
Ман соҳиби 4 фарзандам. Моҳи январи с.2014 шавҳарам Шоимов Хуршед аз маҳаллаи «Ҳоҷӣ Шариф»-и ш.Қӯрғонтеппа аз Сӯҳроб Шарифов ном шаҳрванд ҳавлиеро дар $35.000 харид. Мо ба Сӯҳроб $25.000 додем ва чун ҳуҷҷатҳои хонаро соҳибаш дар бонк гузошта буд, қарор шуд, ки бақияи пул ($10.000)-ро шавҳарам ҳар моҳ месупорад. Чун моҳи аввал пулро супоридем, аён шуд, ҳуҷҷатҳои хона ба номи Салоҳиддин Сайфуллозода-хусурбаччаи Сӯҳроб будааст. Шавҳарам якуним сол пас қарзҳоро бо азоб пурра пардохт. Чун хост, ҳуҷҷатҳоро ба номаш гузаронад, аллакай хонаро Салоҳиддин пинҳонӣ аз язнааш-Сӯҳроб ба каси дигар-Баҳодир Нурматов фурӯхта буд. Шавҳарам онҳоро ба суд дод. Инак, 4 сол боз судбозӣ дорем. Суди якумро Абдураҳмон Ёқубзода дида баромад ва Сӯҳроб-соҳиби аслии хонаро 9 сол ҳабс кард. Шавҳарам бо даводави зиёд ҳалномаи судро бекор кард, чун аз ин кор ба мо фоидае набуд. Суди 2-юмро бошад Рустам Назарзода дида, Салоҳиддинро, ки ба Сӯҳроб $8000-ро баргардонд, озод кард. Суди 3-юмро Дурандеш Иброҳимов дида баромад ва ба мӯҳлати ҳабси Сӯҳроб 2 соли дигар зам намуд. Суди 4-ум, ки Сироҷ Саидализода-раиси суди ш.Қӯрғонтеппа пеш мебурд, чунин ҳалнома баровард: «Шумо бояд хонаро холӣ кунед!». Акнун мо на пулро гирифтем, на хонаро! Ҳоло, ки зимистон наздик аст, намедонем чӣ кор кунем. Ростӣ, аз судбозиҳо хаста шудем. Аз раиси Суди Олии ҶТ, мӯҳтарам Ш.Шоҳиён хоҳиш дорам, масъаларо шахсан дида барояд ва ҳақро ба ҳақдор расонад.
Раъно Қурбоналиева,
ш.Қӯрғонтеппа, 917 90 00 17, 917 47 27 07





