ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 31 2019

   

Дар натиҷаи баргузории амалиёти «Нелегал-Тобистон-2019» муайян карда шуд, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 96 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 119 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош ва бақайдгирӣ содир шуда, нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

   Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар баргузории амалиёт дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо 3196 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 724 корхонаву ташкилотҳое, ки дар онҳо 3491 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 125 иншооти сохтмонӣ, 65 корхонаи истеҳсолӣ, 326 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида баромада шуданд. Зимни баргузории амалиёт риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи ҶТ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. 

 

 

 

Панҷшанбе, Июл 25 2019

  

   Дар давоми 6 моҳи соли 2019 аз тарафи мақомот 226 ҷинояти хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти экстремистидошта ошкор ва ба ҳисоб гирифта, 1 амали террористӣ содир ва 2 сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст. 97 нафар аъзоёни ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир карда шуда, бо доир кардани чорабиниҳои оперативию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиётҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шудаанд.

   Чӣ тавре, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 549 ҷиноят аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии он 83,5 фоизро ташкил намуд. Аз ин ҳисоб 6 ҳазору 205 ё ин ки 67 фоизи ҷиноятҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, фоизи кушодашавӣ 94,6 фоизро ташкил дод. Дар давраи сипаришуда 48 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-62, таҷовуз ба номус-20, роҳзанӣ-14, савдои одамон-10, ғоратгарӣ-74, авбошӣ-541, қаллобӣ-1890, гардиши ғайриқонунии силоҳ-19, ҷиноят бо истифодаи силоҳ-17, дуздӣ-2945, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор-302 ва дигар ҷиноятҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд.

   Дар натиҷаи чораандешӣ 19 далели ҷиноят мансуб ба ба қочоқи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ошкор карда шуда, 21 нафар гумонбарони ин ҷиноят дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

 

Чоршанбе, Июл 24 2019

   

   23.07.2019 дар толори маҷлисгоҳи ВКД ҶТ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар 6 моҳи соли 2019 бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони васеи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

    Бояд зикр кард, ки ин нишасти матбуотӣ тариқи селекторӣ (видеоӣ) баргузор шуда, Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт ва қисми минтақавии Кӯлоб бо толори асосии ВКД пайваст гардида, рӯзноманигорони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ тариқи видеоӣ саволҳои худро ба Раҳимзода Рамазон Ҳамро пешниҳод намуданд. 

   Чунин тарзи баргузории нишасти матбуотӣ бори нахуст сурат гирифта, аз лиҳози вақт ҳам рекордӣ буд-Раҳимзода Рамазон Ҳамро 2 соати расо ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб дод, ҳатто ба он саволҳое, ки ба ниҳоди зертобеи эшон дахл надошт, вазир саъй кард аз нуқтаи назари хеш посух бигӯяд. 

 

Сешанбе, Июл 23 2019

   Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ вобаста ба масъалаи тамдид намудани мӯҳлати иваз кардани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 гуфт, ки ин масъала дар ҳоли баррасӣ буда, дар сурати лозима ВКД омода аст бо чунин пешниҳод ба Ҳукумати кишвар муроҷиат намояд.

   - Ба хотири саривақт иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 мо реҷаи кори шӯъбаҳои шиносномадиҳиро тағийр дода, онро тамдид кардем, вале новобаста аз ин шумораи шаҳрвандоне, ки мехоҳанд шиносномаи худро иваз намоянд, хеле зиёд аст. Мо вазъиятро омӯхта истодаем ва масъалаи тамдиди мӯҳлати шиносномаивазкунӣ айни замон дар ҳоли баррасист, дар сурати лозима, мо бо чунин пешниҳод ба Ҳукумати ҶТ муроҷиат хоҳем кард, - таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.

 

Сешанбе, Июл 23 2019

   Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ ҷароҳат бардоштани 1 афсари вазорат-Абдурасул Шомирсаидзода, подполковники милиса ва сардори Маркази иттиллоотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғдро дар муноқишаи рӯзи 22.07.2019 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон-Ворух тасдиқ намуд.

   Бино ба иттиллои вазир, ин афсари милиса аз тири камон маҷрӯҳ шуда, айни замон дар беморхона қарор дорад ва вазъияташ мӯътадил ба ҳисоб меравад.

 

СССР

 

Ҷумъа, Июл 19 2019

   Абдулҳафиз Одиназода, сардори Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 3514 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 2634,05 гектар ошкор карда шуд. 

    Барои дар маҳал бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 3514 адад дастурҳо, 2941 адад протоколу қарорҳо ба тасвиб расида, дар давраи 6 моҳи соли ҷорӣ, 3 нафар кормандони ин ниҳод даст коррупсия задаанд,  1 нафари онҳо раиси кумитаи идораи замини н.Вахш аст. 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

саҳ 9 аз 83

Китобҳо

Flag Counter