ХАБАРИ ДОҒ

Овоза аст, ки таркишгарони Қӯрғонтеппа падару писаранд?!

  • Душанбе, Апр 17 2017

Тавре маълум, рӯзи 12.03.2017 дар назди Литсейи тамоюли технологии ш.Қурғонтеппа ба номи Н.Назримадов, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ-126 посбони ҳамон литсей худро тарконид.

Пас аз гузашти чанд ҳафта, мақомот гуфт, Ҳасанбойи 67-сола, посбони литсей мазкур на худро таркондааст, на суиқасд ба ҷони худ доштааст. Ин ҳодиса аввал дар миёни бисёриҳо ангезаи худтаркониро боло карда буд, чун ин мард дар бағал-зери ҷома 1 шишаи арақ доштааст ва ин лаҳза дар камераҳои назоратӣ низ зоҳир шудааст. Ӯ мехост, ки ба ҷои кораш-ҳуҷраи махсуси литсей равад, вале дар сари роҳ маводи таркандаро мебинад ва мехоҳад, онро кушода бубинад, ки дохилаш чист. Ва маҳз ҳини кушодани пакет таркиш ба амал омадааст.
Дар ҳамин ҳол, 1 манбаъи муътамад ба СССР ин ҳодисаро шарҳ дода гуфт, ки омилони ин ҳодиса падару писар, аз деҳаи Зарбдори ш.Қурғонтеппа будаанд. Манбаъ аз ин писар Шарифҷони Зокир ном мебарад, ки тибқи асноди расмияш 21 сол дошта, падараш Зокир Файзиев буда, чанд рӯзест дар боздошт қарор дорад. Тибқи ривояти манбаъ, аз хонаводаи падару писар дастикам 7 дастгоҳи таркандаи дигар мусодира шудааст. Вале сокинони деҳаи Зарбдор аз сӯҳбат бо баҳонаи ноогоҳӣ аз қазия худдорӣ мекунанд. Тибқи иттилоъи ба дасти мо расида, ҷавони 21-сола 1 муддат дар мактаби миёнаи №15-и ш.Қӯрғонтеппа таҳсил намуда, 1 муддати дигар дар яке аз макотиби миёнаи ш.Душанбе низ хондааст.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter