Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ шаби 20 - ум ба 21 - уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон Қурбонов Абдуқаюм, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки Панҷ, Пирумшоев Аъзамшо, соли таваллудаш 1982 ва Шодмонов Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1974, сокинони ноҳияи Панҷ, кӯчаи О. Ҳайдарова бо ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардиданд.
Маълум гардид, ки ба онҳо бо маслиҳати пешакӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи «Фаррух», бо тахаллуси «Хаттаб» аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақаи ноҳияи Панҷ як халта бо 20 - адад бастаҳои полиэтилении дорои моддаи монанд ба маводи нашъаоварро бар ивази маблағи пулии муайян додааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони гумрук дарёфт ва мусодира гардид.
Мувофиқи санади Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД - и ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводи мусодира шуда, маводи нашъадори навъи «ҳашиш» буда, вазни умумии он 19 килограмму 150 граммро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрвандон Қурбонов Абдуқаюм, Пирумшоев Аъзамшо ва Шодмонов Абдуҷаббор ва дигарон бо моддаҳои 36 қисми 5, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4 банди «д» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Холиқов Ҳикматулло бо гурӯҳи экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» шиносоӣ пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ карда, хилофи ғайриқонунӣ будани иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки хилофи қонун асту ҷиноят эътироф шудааст, дидаю дониста мақсади ба давлати Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст.
А.Сафозода-судяи суди вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР афзуд, ки Холиқов (с.тав.1989), сокини деҳаи «Ҷонназартеппа»-и ҷамоати деҳоти Н.Хусрави н.Қубодиён, муҷаррад аст. Баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши бародараш Ҳадятулло ба Федератсияи Русия, шаҳри Қазони Тотористон рафта, ба сохтмонӣ машғул будааст. Дар ин муддат ӯ бо мақсади шиносоӣ аз пайравони «ДИИШ» аз тамошои наворҳои ҷонибдорони «Давлати исломии Ироқу Шом» дар сомонаи иҷтимоиии «Одноклассники», Ватсап бо номи мустаори «Мустафо» пайваст шуда, ҷиҳод намуданро дар ҳудуди кишвари Сурия бар зидди Ҳукумати қонунии арабии Сурия ташвиқ ва тарғиб мекардааст.
«Муҷоҳид»-и ношуд...
Ҳикматулло ҳамроҳи Умар ном шахс бо мақсади иштирок намудан дар воҳиди мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлати Сурия дар сафи ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» чиптаи ҳавопаймои хатсайри Москва-Истанбулро харидорӣ намуда, ба Туркия сафар намудааст. Санаи 18.11.2016 Ҳикматулло кӯшиши аз ҳудуди ҷумҳурии Туркия ба ҷумҳурии арабии Сурия сафар карданро кардааст, аммо дар шаҳри Килиси Туркия аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар боздошт шуда, ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Додгоҳи вилояти Хатлон нисбати Холиқов бо моддаҳои 32, қисми 3-401 прим 1, Кодекси ҷиноятии ҶТ 12 солу 6 моҳ аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин таъин намуд.
406 хатлонӣ дар ҷанги Сурия
Тибқи маълумоти омори мақомоти қудратии вилояти Хатлон то ба имрӯз 406 нафар - 298 нафар мард, 46 нафар зан, 62 нафар ноболиғ дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои Сурия ва Ироқ ҳастанд ва меҷанганд. Ҳамзамон то ба имрӯз нисбати 377 нафар аз шуъбаи тафтишоти КДАМ дар вилояти Хатлон 81 адад ва дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 298 адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 32, қисми 3 ва 401, яъне «ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» оғоз карда шудааст ва идома дорад. Аз н.Бохтар дар ДИИШ 92 нафар меҷанганд, аз инҳо 6 нафар зан ва 16 ноболиғ мебошанд, нисбати 78 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, аз ин миён 17 нафарашон дар задухӯрди мусаллаҳона дар Сурия ва Ироқ кушта шуда, 61 нафари онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии муштарак бо субъектони муборизабарандаи терроризм ва экстремизми давлати Туркия, санаи 12.05.2017 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Кобилжан Уғли Хусанбой, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаюров Ҳидоятуллоро истифода мебурд, дар гумонбарӣ ба содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта ва ҳангоми суиқасди гузаштани сарҳади давлати Туркия – Сурия ва ҳамроҳ гардидан ба сафи аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дастгир карда шуда, бо хатсайри Истанбул – Душанбе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
ЧУноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷаи ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии иловагӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Кобилжан Уғли Хусанбой, соли таваллудаш 1994, миллаташ ӯзбек, зода ва сокини вилояти Ош, шаҳри Узген, кӯчаи Ором-7 буда, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаюров Ҳидоятулло Давлатович, соли таваллудаш 1989-ро ғайриқонунӣ истифода бурдааст. Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
СССР
Манбаъи мӯътамади СССР дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт,ки Шехмуродов-иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Шаҳритусро имрӯз, 23 майи соли 2017 баъд аз анҷоми маҷлиси ҳукумати ноҳия дар назди бинои ҳукумат боздошт карданд. Чаноби Шехмуродов мехост дар назди бинои хукумат аз як сокини ноҳия 20 000 сомонӣ пора гирад. Махз ҳангоми пора гирифтан, номбурда аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон дастгир шуд...
