Фоҳишаҳои Тоҷик дар сатҳи боло!
Ҳар шом пас аз соати 8 кӯчаҳои серодами Дубай, хоса, Дейра-қисмати қадимии он ба бозори духтарони сабукпою танфурӯш табдил меёбад. Гурӯҳ-гурӯҳ духтарони сиёҳпӯсту зангӣ дар кунҷи биноҳову деворҳо истода, бо садои баланд «секси массаж» гуфта, худро ба мардон пешниҳод мекунанд. Мардони хоҳишманд метавонанд бо осонӣ духтар ё занеро интихоб ва бо ӯ нархунаво кунанд, агар лозим бошад даст ба пешу паси он духтар зада, танашро бубинанду сипас бо ӯ раванд. Ин кор хеле ҳам роҳат сурат гирифта, тааҷҷуб ё қаҳри роҳгузаронро намеорад: ин бизнес кайҳо барои кӯчаҳои Дубай маъмулӣ шудааст.
Тавре дӯсти эрониам Ризо гуфт, танфурӯшони кӯчагӣ, ки асосан африқоӣ, чинӣ, ҳинду ва гоҳ-гоҳе озариянд, сатҳи хеле пасти фоҳишаҳо буда, аз чунин тоифа танҳо мардони сатҳи миёнаи коргар истифода мебаранду халос. Ман шод шудам, ки дар кӯчаҳои Дейра духтарони сабукпои Тоҷикро надидам, зеро воқеан ҳам онҳоро дар чунин ҳолат дидан намехостам. Дӯстам таъкид дошт, ки духтарони Тоҷик назар ба хиёбониҳо пурарзиш буда, онҳо аз лиҳози сарулибос тозаву тамиз ва зебо ҳастанду танҳо пас аз соати 23-и шаб «ба кор» мебароянд.
Фоҳишаҳои ресторанӣ
Духтарони сабукпои Тоҷик ба кӯча не, ба тарабхонаҳо мераванд ва аз онҳо бештар мардони афғону эронӣ истифода мебаранд. Ҳамзабон будани духтарони Тоҷик барои онҳо хеле хуб буда, аз лиҳози амниятӣ низ роҳатанд, зеро духтарони Тоҷик дар сурати таҷовуз ва ё латукӯб ҳеҷ гоҳ ба сафорати Афғонистону Эрон ва пулиси Дубай шикоят нахоҳанд кард! Яке аз сабабҳои хомӯшии духтарони Тоҷик ҳамон ҳодисаи 3 сол пеш аст, ки чанд нафар ҷавонмардони Тоҷик ба хотири ору номус зани бухороиеро, ки духтарони Тоҷикро мефурӯхт, дошта сарашро кал карда буданд. Пас аз ин ҳодиса духтарони Тоҷик худро аз ҳамшаҳриён дур мегиранд!
«Сити Кинг»-маркази «мама Роза»-ҳои Тоҷик
Аз Ризо пурсидам, ки чӣ гуна метавонам духтарони Тоҷикро бинам? Ӯ бароям тарабхонаи меҳмонхонаи «Сити Кинг»-ро муаррифӣ кард. Гуфт, ки ин ҷо макони асосии ҷамъшавии занону духтарони фоҳишаи Тоҷик дар Дубай асту нафаре, ки нав меояд, ҳатман ба ин тарабхона меравад. Бо ҳам маслиҳат кардем, ки шоми дигар ҳатман ба «Сити Кинг» биёем, зеро тақдири норӯшани 2 духтари ҳамсафарам дар ҳавопаймо, ки ба хонанда ваъдаи дидор бо онҳоро карда будам, чанд рӯз паси ҳам маро нигарон мекард.
29.10.2016. Соат бо вақти Дубай 21:15 дақиқа. Ману Ризо ба тарабхонаи меҳмонхонаи «Сити Кинг» медароем. Дар толори нимторику нимравшани тарабхона одам зиёд ва мизоҷон-зану мард, паси мизҳо нишастаанд, сароянда-зани эроние аз сурудҳои Гугушу Ҳангома мехонд. Дуди сигору калян фазоро печидааст. Мо сари мизе нишаста, қаҳва фармудем ва то овардани он ба ҳар сӯ менигаристам. Духтарони хушсурату хушлибос, хоса нимурён байни мардҳо мерақсиданду механдиданд. Ризо онҳоро дида гуфт, ки «Ана, ҳамшаҳриҳоят!». Гуфтам, ки аз куҷо шинохтӣ, ҷавоб дод, ки «аз лаҳҷаи сӯҳбаташон, ки мехоҳанд худро афғон ё эронӣ нишон диҳанд, вале наметавонанд»…
Дар мизи кунҷи толор зани миёнсоле нишастааст. Аз рӯи рӯймолбандӣ, куртаи штапел ва ороишаш фаҳмидам, ки Тоҷик ва аз ин ҳам батар «Мама Роза» асту духтаронро ин ҷо оварда, ба мардҳои афғону эрониву араб пешниҳод мекунад ва аз савдои ҳар 1 нафар фоизи хешро ба даст меорад! Ӯ ҳар замон аз ҷояш хеста, пеши ин ё он мард мерафту корти шиносоӣ тақсим мекард. Духтарон низ пайваста пеши ӯ рафта, чизе мегуфтанду бармегаштанд. Ризо афзуд, ки дар бораи нарх бо он зан машварат мекунанд…
Вау! Чеҳраи шинос!!!
