ХАБАРИ ДОҒ

Сӯхтори автобусҳо дар ККВД «Автобус -1»-и пойтахт

  • Сешанбе, Июн 14 2016

Шоми 13.06.2016, тақрибан соатҳои 19.40 дар ҳудуди Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», ки дар кӯчаи Спортивнаяи пойтахт, дар паҳлӯи меҳмонхонаи «Истиқлол» қарор дорад, сӯхтор ба амал омада 3 автобус оташ гирифтаанд.

 

Чуноне ки ба мухбири СССР директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ғаюрбек Искандаров иттиллоъ дод, сӯхтор ҳангоми буридани автобусҳои кӯҳнаи автобаза рух дода касе аз кормандони ККВД «Автобус-1» зарар надидааст. 

- Дар ҳудуди ин автобаза якчанд автобусҳои кӯҳна ва аз истифода берун карда шуда нигоҳ дошта мешуданд ва рӯзҳои охир ба хотири аз байн бурдани онҳо коргарони автобаза автобусҳоро бурида ба қисмҳо ҷудо намуда барои бурдан омода мекарданд. Шоми дирӯз низ ҳангоми буридани қисмҳои автобусҳо, ки дар ҷамъ холӣ буданд, ба қисмҳои резинии нақлиёт, аз ҷумла гармошкаҳо оташ расида сӯхтор ба амал меояд. Роҳбарияти тамоми сохторҳои нақлиётии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Низом Ҳакимов дишаб дар ин автобаза будем ва барои ислоҳи пайомадҳои сӯхтор ба маъмурияти ККВД «Автобус-1» дастурҳои мушаххас додем, - таъкид дошт зимни сӯҳбат Ғаюрбек Искандаров.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter