ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: Чаро Шабнам кор наёфт?

  • Панҷшанбе, Фев 02 2017

Салом, СССР. Савоб чӣ бадӣ дорад, ки дасти 1 ятимро намегиранд? Шабнами ятимдухтар на падар дораду на ҷои зист. Омӯзишгоҳи тиббии ш.Қӯрғонтеппаро дар 4 сол бо касби «момодоя» хатм кард. Шабнам дар ин лаҳзаҳои ҳаёт бо нафақаи бобо ва бибӣ рӯз мегузаронд. Бобо ҳам аз ҳаёт гузашт. Ба ӯ зиндагӣ якбора мушкил шуд. Борҳо назди сардухтурон Назаров ва Мирсаидов барои ҷои кор муроҷиат кард, аммо бо ваъдаҳои хушку холии онҳо 6 моҳ боз сарсон аст. Шабнам ба Саъдулло Малазода-сардухтури Беморхонаи вилоятӣ (ҳоло муовини вазири тандурустӣ) 3 бор мактуб фиристод. Малазода ҳам то соли нави 2017 ваъда дод. Аммо ин ҳам нашуд! Хуллас, то имрӯз Шабнам бо дипломи Медколлеҷи Қӯрғонтеппа бекор аст. Магар дар 1 вилоят, 1 шаҳр ва 1 ноҳия бемористон кам аст, ки 1 ятимеро ба кор гиранд?! Чаро ҳамсабақони Шабнам дар беморхонаҳо бо кор таъминанду ӯ не? Акнун чиновникҳо аз Шабнам чӣ мехоҳанд? Сафедии даст? Шабнам бо дили шикаста 2 бор назди раиси ноҳия-Абдуламин Исмоилзода рафта, хоҳиши дарёфти кор кард. Раис бо меҳри падарона аризаашро бо ҷону дил қабул карда, ӯро ба назди сардухтури калон-Раҳмонқулов фиристод. Аммо сардухтур «ҷои кор нест» гуфт. 

Сурайёи Сайфиддин,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Шаҳритус, тел: 93 554 67 22

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter