ХАБАРИ ДОҒ

Пости доимӣ бояд чӣ гуна бошад?

  • Чоршанбе, Июн 26 2019

 Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР», Сайёфи Мизроб

Аз ҳамкориҳои судманд дар самти инъикос намудани фаъолияти БДА ВКД ҶТ изҳори сипос менамоем. Саволномаи шаҳрванд Фаридун Ализода бо номи «Нозири роҳ ҳаққи сур карданро дорад?» (СССР, 23.05.2019, №21)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба саволҳои пешниҳодгардида чунин посух медиҳем:

 

Саволи 1: Баъзан мешавад, ки корманди БДА-ро муҳлати давомнокии ҳуҷҷатҳояш (просроченный действующие срок удостоверение) гузаштагӣ. Бо ӯ чӣ бояд кард?

Ҷавоб: Корманди БДА зимни хизматбарӣ бояд бо худ шаҳодатномаи хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошад. Дар сурати гузаштани муҳлати эътиборнокии шаҳодатномаи хизматӣ ба корманд то бартараф намудани камбудии ҷойдошта барои ба хизмат баромадан иҷозат дода намешавад.

Саволи 2: Пости доимӣ, яъне «статсионарӣ» чӣ гуна бояд бошад? Дар баъзе кӯчаҳо «будка»-еро монда, пости доимӣ-статсионарӣ меноманд. Оё ин дуруст аст?

Ҷавоб: «Постгоҳи статсионарӣ» бинои хизматиест, ки бо техникаи хос муҷаҳҳаз буда, дар он бо сабаби зарурияти танзими ҳаракат дар роҳ, барои назорати бетанаффус аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таъмини ҳаракати бемамонияти автомобилҳои таъиноти махсус, хизмати хадамоти роҳбонӣ ташкил карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ тибқи нақшаҳои алоҳида постгоҳҳои муваққатӣ ташкил карда, дар онҳо хизматбарии шабонарӯзии якҷояи мақомотҳои таъмини амният, ба роҳ монда мешавад.

 

Ба радар бовар кунем?

Саволи 3: Радари нозир чӣ хел бояд исбот кунад, ки дар ҳақиқат нақлиёти ман бо суръати баланд омадан дорад? Дар ҳоле, ки радар рақами мошини маро нишон намедиҳад, вале нозир даъво мекунад, ки ин мошини туст!

Ҷавоб: Аз ҷониби кормандони БДА барои муайян кардани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт асбоби суръатсанҷе истифода бурда мешавад, ки танҳо вақт ва суръати ҳаракатро нишон дода метавонад. Айни ҳол асбоби суръатсанҷе, ки рақами қайди давлатии воситаҳои нақлиётро сабт менамояд, мавҷуд нестанд.

Саволи 4: Нозири роҳ (гаишник) чӣ қадар ҳуқуқ дорад, ки ронандаро манъ карда, вақташро гирад?

Ҷавоб: Баъд аз манъ кардани воситаи нақлиёт корманди БДА бояд зуд ба назди ронанда омада, саломи низомӣ дода, ба ӯ ному насаб, рутба, вазифаи худро муаррифӣ карда, сабаб ва мақсади манъ кардани воситаи нақлиётро баён намояд ва баъд аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ӯро ҷавоб диҳад.

 

Баҳс бо ГАИро сабт кардан мумкин?

Саволи 5: Нозири роҳ бояд форма, дар сар кулоҳ, болои қафаси сина «жетон», боз аз болои формааш «камзӯл»-и беостини зард дошта бошаду дар даст «жезл» (ишорачӯб). Рафту агар яке аз инҳоро нозир надошта бошад, ҳини манъ кардан ронанда метавонад аз ӯ дар ин бора пурсад?

Ҷавоб: Тибқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2017, №323 тасдиқ шудааст, ронанда ҳуқуқ дорад, аз шахсони барои санҷиши ҳуҷҷатҳои ронанда ҳуқуқдошта пешниҳод кардани шаҳодатномаи хизматӣ ва варақаи хатсайри патрулиро талаб намояд.

Саволи 6: Ҳодисаи байни ронандаю нозири роҳро ба навор гирифта, дар интернет (ютуб) партофтан мумкин аст? Мақсад ин аст, ки мардум бояд аз ҳаққу ҳуқуқи худ огоҳ бошанду омӯзанд ва кормандону ронандагон дидаву дониста ба хатоӣ роҳ надода, даст ба пора назананд.

Ҷавоб: Ҳодисаи байни ронандаю нозири роҳро шумо метавонед танҳо баъд аз гирифтан ва пешниҳод намудани иҷозати расмии ВКД ҶТ ба навор гиред. Барои омӯхтан бошад, шаҳрвандон метавонанд аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2017, №323 тасдиқ шудааст ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, истифода баранд.

 

Нозир ҳаққи сур кардан дорад?

Саволи 7: Нозири роҳ пушти дарахте бо мошини ғайридавлатӣ (шахсиаш, яъне на «патрульная машина»!) автомобилро манъ кунаду ронанда ба ишораи ӯ итоат накарда, бо суръати баланд гурезад, пас дар ин ҳолат нозир ҳақ дорад, ки аз пушти ӯ сур карда равад?

Ҷавоб: Корманди БДА ҷои хизматбариро бояд чунин интихоб намояд: Аз рӯи имконият ба қисми зиёди иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ намоён бошад ва барои сари вақт пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо имконият дошта бошад. Ҳамчунин, назорат аз болои ҳаракат дар роҳ бо истифодаи воситаҳои нақлиёт 3 навъ мешавад: ошкоро (муқаррарӣ), махфӣ ва омехта. Назорати ошкоро тавассути автомобил ва мототсиклҳое, ки ранги махсус, навиштаҷоти лозима ва аломатҳои фарқкунанда доранд, амалӣ карда мешавад. Назорати махфӣ бошад, тавассути автомобилҳои ранги муқаррарӣ дошта бе навиштаҷот ва аломатҳои фарқкунанда амалӣ карда мешавад. Дунболагирии ашхоси дар воситаҳои нақлиёт буда, ки ҷиноят содир намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд ва инчунин ронандагоне, ки бо ҳаракатҳои худ ҳаёти дигар иштирокчиёни ҳаракатро зери хатар мегузоранд ё талаботи кормандони милитсияро оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт иҷро намекунанд, имконпазир аст.

Саволи 8: Агар нозири роҳ ронандаро ба вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ исбот карда натавонад (яъне далел надорад!), пас ронанда метавонад аз додани ҳуҷҷатҳояш саркашӣ кунад?!

Ҷавоб: Тибқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда бояд бо талаби қонунии корманди БДА барои санҷиш ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод намояд. Дар сурати саркашӣ аз пешниҳод намудани ҳуҷҷат нисбати ронанда бо дастрасии қисми 1 моддаи 329 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад.

Насимзода А.Ғ.,

сардор генерал-майори милитсия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter