Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш.Бохтар дар мағозаҳо, сартарошхонаҳо ва 2 бозори марказӣ рейди санитарӣ гузаронида, нисбати вайронкунандагони қоидаҳои санитарӣ ба 53 тан протоколҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 25.400 сомонӣ ҷарима таъйин ва ба буҷаи давлат ворид карда шуд. Бино бар ҷавобгӯ набудан ба қоидаи меъёр ва талаботҳои санитарӣ фаъолияти 34 нуқтаи иншоот муваққатан боздошта шуд. Инчунин маҳсулоти хӯроквории шубҳанок ва мӯҳлати истифодабариашон гузаштаро ба миқдори 721 кг\л ба маблағи 5635 сомонӣ дарёфт намуда, аз муомилот гирифта шуд. Аз тарафи озмоишгоҳҳои марказ 1445 адад намунаи таҳлилҳо барои муайян намудани кирмҳои меъдаю рӯда ва 2125 адад намунаи таҳлилҳо барои дарёфти барангезандаҳои чӯбчаи меъдаю рӯда гузаронида шудааст. Айни замон вазъи эпидемиологӣ дар шаҳр нисбати бемориҳои сироятӣ мӯътадил аст.
Баҳодур Уроқов СССР, шаҳри Бохтар
Рӯзи 8.04.2019, тахминан соатҳои 14 ба 15 дар мавзеи деҳаи Дошмандии ҷамоати деҳоти Сари Хосори н.Балҷувон ронандаи автомашинаи тамғаи «Урал-43202», Шарофиддини Шовалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкур, ҳангоми ҳаракат бо таллу теппаҳое, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз деҳаи Сари Мазор ба самти ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар деҳаи Дошмандӣ, ҳангоми баромадан ба баландии теппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафо ҳаракат намуда, воситаи нақлиётро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофирони дар бордони автомашина буда, Саъдиев Зариф, соли таваллудаш 1950, Ҳафизов Эмомалӣ, соли таваллудаш 1958, Воҳидова Шаъмигул, соли таваллудаш 1956, сокинони деҳаи Шаҳидон, Неъматов Мирзохон, соли таваллудаш 1952, Назаров Муродалӣ, соли таваллудаш 1952, сокинони деҳаи Зоғон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Баъдан Муҳаббатов Солеҳ, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Шипдара дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаҳрвандони дигари дар бордони автомашина буда, Саидов Исуф, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Шаҳидон, Сайрамбии Шариф, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Ибодати Абдураҳмон, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Моҷак, ноболиғ Оишамои Ҷумахон, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Носиров Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Шаҳидон, Маҳмадиев Марзон, соли таваллудаш1956, сокини деҳаи Шаҳидон, Саидова Сабоҳат, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Шипдара ва Давлатзода Ҷурахон, соли таваллудаш 1954, сокини ш.Леваканд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар натиҷаи борони зиёд сел омада, сабабгори қатъи қувваи барқ, харобу вайрон шудани роҳу заминҳои кишт, симчӯбҳо ва дарахтон гардидааст. Хушбахтона, хисороти ҷонӣ дар пай нест ва зарари расонидашуда аз ин офати табиӣ санҷида ва ҳисоб карда шуда истодааст.
Бино ба иттилои аз МИҲД н.Мастчоҳ расида, айни замон раиси ноҳияи мазкур Ғайрат Азиззода бо масъулини сохторҳои марбута дар маҳалҳои селзада ва манотиқи осебпазир қарор дорад.
- Барои пешгирии сел ва рафъи оқибатҳои он раиси ноҳия Ситоди фаврӣ доир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доди истодааст, - мегӯяд хабарнигори рӯзномаи «Нигоҳи халқ»-и н.Мастчоҳ Муродуллоҳ Почозода, ки дар яке аз манотиқи селфаро-Ҷамоати шаҳраки Суғдиён қарор дорад.
Тибқи иттилло вазъи обанбори «Суғдиён» ором аст, аммо абрҳои сиёҳ то ҳанӯз осмони ноҳияро тарк накардаанд.
Акс аз саҳифаи Фейсбукии Муродуллоҳ Почозода
Қаблан сокинони ш.Бохтари вилояти Хатлон аз тамбашави (пробка)-и мошинҳо шикоят карда мегуфтанд, ки дар атрофи 2 бозори бузурги шаҳр (пробка)-ҳо ба назар мерасид ва барои гузаштани роҳ вақти зиёд мегузашт. Дар рӯзҳои ид бошад аҳвол бадтар мешуд!!! Дар ин шабу рӯз бо дастури бевоситаи раиси шаҳр дар атрофи 2 бозор умуман мошинҳо дида намешавад. Кормандони БДА-и шаҳри Бохтар айни замон шабонарӯз талош доранд, ки атрофи 2 бозори шаҳр поку тамиз бошад. Махсус 2 нафар корманди БДА-Ҷасур Азимов ва Аҳлиддин Салимов вазифаашонро дар ин самт сидқан иҷро карда истодаанд. Аҳсан ба шумо!!!
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Ғоибзода Сафаргул-сокини деҳаи «Колхози Ленинград»-и н.Вахш ва муваққатан истиқоматкунандаи н.Синои 1-и ш.Душанбе дар сӯҳбат бо СССР шикоят кард, ки «аввалҳои моҳи марти соли равон, ман аз н.Вахш ба самти ш.Душанбе равон будам. Дар роҳ бо духтараке бо ном Эшпулатова Ҳамида шинос шудам. Ӯ аз ваъзи бади зиндагияш изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки ба ш.Душанбе корҷӯӣ меравад. Аз нақли ӯ озурда шуда, хостам кӯмакаш кунам. Ҳамидаро ба хонаи худам бурда ҷо кардам. 7-8 рӯз дар хонаам зист ва дар 1 корхона ба ҳайси пешхизмат ба кор мондам. 24.03.2019, соатҳои 14:00 аз хонаи ман 40.000 сомонӣ ва 200 доллари ИМАро дуздидида гурехтааст. Инак, то ҳол ӯро меҷӯем, лек намедонам ба куҷо рафтааст».
Ҳамсӯҳбати ман аз тамоми хонандагони СССР хоҳиш мекунад, ки барои пайдо кардани ӯ кӯмак намоянд. Телефон барои тамос: 917 81 39 89
Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони н.Вахш бо гумони куштор дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 24.03.2019, тахминан соати 12:30-дақиқа, бо ҳамсари 23-солааш ҷангу ҷанҷол ва баъдан лату кӯб карда, бо чойники (термоси) 2 литра, 2 маротиба ба сараш мезанад. Баъдан, номбурда ҳамсарашро бо рӯймоли дар сараш буда буғӣ карда, бо корд 3-маротиба ба қисмати тарафи чашми рост ва 1-маротиба ба қисмати тарафи миёнаш зада ба ҳалокат мерасонад.
Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, сипас номбурда, бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят дар дохили ҳуҷраи хонаи истиқоматиашон чоҳ канда, ҷасади ҳамсарашро дар он ҷо мегуронад. Ҳангоми гузаронидани ташхис маълум гардид, ки зани ҷабрдида дар батнаш тифли тахминан 3-4 моҳа доштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар