Чуноне ки ба мухбири СССР дар шаҳри Қӯрғонтеппа судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа Бахтиёр Искандаров хабар дод, Амиралӣ бо супориши «Эшон» роҳи нави рафтан ба Сурия – омӯхтанӣ шиноварӣ ва гузаштан аз дарёи Панҷро ба ёд гирифта ба Тоҷикистон бармегардад. Пас аз баргаштан ӯ фаъолияти имом-хатибии хешро давом дода ҳамзамон бо пайравӣ намудан ба равияи ғайриқонунии «Салафия» 3 нафари дигарро барои гузаштани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва пайвастан ба ДИИШ розӣ менамояд. Инҳо, Раҳмонов Хуршеди 35 сола, Наимов Абдулвосиби 23 сола ва Шарипов Нуруллои 37 сола-ро буда дар муддати кӯтоҳ ба доми фиреби Амиралӣ меафтанд. Ин нафарон тибқи маслиҳати пешакӣ дар дарёи Панҷ шиновариро такмил дода аз бозори «Султони Кабир»-и шаҳри Душанбе балони камеравӣ харидорӣ намуда барои гузаштан аз марз омода мешаванд.
Амиралӣ Муртазоев бо ҳаммаслаконаш тибқи моддаи 307 қисми 3 ,187 қисми 2 ва 401 прим 1 аз озодӣ ба мӯҳлати 17 сол, Раҳмонов Хуршед бо моддаи 307 прим 3 қисми 3,187 қисми 2 32 қисми 2 ва 401 прим 1 аз озодӣ ба мӯҳлати 16 сол, Наимов Абдулвосиб бо моддаи 307 прим 3 қисми 3,187 қисми 2 32 қисми 2 ва 401 прим 1 аз озодӣ ба мӯҳлати 16 сол ва нисбати Шарипов Нурулло бо моддаи 347 аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол таъин шуд..
Баҳодур Уроқов, СССР, Қӯрғонтеппа