ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Май 01 2020

   Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ изҳор намуданд, ки  50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 хоҳанд гузаронид. Ин тасмим имрӯз зимни ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ гирифта шудааст.

   Тавре маркази матбуоти ин вазорат хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсӣ баҳри иҷроиши ин вазифаҳо 1 қатор корҳоро роҳандозӣ намуда, қайд кардааст, ки бояд ба мардум фаҳмонд, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. 

   - Нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя намоянд,- таъкид доштааст вазири корҳои дохилии ҶТ.

 

Панҷшанбе, Апр 02 2020

 

    Зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи мамлакат машғул буд, муайян ва дастгир карда шуд. Аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб дар умум навъҳои гуногуни воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон-70 кг 283 гр дарёфту мусодира гардид. 

    Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, ҳамаи дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ шаҳрванд Қурбонов Муқим Шералиевич, соли таваллудаш 11 январи 1976, сокини ш.Норак, Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст, мебошад. Номбурда қаблан 2 маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия маҳбасӣ шудааст. Оиладор, соҳиби 3 зан ва 11 фарзанд мебошад.

   Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт номбурда ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ аз манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар ш.Норак 13 кг 542 гр. воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, 221 гр афюн ва таблеткаҳои психотропии навъи «МДМА-экстазӣ» дарёфту мусодира гардиданд.

   Мавриди зикр аст, ки хариду фурӯш ва ҳама гуна амалиёти доду гирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Муқим Қурбонов назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла «Ватс-Ап», «Имо», «Вайбер» бо дигар ҳаммаслаконаш додугирифти воситаҳои нашъадорро ба роҳ мондааст. Далелҳои шайъӣ аз ҷараёни доду гирифти воситаҳои нашъадор дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ, ки дар вақти пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ ба даст омаданд, исботи ин гуфтаҳоянд.

    Ҳаммаслак ё шогирдони Муқим Қурбонов воситаҳои нашъадорро ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ интиқол дода, дар махфигоҳ гузошта, расм ва схемаи макони гузоштаашонро тавассути интернет-моҳвора нусхабардорӣ намуда, ба роҳбари гурӯҳ Муқим Қурбонов мефиристодаанд. Баъдан Муқим Қурбонов схемаи мазкурро ба харидорони ин маводи заҳрогин ирсол менамудааст, ки дар навбати худ онҳо баъди дастрас намудани воситаҳои нашъадор маблағи онро тавассути низоми интиқоли пардохти электронии «Киви-кошелёк» ба суратҳисоби Муқим Қурбонов мегузарондаанд.

    Чунончӣ, дар асоси маводи тафтишотӣ тасдиқ гардид, ки ин гурӯҳ охирин маротиба 10 октябри соли 2019  55 кг. воситаи нашъадори сахттаъсири навъи героинро ба яке аз давлатҳои ИДМ интиқол дода, бо схемаи махсуси интернетӣ ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоби хориҷӣ фурӯхтаанд.

Айни замон нисбат ба ҳамаи 7 нафар дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТпарвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

 

Панҷшанбе, Март 19 2020

   Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ш.Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дастгир карда шуд. 

   Номбурда, санаи 17-уми марти соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, дар ҳудуди ш.Хуҷанд, бо собиқ ҳамсараш зани 34-сола ва писари ноболиғи 15-солааш, сокинони шаҳри мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҳамсар ва писари ноболиғашро бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Вектра», қасдан пахш намудааст. Дар натиҷа, ҳамсари собиқаш аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида, писари ноболиғаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

   Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Ҷумъа, Фев 21 2020

Ахиран дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои оперативию санҷишӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Душанбе сарчашма, яъне паҳнкунандаи чунин ашёҳо муайяну ошкор карда шуд. Аз ҷумла санаи 13.02.2020 зимни азназаргузаронии ҶДММ «Корвон плюс» воқеъ дар н.Фирдавсии пойтахт ошкор карда шуд, ки дар нуқтае фурӯши маводҳои таркибан силоҳмонанд ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ин фурушгоҳ ба соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович тааллуқ дорад.   

Тавре, ки Сироҷиддин Шукурӣ, яке аз масъулони маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе ба мухбири мо хабар дод, дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди предметҳои халландаю бурранда, дар маҷмуъ 1650 адад предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.  

Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9, қисми 1 сархати 3 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон силоҳои сарди зерин манъ мебошад. Маҳз ба ин хотир Суди н.Фирдавсӣ дар навбати худ санаи 19.02.2020 нисбати ҳуқуқвайронкунанда Чилаев Зафар Пираҳмадович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1276 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин намуд. Баъд аз қарори суд тамоми далелҳои шайъӣ, яъне 1650-адад силоҳҳои сарди гуногун бо роҳи шикастану гудохтан несту нобуд карда шуданд.

 

Сешанбе, Фев 18 2020

Сардори навтаъини раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал майор Навҷувонов Абдулло, ки баъди як суханрониаш номаш дар сархати расонаҳо қарор гирифт, барои ифтитоҳи бинои шуъбаи шиносномавию бақайдгирии ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент иштирок намуд.

Генерал Навҷувонов, зимни суханрониаш иброз дошт, ки мо кормандони милитсия бояд ба халқ шоиста ва босифату муомилаи нек хизмат расонем. 

Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент, гуфт: 

- Бинои мазкур бо дастгирии молии ҳукумати шаҳр аз тарафи ширкати сохтмонии ПМК-278 сохта шуд. 

Зикр гардид, ки бинои Хадамоти  шиносномавию бақайдгирии мазкур аз 4 ҳуҷраи корӣ, 2 толор, утоқи бойгонӣ иборат буда, бо маблағи қариб 294 000 сомонӣ бунёд шудааст.

Баъди бурридани лентаи рамзӣ, Абдулло Навҷувонов ва Ислом Зиёзода, аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, ба ҳайати шахсиӣ ва кормондони милитсия барору бурдбориҳо таманно намуданд.

 Хуршед Фозилов, Панҷакент

 

Ҷумъа, Фев 14 2020

Ба гуфтаи сардори Раёсати ВКД Суғд, Абдулло Навҷувонов  созмони ифротии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ “Бародарони мусалмон” дар вилояти Суғд ҳанӯз аз соли 1999 фаъолияти худро оғоз кардааст. Ин нуктаро ӯ зимни нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон таъкид намуд. Бино ба маълумотҳо аз аввали  соли 2020 бо гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин”,  ки фаъолияташ шурӯъ аз соли 2006 дар Тоҷикистон манъ шудааст, 113 нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шудаанд. Навҷувонов ҳарчанд дар бораи шумораи умумии боздоштшудагон аз Суғд бо ҷурми пайравӣ ба равияи “Бародарони мусулмон” бо далели “сирри тафтишот” буданаш дақиқан иттилоъ надод, вале ӯ гуфт, “Теъдодашон хеле зиёд аст!”.

  Қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дода буд, ки миёни боздоштшудагон аз Суғд 1 мансабдор, корманди дастгоҳи раиси шаҳри Исфара низ ҳаст. Ба иттилои мақомоти додситонӣ  дар ин авохир наздики 20 нафар омӯзгорони мактабҳои олии Тоҷикистон низ бо ин ҷурм боздошт шудаанд. 

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

 

 

саҳ 2 аз 83

Китобҳо

Flag Counter