ХАБАРИ ДОҒ

Муноқишаи Ворух: Чаро ҳамеша Тоҷикон гунаҳкоранд?

  • Панҷшанбе, Июн 21 2018

Аслан деҳаи Ворухи ш.Исфара чӣ бартарӣ ё камбудие дорад, ки дар он макон тез-тез муноқиша ва ҷанҷолҳо бо қирғизҳо сар зада меистанд? Мардуми деҳа аз дигарон чӣ фарқият доранд? Шояд ҳамагӣ ҷанговаранд? Чаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин муноқишаҳо нуқтаи ахиронро намегузорад, ки мардум ба ояндаи нек ба умед назар кунад ва осуда зиндагии худро пеш барад? Чаро мардуми минтақаи Чоркӯҳ нисбати миллати қирғиз бадбинанд ва хусумати зиёд доранд? Ба ин ва боз якчанд суолҳо ҷавоб мебояд ҷуст, ки вазъи ҳолро таҳлил карда хулоса бардошт.
Роҳи ягонаи деҳаро собиқ роҳбари вақти Ҳизбии ноҳия-С.Абдуллоев бо рафтори хунукназаронааш ба ҷамоати махсуси ҷудогона табдил надод ва ба ҳудуди Исфара деҳаи Оқсойро қабул накард. Қирғизҳои «бародар» фурсатро аз даст надода, зуд деҳаро ба ҳудуди худ мегузаронанд, чун дарвозаи обтақсимкунандаи канали Боткенту дарёи Исфара дар ин мавзеъ воқеъ буд, бе шубҳа аз манфиат холӣ набуд ва Ворух ба ин васила дар бунбасти қирғиз мемонад. Ҳол он, ки якчанд нигораҳои таърихӣ ва ҳаккокиҳои рӯи санг, ки ба тоҷикон тааллуқ доранд, собитгари он аст, ки инҳо ҳама ҳудуди Тоҷикистонанд! Доир ба он, ки тақсимоти ҳудудии Точикистон ва Қирғизистон (ё Ӯзбекистон) баъди суқути Иттиҳоди Шуравӣ чигуна сурат гирифта буд, ҳоҷат ба баён нест, зеро ҷониби Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои дохилӣ банд буду, ба ҷониби Қирғизистон фурсати хубе буд, барои васеъ кардани мулки худ аз ҳисоби Тоҷикистони бесоҳиби онвақта. Вагарна заминҳои корами Каримбоӣ ва Мирабдуллоҳ дар қарибии деҳаи Сур, Абдураҳмонӣ ва Саидӣ (Чоркӯҳ) ва чанде дигарон дар ҳудуди Қирғизистон намемонд! Новобаста аз ин гуфтаниҳо ҳама вақт ҷониби Қирғиз дар ҳама маврид (вохӯриҳо ва баромадҳо, ҳатто дар барномаҳои телевизионии сарвазирашон!) Тоҷиконро гунақкор мекунанд. Ҳама баҳсу мунозираҳое, ки ҳатто бо факту далелҳо пешниҳод карда мешаванд, асосан ба фоидаи қирғизҳо ҳаллу фасл мегардад. Бад-ин васила аксар роҳбарон (ба истиснои баъзеашон) ба мардуме, ки ҳазорҳо гектар заминҳои худро аз даст додаву худ ломакон гаштаанд, бо пешниҳоди чормағзи пуч муҳлати роҳбариашонро пушти сар мекунанду, бо Исфара хайрбод! Ё шояд бо ин роҳ мардумро муросо дода, гуфтаниянд, то бо бехонаҳое, ки хонаи тоҷикро маскан гирифта соҳибӣ мекунад, робитаи дӯстӣ барқарор кунанд? Ин ҳеҷ ба ақл намеғунҷад! Бояд иқрор шуд, ки то ҷанги соли 2011 қирғизҳо аз тарси худ ҷуръати дар назди марз буданро надоштанд, аммо имрӯз ба дараҷае сар бардоштаанд, ки ҳатто тоҷики дар ҳудуди Тоҷикистон бударо бо ҳар баҳона бо сангу кулӯх беибо ва рӯирост мезананд! Ин натиҷаи он аст, ки роҳбарони мо роҳи муросоро пеш гирифта, намегузоранд, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад! Агар аз тарафи қирғизе ягон гуноҳ, мисли занозанӣ, ё тирпаронӣ содир гардад, бо пеш овардани ҳуҷҷати «девонагӣ» ҷонашро ҳукумат харида мегирад, аммо Тоҷикон ҳамон лаҳза то ба суду прокуратура «доложить» карда, бе чуну чаро Тоҷики худро ба маҳкама мекашанд!
Дар ҳодисае, ки шаби 31 май ба 1 июни соли равон дар чорроҳаи байналмилалии пайвастшавии роҳи Исфара-Ворух бо роҳи Боткент-Оқсойи Қирғизистон сар зад, боз ҷониби қирғизҳо тоҷиконро гунаҳкор мекунанд, агарчи 100% айб аз ҷониби қирғиз сар задаву пеш аз Тоҷикони роҳгузар намоишкорона барои тарс додани мардуми роҳгузар бо сангу чубҳо ба ҳамла оғоз карда буданд, ки дар натиҷа 9 нафар Тоҷик бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар ин ҳол новобаста аз он, ки дарафтодагон бо чӣ ният ба мардуми беяроқ, ки дар байни онҳо занону кӯдакон ва мӯсафедон низ буданд, сангу калтак бардоштанд, вале пас аз 1 бонги махсус аз ҷониби Тоҷикон якчанд нафар боз бе ягон намуди яроқу аслиҳаи ҷангӣ расида омаданд. Аз дасти онҳо низ ягон кор намеомад, вале ба ҳар ҳол, мардонагӣ нишон дода, аз ҳамдеҳагони худ дифоъ карданд! Аҳсан!!! Дар ин ҷанҷол низ ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ буданд, ҳарчанд бо овардани факту рақамҳо нозирони минтақавӣ гунаҳкоронро ошкор карданд, лек боз қирғизҳо беҷазо монданд, гӯё фавқулодда ва ноогоҳона санг ба сару рӯи Тоҷикон зада бошанд!!! Ин ҷо Ҳукуматдоронро гунаҳкор карданӣ нестам, зеро корманди Ҳукумат муваззаф нест, ки дар чорроҳа истода, вазифаи марзбонро иҷро кунад, аммо сари ин масоил низ бояд андешид!

Ҳаким Исмоилзода,
адиб, ш.Исфара

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter