминот» А. И. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтишот қарор дорад.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сешанбе, Июл 25 2017


 
Санаи 17 – уми июли соли 2017 дар толори назорати гумрукии воситаҳои нақлиёти гумруки Панҷи - Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Дулон» рақами қайди давлатиаш ТҶ 36 - 14 ВК 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истикоматкунандаи ноҳияи Вахш ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, Т. И., соли таваллудаш 1984 қарор дошт бо гумони ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани як қатор маводҳои доруворӣ аз ҷумла «Диазепам» мавриди боздошт қарор дода шуд.
 
 
 
 
Муайян гардид, ки шаҳрванд Т. И. дохили кабинаи воситаи наклиёт, дар кати хоби ронанда 3 халта маводи дорувории «Gelofusine» ба миқдори 186 дона, 300 қуттича ба миқдори умумии 7 ҳазору 500 ампула маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml, 25x2ml», 7 қуттича ба миқдори 840 дона балзам «Clometasol 0.05%» - ро пинҳон намуда, мехост, бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
 
 
 
Тибқи хулосаи химиявию фармасевтии Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводҳои дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», шомили гурӯҳи маводҳои психотропии дар тиб истифодашаванда буда, вазни холиси он 75 граммро ташкил медиҳад.
 
 Нисбати шаҳрванд Т. И. бо моддаи 200 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол карда шуд.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷшанбе, Июл 20 2017

Имрӯз, 20 июл зимни нишасти хабарӣ масъулини Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза ва коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон аз натиҷаҳои 6-моҳаи аввали сол гузориш доданд. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳо ба маблағи умумии 21 418 367 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Дар ҳудуди вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2017 383 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта вобаста ба андоз ошкор карда шудааст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Душанбе, Июл 17 2017


16.07. 2017, тахминан соати 15:25-дақиқа, ҳангоми расонидани кӯмак ба шаҳрвандон ва гузаронидани онҳо бо қайиқ аз деҳаи Ёгет ба деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз, бо сабаби ба ҳаракат надаромадани муҳаррик қайиқ ба дарё ғарқ шудааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа корманди ШВКД дар ноҳияи Рушон, прапоршики милитсия Ёдалиев Анвар, корманди Вазорати мудофиа Саъдуллоев Наим ва ноболиғ Акобирова Фирӯза сокини ноҳияи Дарвоз ба дарё ғарқ шудаанд. Инчунин, Лангаров Дороб, Толибшоев Мутрибшо, Ҷавҳариев Раҳимҷон ва Ваҳҳобов Худодод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба аҳли оила ва наздикону пайвандони корманди ҳалокгардидаи милитсия ва Вазорати мудофиа изҳори ҳамдардӣ менамояд.

СССР

Ҷумъа, Июл 14 2017


Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306», шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, оид ба ҳар 1 далели идора кардани воситаи нақлиёт бо чунин шаҳодатномаи ронандагӣ нисбати ронандагон мутобиқи моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамчунин, мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №196 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт бо боздошт ва нигаҳдории он дар истгоҳи махсус, манъ карда мешавад.
Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, нисбати чунин ронандагон дар асоси моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.
Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.
Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.


саҳ 44 аз 83

Китобҳо

Flag Counter