Дар назди дӯстам барои ин кори ҳамшаҳриёнам шарм доштам ва ба Ризо пешниҳод кардам, ки бароему равем. Ҳини баромадан аз дари тарабхона яке аз ҳамон духтаронеро, ки бо мо дар ҳавопаймо ҳамсафар буданд, дидам. Он духтар бо 1 зани калонсоли дигаре даст ба даст вориди тарабхона мешуд. Лаҳзае ба рӯи он духтар нигаристам-бари гӯшаш аллакай кабуд шуда. Он духтар бо тасмими зан назди мизе нишасту аз сумкааш 1 баста баровард, ки он корти шиносоӣ будааст. Зани калонсол, ки ӯ ҳам маълум буд Тоҷик аст, корти шиносоиро ба мардони толор тақсим карду баъдан духтарро назди мизи 2 марди араб бурда шинонд…
Дар бораи фаҳшу танфурӯшии духтарони Тоҷик дар хориҷ, хоса, Аморати Араб мо борҳо навиштаем, масъулини мақомоти қудратӣ низ пайваста таъкид мекунанд, ки дар мубориза зидди ин гуна афрод ҳастанд, вале чаро то ҳол касе аз мақомот рафтуомади духтарони Тоҷикро ба Аморот, хоса Дубай, зери назорат намегирад!? Онҳоро пайдо кардану дидан мушкил нест ва шояд худи мақомот намехоҳад «пайдояшон» кунад!?
Лже-Шабнам дар тарабхонаҳои Дубай
Дӯсти дигари эрониам Ваҷиҳа, худ журналист асту дар радиои форсии «Шумо-и Аморат кор мекунад, 1 қиссаи аҷиберо бароям нақл кард. 2 сол пеш дар байни ҳунармандон ва сарояндагони эрониву афғони муқими Дубай овоза паҳн шуд, ки ба Дубай Шабнами Сурайё-сарояндаи шинохта ва маҳбуби Тоҷик омада дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр ҳар шаб барномаи консертӣ дорад. Шабнами Сурайё дар Аморат низ мухлисони зиёд дорад ва ҳаводоронаш ба хотири дидану шунидани ӯ ба ивази 100 долари амрикоӣ чипта харида, тарабхонаи «Тапиш»ба консерташ мераванд. Воқеан, дар тарабхонаи «Тапиш» сарояндаи тоҷике бо номи Шабнам ҳунарнамоӣ мекард, лек ӯ Шабнами Сурайё набуд! Ин Лжешабнам зуд-зуд тарабхонаҳоро иваз мекард. То он вақте мухлисон фаҳмиданд, ки ин лже-Шабнам асту Шабнами Сурайё нест, 3 моҳ гузашту Шабнами қалбакӣ, ки фамилияашро аз рӯи этика намеорем (ӯ ҳам ба масале «ситора» аст!) бо гонорари калон ба Душанбе баргашт. Ана, ҳамин хел корҳо мекунанд сарояндагони мо!
Сафорати «хоб»-и ба кори худ ҳушёр!
Тоҷикон дар Дубай аслан миёнаравӣ, шубафурӯшӣ, якдигарфиребӣ ва танфурӯшӣ мекунанд. Тарабхонаҳои Дубай пур аз духтарони фоҳишаи Тоҷик ва «мама Роза»-ҳо шудаву лже-сарояндаҳо меоянду бо фиреб пул кор карда мераванд ва касеро аз дипломатҳои Тоҷик дар Аморат парво нест! Пеш аз сафар тавассути почтаи электронӣ ба Шарифӣ Баҳодур Маҳмудзода-сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА ва консули Тоҷик дар Дубай-Сафарзода Баҳодур Давлат барои қабул ва мусоҳиба муроҷиат кардам. Бароям аз сафорати Тоҷикистон дар Аморат ҷавоб омад, ки эшон ҳатман маро пазируфта дар бораи фаолияти сафорат ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давлат сӯҳбат хоҳанд кард. Вале дар рӯзи 2-юм бароям тавассути почтаи электронӣ аз сафорат паём омад, ки барои мулоқот ва мусоҳиба бояд аз Вафо Назарзода-сардори Раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ иҷозат бигирам…яъне, ман мебоист дубора ба Душанбе баргашта, аз Вафо «добро» гирифта, боз ба Дубай бармегаштам! Аз баҳри чунин мулоқот баромадам, зеро он чизеро, ки дар майдони Ландмар Плаза ва тарабхонаи «Сити Кинг» дидам, бароям кофӣ буд. Чуноне ки аз сӯҳбат бо шаҳрвандони Тоҷики муқими Дубай маълум шуд, дар ин ҷо сафорат бо кори худ машғул асту ба мушкилоти шаҳрвандонаш коре надорад. Агар, Худоё накарда, коратон ба консулгарӣ афтад, хоса, барои ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, он гоҳ зарбаи сангинеро ба киссаатон ҳатман интизор шавед-мегуфтанд онҳо. Дар ин бора дар шумораи оянда бештар мегӯем. Мо метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душнабе-Дубай-Душанбе