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон
Аз имрӯз сар карда рақами ягонаи хадамоти наҷотдиҳӣ, ки дар худ хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, милитсия, ёрии таъҷилӣ, ҳолатҳои фавқуллодаро дар бар мегирад, аз «111» ба «112» иваз карда шуд.
Бино ба иттиллои коршиносон, рақами қаблӣ хеле осон буда аз он кӯдакон низ истифода мебурданд ва аксаран вақт бо суолҳои бемаврид вақти наҷотдиҳандагонро мегирифтанд. Рақами «112», ки айни замон лоиҳавӣ аст, метавонад дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ пурра ба фаъолият оғоз намояд.
СССР
Шахсони номаълум 1 бону-корманди Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлобро дар назди манзили истиқоматиаш лату кӯб кардаанд. Дар ин бора ягон мақомоти қудратӣ маълумот додан намехоҳанд. Аммо муайян он аст, ки Майрам Шарифзода-лейтенанти калони Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб аз шоми 16-ум то ба зӯҳри рӯзи 17-уми май дар беморхонаи ёрии таъҷилии ш.Кӯлоб бистарӣ гашта буд. Ба гуфтаи ҳамин бону, шоми 16 май, тахмин соатҳои 20, ӯ аз хона ба хотири гузаронидани маблағ ба телефони мобилиаш берун гаштааст. Дар подъезди хонааш ногаҳон нафари номаълуме аз қафо бо 1 даст даҳонашро дошта, аз мӯи сараш сахт кашида, ба девор ҷафсаш кардааст. Ҳамчунин лагаде ба рони по ва чанд мушти дигар ба шикамаш низ задааст. «Нохост даҳонам кушода шуду оча гуфта, дод задам. Ҳамин лаҳза модарам садо дод. Он нафар «гурехтем!» гуфта, ба берун давид ва ман дидам, ки дар беруни дар боз 1 нафари дигаре ҳам буд».
Дар ШКД ва РКД дар бораи ин қазияи рухдода ягон масъуле хабар додан намехоҳад. Дар прокуратура гуфтанд, ки сабаби ҳамла болои як бонуи милиса ҳанӯз рӯшан нест ва дар ин самт санҷиш рафта истодааст. Аммо вазъи саломатии бону хуб аст ва бо хоҳиши модараш ҳамин рӯз ӯро аз беморхона ҷавоб хоҳанд дод. Воқеан ҳам, кормандони шуъба ва ҳам Раёсати корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб бо сабабҳои номаълум дар мавриди ҳар гуна ҷиноятҳои рухдода барои ВАО иттилоъ додан намехоҳанд. Ҳамин бемасъулиятии сардорони мақомот аст, ки дар пайи ҳар ҳодисаи ба амаломада усулан интернет ва дигар воситаҳои электронӣ аз рӯи овозаҳо хабарҳои росту дурӯғ нашр мекунанд. Ба ин монанд, дар шаҳр овоза аст, ки қазияи ин бону-лейтенанти калони милиса бо ҳолати ҳамагӣ 4 рӯз пеш рухдодаи корманди КДАМ Муҳиддин Юноев бастагӣ дорад. Тибқи ҳамин овозаҳо, корманди ярадоршудаи КДАМ бо ин бону шиносоии наздик доштаанд. Ёдовар мешавем, ки шаби 13 май Юноевро дар торикии шаб шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор дода, ба баданаш 24 зарби корд зада буданд. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ин афсар рӯ ба беҳбудист ва интизор меравад, ки ин амали ноҷавонмардона ошкор ва ҷинояткорон боздошт мегарданд.
Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар