ХАБАРИ ДОҒ

Ҳикматулло чаро «Мустафои ДИИШ» шуд?

  • Панҷшанбе, Май 25 2017

Холиқов Ҳикматулло бо гурӯҳи экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» шиносоӣ пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ карда, хилофи ғайриқонунӣ будани иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки хилофи қонун асту ҷиноят эътироф шудааст, дидаю дониста мақсади ба давлати Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст.
А.Сафозода-судяи суди вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР афзуд, ки Холиқов (с.тав.1989), сокини деҳаи «Ҷонназартеппа»-и ҷамоати деҳоти Н.Хусрави н.Қубодиён, муҷаррад аст. Баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши бародараш Ҳадятулло ба Федератсияи Русия, шаҳри Қазони Тотористон рафта, ба сохтмонӣ машғул будааст. Дар ин муддат ӯ бо мақсади шиносоӣ аз пайравони «ДИИШ» аз тамошои наворҳои ҷонибдорони «Давлати исломии Ироқу Шом» дар сомонаи иҷтимоиии «Одноклассники», Ватсап бо номи мустаори «Мустафо» пайваст шуда, ҷиҳод намуданро дар ҳудуди кишвари Сурия бар зидди Ҳукумати қонунии арабии Сурия ташвиқ ва тарғиб мекардааст.

«Муҷоҳид»-и ношуд...
Ҳикматулло ҳамроҳи Умар ном шахс бо мақсади иштирок намудан дар воҳиди мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлати Сурия дар сафи ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» чиптаи ҳавопаймои хатсайри Москва-Истанбулро харидорӣ намуда, ба Туркия сафар намудааст. Санаи 18.11.2016 Ҳикматулло кӯшиши аз ҳудуди ҷумҳурии Туркия ба ҷумҳурии арабии Сурия сафар карданро кардааст, аммо дар шаҳри Килиси Туркия аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар боздошт шуда, ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Додгоҳи вилояти Хатлон нисбати Холиқов бо моддаҳои 32, қисми 3-401 прим 1, Кодекси ҷиноятии ҶТ 12 солу 6 моҳ аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин таъин намуд.

406 хатлонӣ дар ҷанги Сурия
Тибқи маълумоти омори мақомоти қудратии вилояти Хатлон то ба имрӯз 406 нафар - 298 нафар мард, 46 нафар зан, 62 нафар ноболиғ дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои Сурия ва Ироқ ҳастанд ва меҷанганд. Ҳамзамон то ба имрӯз нисбати 377 нафар аз шуъбаи тафтишоти КДАМ дар вилояти Хатлон 81 адад ва дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 298 адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 32, қисми 3 ва 401, яъне «ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» оғоз карда шудааст ва идома дорад. Аз н.Бохтар дар ДИИШ 92 нафар меҷанганд, аз инҳо 6 нафар зан ва 16 ноболиғ мебошанд, нисбати 78 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, аз ин миён 17 нафарашон дар задухӯрди мусаллаҳона дар Сурия ва Ироқ кушта шуда, 61 нафари онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter